Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат тасдиқ кард, ки омори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон афзудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба омори расмӣ, шумори гирифторони СОVID-19 дар Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир беш аз даҳ дарсад афзудааст. Агар дар миёнаҳои моҳи сентябр дар як рӯз бемории то 39 кас тасдиқ мешуд, ҳоло то 45 маврид расидааст.

Аз охири моҳи апрел то 25-уми сентябр дар Тоҷикистон коронавируси нав ба 9562 нафар сироят карда, боис ба марги 74 кас шудааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, беш аз 8300 нафар шифо ёфтанд. Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки омори гирифторони коронавирус “андак” боло рафтааст. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи вазорат, рӯзи 25-уми сентябр гуфт, “рақамҳо каме боло рафтанд. Агар пештар 32 ҳолат буд, ҳоло 42 маврид аст.”

Мутахассисон як сабаби афзоиши бемориро ба шурӯи таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, кӯдакону наврасон метавонанд, як манбаи “ноаёни” паҳнкунандаи вирус бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон охири моҳи апрели имсол мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф карда, хонандагону донишҷӯёнро ба таътили пеш аз муҳлат фиристоданд. Рӯзи 17-уми август дарс дар муассисаҳои таълимӣ дубора шуруъ шуд. Пешниҳодҳое ҳам буд, ки барои кам кардани хатари паҳншавии COVID-19 дарсҳо фосилавӣ ё онлайн баргузор шаванд, аммо суръати пасти Интернет ва дастрасӣ надоштани ҳамаи сокинон ба шабакаи ҷаҳонӣ монеае дар ин роҳ дониста шуд.

Як сокини шаҳри Душанбе бе зикри номаш гуфт, чанд рӯз пеш натиҷаи ташхиси писари 9-солааш аз COVID-19 мусбат баромадааст. Ӯ гуфт, ҳарчанд вазъи писараш хуб аст, имкони мубтало шудани шахсони осебпазир дар оила вуҷуд дорад. “Мо танҳо баъд аз ташхис фаҳмидем, ки ӯ коронавирус будааст, вале то ин замон бе ҳеч эҳтиёт бо ҳама наздик буд", -- афзуд ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон аз нашри иттилоъ дар бораи ҷинс ва синни беморон ё фавтидагон аз коронавирус, макон ва касбу кори онҳо худдорӣ мекунад. Аз ин рӯ, маълум нест, ки чанд нафари беморон наврасон ҳастанд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ, мегӯяд, “ҳодисаҳои гирифтор шудани кӯдакон ба ин беморӣ то ҳол расман сабт нашудааст”.

Вале Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони хусусии “Ибни Сино” дар Тоҷикистон мегӯяд, “кӯдакон хатари паҳншавии бемориро бештар мекунанд”.

Ӯ гуфт, мавридҳои гирифтор шудани кӯдакон ба коронавирус ҳанӯз моҳи май сабт шуда буд ва ҳоло ҳам дида мешавад: “Кӯдакон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, вале дар аксар маврид бе ҳеч аломат пушти сар мекунанд. Аз ин рӯ, хонаводаҳое, ки фарзандони мактабхон доранд, бояд эҳтиёт кунанд. Барои мисол, шахсони гирифтори фишорбаландӣ, қанд, дарди дилу раг осебпазир ҳастанд ва метавонанд аз кӯдаке, ки гирифтор шудаасту ҳеч нишонаашро надорад, сироят ёбанд. Барои эҳтиёт метавонанд аз кӯдакони мактабхон дар ҳуҷраи алоҳида зиндагӣ кунанд.”

Ҳафтае пеш Бахтигул Карриева, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди он ки то куҷо шурӯи таҳсил метавонад ба афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабаб шавад, гуфт: “Мактабҳо набояд мисли як макони ҷудогона, балки як бахши умумии ҷомеа баррасӣ шаванд ва барои ҳамин хатари сироят дар мактабҳоро бояд дар миқёси васеъ шарҳ дод”.

Тибқи омори расмӣ ҳоло дар кишвар ду миллион хонанда дар чаҳор ҳазор мактаб таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG