Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина дар соли 2018 бо чеҳраи нав ба саҳна меояд. ВИДЕО


Нигина Амонқулова, овозхони тоҷик баъд аз чанд моҳи кампайдо ва дур будан аз саҳна, дар остонаи соли нави мелодӣ дубора аз пушти шишаҳои сиёҳи "Лексус"-аш берун омад. Аҷаб нест, ки ӯ ин тамғаи мошинро дӯст медорад, чун пештар аз ин ҳам "Лексус" дошт ва солҳост худаш онро меронад. Нигина акнун боз бо пероҳани зебо аз матоъҳои миллӣ меҳмони фахрӣ ва деринтизори ҷашну чорабиниҳост.

Аммо беиттилоӣ аз аҳволаш дар моҳҳои ахир ҳар овозаву гумонҳоро боис гардид ва ҳаводоронашро мушавваш мекард. Дар мулоқоти ахири мо бо ӯ мушаххас шуд, ки агар Нигина ташвише ҳам дошта, ташвиши хайре будааст. Маҳз дар ин сол масъулияти Нигина ҳамчун як зан боз ҳам бештар шуд. Ӯ акнун модари ду писар аст.

Нигина Амонқулова соли 1986 дар Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” матраҳ шуд. Аввалин таронае, ки Нигинаро машҳур кард, “Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова онро бозхонӣ кардааст.

“Шукрона имсол бори дигар модар шудам, соҳиби як писарчаи дустрӯяк. Номаш Довудҷон.” Нахустфарзанди Нигина Аъзамҷон ном дорад ва 6-сола аст. Соле пеш ин овозхон дар як мусоҳибаи худ гуфта буд, ин бор мехоҳад соҳиби як духтар шавад ва номе ҳам барои ӯ аллакай дар назар дошт. Мехост номашро Зарафшон монад.

Таваллуди фарзанди навбатӣ таккони дигаре барои часпу талоши ҳунарманд аст. Аз ин рӯ, пурэнерҷист ва мехоҳад як Нигинаи дигарро аз саҳна ҳаводоронаш бубинанд.“Нақшаҳо хеле зиёданд. Имсол мехостам бо як тарзу стили нав суруду видеоҳои навро ба роҳ монам.”

Дар бораи зиндагии шахсӣ, падари фарзандон Нигина ҳам, мисли аксар дигар санъаткорон зиёд сӯҳбат кардан намехоҳад. Ҳарчанд солҳои аввали вориди саҳнаи ҳунар шудан, барои бисёриҳо маълум буд, ки Нигина бо писари аммааш хонадор аст.

Вале ба назар мерасад, ки садоқат ва бовафоӣ аз хислатҳои дӯстдоштаи ин овозхон аст. Чун мегӯяд, аз омадани соли саг хеле хушҳол аст ва барои ин сол нақшаҳои зиёде дорад. “Тамоми мардуми Тоҷикистонро бо соли нави мелодии 2018, соли саг табрику таҳният мегӯям. Барояшон сиҳатӣ, бурдбориҳои нав ва тамоми хушҳои зиндагиро орзу мекунам. Дар соли саг ба ҳам бовафо бошанд ба ҳамдигар, содиқ бошанд.”

Нигина дар соли 2018 бо чеҳраи нав ба саҳна меояд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Ин овозхони 31-соларо ҳоло аксаран дар ҷашну ҷорабиниҳо продюссераш Беҳрӯз Зеваров ҳамроҳӣ мекунад, ҳар сӯҳбату қароре ҳам, ки Нигина бо хабарнигорон мекунад дар машварат бо Беҳрӯз сурат мегирад. Вале Зеваров, ки на танҳо аз кору асрори зиндагии Нигина, балки аз деги шоу-бизнеси тоҷик хуб огоҳ аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2017 барои овозхонон соли бобарору пурмаҳсул буд. “Соли 2017 барои овозхонони тоҷик хеле пурбарор буд. Бисёре аз овозхонҳо дар саҳнаҳои хориҷи кишвар баромад карданд. Ин як қадами хеле хуб аст.”

Беҳрӯз Зеваров.
Беҳрӯз Зеваров.

Агарчӣ телевизиони Тоҷикистонро дигар нимшӯхиву нимҷиддӣ “телевизиони Нигина” наменоманд ва таронаҳои ӯ дигар мисли солҳои пеш ба такрор тавассути ин шабакаҳо намоиш дода намешавад, аммо шӯҳраташ аз солҳои қаблӣ камтар нест.

Назарсанҷии ахири Маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало" маълум кард, ки имсол ҳам Нигина маъруфтарин овозхони кишвар буд. Дар як пурсиши ин марказ соли гузашта ҳам, аксарият Нигинаро маҳбубтарин овозхони сол хонда буданд. Таронаҳои орому оҳангҳои зебо ва садои дилнишини ин овозхон ба зуди ба дилҳо роҳ меёбад ва дар сархат ё “топ”-и дискфурӯшиҳо ва мобитонҳои ширкатҳои мобилӣ қарор мегиранд.

Нигина Амонқулова, соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” матраҳ шуд. Аввалин таронае, ки Нигинаро машҳур кард, таронаи маъруфи солҳои 60-ум бо номи “Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова бозхонӣ кардааст. Дар бораи хонаводааш ҳамин қадар маълум аст, ки падараш ронанда ва модараш аз рўи ихтисос муҳосиб аст.

Ин овозхони маъруфи тоҷик аз рӯй ихтисос ҳамшираи шафқат аст ва Омӯзишгоҳи тиббиро хатм кардааст, аммо меҳру муҳаббати зиёд ба суруду мусиқӣ ӯро рӯйи саҳна овард ва дар як муддати кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод.

Ӯ бештар дар жанри “ретро” суруд мехонад, вале дар солҳои охир аз ҷумла “Дар оғӯши ту мемирам”, “Сӯзиш”, “Мавригӣ”, ки ҳамроҳ бо Дамирбек Олимов иҷро кардааст, “Пурнурам”, “Оташе”, “Чархи фалак”, “Афсона” ва “Ёри мусофир” дар Тоҷикистон маъруфияти зиёд пайдо кард. Дар моҳи январи соли равон Нигина Амонқулова нахустин албоми расмии таронаҳояшро бо номи “Борон” вориди бозор кард.

XS
SM
MD
LG