Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷило 2014" ҷилои байналмилалӣ мехоҳад


Акс аз саҳифаи "Ҷило" дар Фейсбук гирифта шудааст.
Акс аз саҳифаи "Ҷило" дар Фейсбук гирифта шудааст.

Бо ворид кардани бахши «Оҳанги Шарқ» озмуни ҳунарии «Ҷило 2014» имсол мақоми байналмилалӣ мегирад. Дастандаркорони ин озмун, ки то ҳол танҳо бо Тоҷикистон маҳдуд мешуд, мегӯянд, акнун дар канори ҳунармандони тоҷик сарояндаҳои форсизабон низ дар ин маҳфил ширкат хоҳанд кард.

Ҳабиба Даминова, муаллифи лоиҳаи «Ҷило 2014» рӯзи 6-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз мақоми байналмилалӣ додан ба ин озмун густариши қаламрави он ва фаро гирифтани фарҳанги тамоми форсизабонони дунёст. Ба қавли хонум Даминова, дар «Ҷило 2014» сарояндаҳои маъруфи афғону эронӣ Фарҳоди Дарё, Амирҷон Сабурӣ, Мӯҳсин Ҷовошӣ ва Сиддиқ Шубоб низ ширкат хоҳанд кард.

Дар бораи шеваи ширкати онҳо хонум Даминова гуфт: «Дар ин ҷо ягон нафар аз ҳунармандон номи худро пешниҳод накардааст ва дар озмун ҳайати ҳакамон низ амал намекунад. Мо аз рӯи анкетаҳое, ки аз ҷониби мардум пур карда мешавад, иштирокчиёни озмунро муайян мекунем.»

Шабнам ва Фарзона
Шабнам ва Фарзона
Ин дар ҳолест, ки натиҷаҳои озмуни «Ҷило 2012» миёни мухлисон ва дар матбуоти даврӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Ҳатто иддае аз худи сарояндаҳо норозигии худро пинҳон накарданд. Яке аз мояҳои баҳс ин буд, ки чаро овозхонҳои маъруфу пурмухлисе мисли Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ ба ин озмун роҳ наёфтанд?

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик, ки озмуни аввалини «Ҷило»-ро дар соли 2012 пайгирӣ кардааст, мегӯяд, бо касби номи «озмуни байналмилалӣ» ҳам гумон надорад, ки шаффофияти озмуни «Ҷило 2014» бештар шавад, зеро қабл аз ҷамъбасти озмуни «Ҷило 2012» низ тахмин зада буд, ки киҳо соҳиби ҷоиза мешаванд ва 95 дарсади тахминҳояш дуруст баромад. Ин аст, ки имсол низ тахмин задан мумкин аст, ки алакай киҳо соҳиби ҷоиза мешаванд.

Гулафшон мисол меорад, ки якбора дар 4 бахш номбар шудани Нигина Амонқулова ҳатман ба маъноест, ки яке аз пирӯзҳо ӯст: «Ин аст, ки ҳар гуна ҷоизае, ки дар мо пешниҳод мешавад, умри хеле кӯтоҳ дорад. Вақте одамон мебинанд, ки дар озмунҳо воситабозӣ баръало мушоҳида мешавад, дигар таваҷҷуҳашон кам мешавад. Як бор ба кӯча баромада пурсед, ки соҳибони ҷоизаи «Ҷило 2012» киҳо буданд?, касе намедонад.»

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова
Аммо Нигина Амонқулова, сарояндаи тоҷик ва барандаи ҷоизаи «Ҷило 2012» дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз пешбарӣ шуданаш ба озмуни навбатии «Ҷило 2014» изҳори бехабарӣ кард. Вай афзуд, ҳарчанд ин гуна ҷашнвораҳо барои муаррифии сарояндаҳо ва дастовардҳои онҳо хубанд, шояд беҳтар мебуд, агар ҳунармандони навпо ва ниёзмманди муаррифӣ бештар пешниҳод шаванд: «Дар мавриди он, ки дар озмуни гузашта ба қавле «черезбозӣ» шуда бошад, чизе гуфта наметавонам. Зеро худи маро рӯзи ҷамъбасти озмун даъват карда буданд. Ман қариб маълумоте надоштам дар бораи «Ҷило 2012». Бинобар ин, он чи дар миёни онҳо мегузарад, худашон медонанд.»

Вале масъулони вазорати фарҳанг баргузории чунин озмунҳо ва он ҳам бо ҷалби шахсиятҳои фарҳангӣ аз кишварҳои ҳамзабонро коре муҳим дар амри тарғиби фарҳанг ва ҳунар меноманд. Манасим Мадиёров, сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт: «Кӣ аз ин гуна озмуну фестивалҳо ҷонибдорӣ намекунад? Мо низ зид нестем. Мо низ ҷонибдори онем, ки ҳамзабонҳои мо омада, бо санъати мо ошно шаванд ва баръакс.»

Тавре гуфта мешавад, озмуни «Ҷило 2014» имсол аз 12 бахш ё номинатсия ё иборат буда, то ҳоло номи 12 овозхон, 6 ҳунарманди театр, 3 ровии радио ва 3 ровии телевизион ва ҳамчунин чанд барномаи радиоӣ ва телевизионӣ барои дарёфти ҷоизаҳояш пешбарӣ шудаанд. Озмуни«Ҷило 2014» се сол пеш аз тарафи телевизиони давлатии «Сафина» барои кормандонаш таъсис ёфта, ҳоло аз тарафи ҳамин шабака ба он мақоми байналмилалӣ додаанд. «Ҷило 2014» ин дафъа рӯзи 4-уми апрел ҷамъбаст мешавад.
XS
SM
MD
LG