Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳамоно умедвор аст, ки дидори Обама - Путин доир хоҳад шуд


Обама ва Путин (Акс аз 17 июн)
Обама ва Путин (Акс аз 17 июн)

Русия лағви мулоқоти як ба яки раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҳадафи танқид қарор дод ва Кохи Сафед мегӯяд, бояд ду тараф ҳамкориҳои мумкинро идома диҳанд.

Дар ҳошияи мулоқоти сарони Ҷӣ-20 ё 20 кишвари саноатии ҷаҳон, дидори вазирони умури хориҷии ду кишвар низ баргузор нахоҳад шуд. Аммо қарор аст, рӯзи ҷумъаи 9-уми август вазири корҳои берунаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтои амрикоии ӯ Ҷон Керрӣ дар Вашингтон гуфтушунид кунанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷен Псакӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, мақомоти кишвараш ва Русия талош хоҳанд кард, роҳҳои таҳкими равобитро дар масъалаҳои барои ҳарду тараф ҳамсон ҷустуҷӯ кунанд. Аммо, афзуд ӯ, амрикоиҳо аз масъалаҳое, ки мавриди ихтилофанд, канораҷӯӣ нахоҳанд кард.

"Ба бовари мо, ду тараф ба хотири пешрафти ҷаҳон бояд ҳамкориро дар соҳаҳои мумкин идома диҳанд. Ва Эрону Кореяи Шимолӣ, албатта, намунаҳои хуби ин ҳамкориянд. Вале риштаҳое ҳаст, мисли дифои зиддимушакӣ, мудофиа, ҳуқуқи инсон, Эдвард Сноуден ҳатман ва ғайра, ки мояи ихтилофанд, низ бояд бахше аз баҳсҳо бошанд,” - гуфт сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико.


Эдвард Сноуден - дар меҳвари таниши нави Русияву Амрико
Эдвард Сноуден - дар меҳвари таниши нави Русияву Амрико
Масъалаи Эдвард Сноуден, ифшогари фирории барномаҳои назорати интернетии Амрико, ки Русия ба ӯ ҳафтаи гузашта паноҳгоҳи муваққатӣ дод, охирин қатрае буд, ки паймонаи Амрикоро пур кард ва сабаби лағви дидори як ба яки Обама бо Путин гашт. Интизор мерафт, ду раҳбар дар ҳошияи нишасти сарони Ҷӣ-20 рӯзҳои 5 ва 6 сентябр дар Санкт Петербург мулоқоти ҷудогона дошта бошанд.

Юрий Юшаков, мушовири равобити хориҷии Владимир Путин, рӯзи чаҳоршанбеи 7 август гуфт, қазияи Сноуденро Русия ба миён наовардааст ва тасмими Вашингтон иштибоҳ аст.

Лағви мулоқот аз забони ноиби мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, Бен Родс рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон эълон шуд. Вай гуфт, тасмими ҳафтаи гузаштаи Русия дар бораи додани паноҳгоҳи муваққатӣ ба Эдвард Сноуден, ифшогари фирории барномаҳои назорати интернетии Амрико сабаб шудааст, ки муносибатҳои бе ин ҳам гирифтаи Русия ва Амрико бадтар шавад. Родс афзуд, “ин тасмими муштараки президент ва гуруҳи амнияти миллии ӯ буд, ки дар чунин шароит мулоқот маъние нахоҳад дошт.”


Обама
Обама
Чанд соат пеш аз эълони лағви мулоқот Барак Обама дар намоиши телевизионии Ҷей Лено гуфт, тасмими Маскав дар мавриди Сноуден баёнгари вазъи феълии робитаҳои Амрико ва Русия аст: "Ман дилсард шудам, зеро ҳарчанд байни мо созишномаи истирдод вуҷуд надорад,таърихан мо дархости онҳоро дар бобати қонуншиканҳо ё гумонбарони қонуншиканӣ эҳтиром ва баррасӣ кардаем. Онҳо нахостанд айни чизро барои мо кунанд. Ва ба навъе ин бозтоби мушкилоти ниҳониест, ки ахиран мо бо Русия дорем.”

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида паймонкори пешини Оҷонси амнияти миллии Амрико, Эдвард Сноуденро ба ҷосусӣ ва ифшои асрори марбут ба барномаҳои назорати интернетию компютерӣ айбдор мекунанд ва мехоҳанд ӯро ба додгоҳ кашанд.

Бо вуҷуди лағви мулоқоти алоҳида бо Путин, ки як иқдоми сиёсӣ ба шумор меравад, Обама дар Санкт-Петербург дар ҳамоиши сарони Ҷӣ-20 ширкат хоҳад кард. Русия низ гуфтааст, даъватномаи ӯ барои боздид аз Маскав ҳамоно ба эътибори худ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG