Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов ба мусобиқаҳои олимпии худ омодагӣ мебинад


Айни замон, тамошобинони рақобатҳои Расул Боқиев мутмаинанд, ки доварон нисбати дзюдочии тоҷик ноадолатӣ кардаанд.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 56 килограмм бидуни қувваозмоӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифта, рӯзи 1-уми август бо муштзани мексикоӣ Оскар Фирео Валдес рӯ ба рӯ мешавад.

Аммо мусобиқаи гуштигирони дзюдо дар вазни то 73 килограмм, ки рӯзи 30-юми июл баргузор ва бо мағлубияти Расул Боқиев анҷомид, дар миёни ҳаводоронаш, ки бозиро тамошо мекарданд, баҳси хеле зиёд эҷод кард. Дар даври ниҳоии рақобатҳо, Мансур Исоеви доғистонӣ аз Русия барандаи нишони тиллои мусобиқот гардид.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон умед доштанд, ки дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ҳадди ақалл мақоми сеюм ё дуюмро касб хоҳад кард. Дар бозиҳои олимпии Пекин Расул соҳиби медали биринҷӣ шуда буд. Воқеан, Русул дар ду даври аввал варзишгари мизбони майдон аз Бритониёро шикаст дод. Сипас ӯ бо гӯштигири шинохтаи узбак Наврӯз Ҷӯрақобиловро ноком кард. вале дар ду қувваозмоии баъдӣ Боқиев мағлуб шуд ва ҳар ду дафъа ҳам, ба назари бисёр тарафдоронаш, дар нокомии ӯ аслан доварон нақш доштанд.

Онҳое, ки бозиро диданд, мегӯянд, ки довар “ҳаққи Расулро хӯрд”. Зеро Боқиевро кадом яке аз варзишгарон боре ҳам аз по наафтонд, вале пирӯзиро ибтидо ба барандаи медали нуқраи Лондон Рики Накая аз Япония ва сипас ба барандаи медали биринҷии бозиҳои Лондон Ҳуго Легранд доданд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Лондон аз Маҳмадшоҳ Абдуллоев, мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хостем, нахуст роҷеъ ба омодагиҳои варзишгарони дигари тоҷик ба рақобатҳои худ маълумот диҳанд.

Абдуллоев: "Имрӯз варзишгарони тоҷикистонӣ дар мусобиқаҳои олимпии шаҳри Лондон қувваозмоӣ надоранд. Аз рӯи вазн ва нақша Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева рӯзҳои баъдӣ қувваозмоӣ мекунанд. Фардо Парвиз Собиров дар
мусобиқаҳои дзюдо рақобат хоҳад кард."

Озодӣ: Оё ҳайати Тоҷикистон дар Лондон баромади варзишгарони тоҷикро то имрӯз чӣ гуна арзёбӣ мекунанд?

Абдуллоев: "Варзишгари мо Ҷаҳон Қурбонов, намедонам, аз чӣ бошад, ки омодагии хуб дошт, ҳунарнамоии хуб накард. Валекин Расулҷон Боқиев ҳунари воло, ҳунари зебо нишон дод, хеле қувваозмоии бузург кард. Аммо шахсан фикр мекунам, ки доварон ҳаққи ӯро хӯрдаанд. Мо дидем, ки дар қувваозмоӣ ҳақро ба ҷопонӣ доданд, ба Расул надоданд. Мо аз доварон каме нороҳат шудем."

Озодӣ: Дар ҳақиқат, дар масъалаи Расул суол зиёд аст. Ягон нафар дар ҳамин мусобиқа ӯро аз пой наафтонд. Тамоми муҷозоте, ки карданд, танҳо ҳушдор буд. Ҳам бо Рики Накая, ҳам бо Уго Легранд ӯ фақат аз ҷониби доварон муҷозот шуд ва ба ҳамин хотир ӯ аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуд. Ҳамингуна ноҳаққӣ дар финал ҳам шуд, вақте гӯштигири рус Исоев бо Накая баромаданд, доварон ноҳаққӣ карданд, вале мураббии гуштигири рус дахолат кард ва онҳоро маҷбур кард, ки қарори худро тағйир диҳанд. Дар ниҳоят, гуштигири рус ғолиби бозиҳои олимпӣ шуд. Оё мураббиҳои ҳайати Тоҷикистон ҳам наметавонистанд дар ҳамон ҷо дахолат кунанд, то ки ноҳаққӣ дар нисбати Расул нашавад?

Абдуллоев: "Ҳамроҳи Расул ин ҷо раиси федератсия иштирок дошт, муррабии худаш буд, сармураббӣ буд, коршиносони хуби Федератсияи дзюдо буданд. Ин ки ҳаққи ӯро хӯрданд, фикри онҳо аст, ман худам дзюдоро хуб намефаҳмам. Ман ҳам фикр мекунам, ки ин масъала бояд аз ҷониби онҳо пайгирӣ мешуд."
XS
SM
MD
LG