Пайвандҳои дастрасӣ

Дар масҷидҳои Суғд "Минбари халқ" ва "Садои мардум" мехонанд


Намозгузорон метавонанд дар гӯшаҳои махсуси масоҷиди Суғд дар канори маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” рӯзномаҳои давлатӣ, мисли “Садои мардум” ва “Ҷумҳурият”- ро мутолиа кунанд. Зеро соли ҷорӣ масҷидҳои вилояти Суғд ба маъракаи ҳарсолаи обуна дар кишвар ҳамроҳ ва ба нашрияҳои чопии зиёде обуна шуданд.

Мақомот аз ходимони дин дар вилояти Суғд дар соли гузашта хоста буданд, то бо истифода аз маблағҳои хайрияи намозгузорон ба нашрияҳои чопии кишвар обуна шаванд. Қаблан муассисаҳои динӣ умдатан маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, ягона нашрияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо роҳи обуна дастрас мекарданд.

Хусрав Ҳомидов, имом-хатиби масҷиди “Тақво” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, онҳо ба ҷуз маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” ба нашрияҳои “Сухани мардум”, “Тирози ҷаҳон”, “Минбари халқ”, дар маҷмӯъ ба 6 -7 нашрияи чопи Душанбе ва Хуҷанд обуна шудаанд: “Ба ин нашрияҳо 2 - 4 нусхагӣ аз пули хайрияи мардум обуна шудем ва нашрияҳоро ба масҷид, барои мутолиа дастрас мекунанд.”

Бино ба иттилои намояндагии “Почтаи Тоҷикистон” дар Хуҷанд, соли 2016 низ масҷидҳо ба нашрияҳои даврӣ обуна шуда буданд, вале барои соли 2017 нисбат ба соли гузашта бештар обуна шуданд. Вале аз ин ниҳод ва шӯъбаи дин теъдоди обунаи муассисаҳои диниро нагуфтанд.Дар вилояти Суғд беш аз 1 ҳазор масҷидҳои ҷомеаи марказӣ, марказӣ ва панҷвақта фаъоланд.

Дар масҷидҳои дигари Тоҷикистон ҳам обуна ба рӯзномаҳо ҳаст.
Дар масҷидҳои дигари Тоҷикистон ҳам обуна ба рӯзномаҳо ҳаст.

Масъулони масҷидҳо ба маъракаи обуна ба нашрияҳои даврии Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳ шуданд. Обуна ба тариқи ихтиёрӣ роҳандозӣ мешуд, аммо дар бархе аз масҷидҳо аз намозгузорон барои обуна пул ҷамъ меоварданд. Ин аст, ки аксари намозгузорон барои обуна чанд сомонии худро дареғ намедоштанд.

Ҳамин тавр, масҷидҳои ноҳияҳои вилояти Суғд ба чандин нашрияи даврӣобуна шудаанд. Масалан, масҷидҳои Исфара, ба ҷуз маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” ба нашрияи маҳаллии “Насими Исфара” як нусхаӣ обуна шудаанд.

Собирҷон Рустамов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоū ва робита бо ҷомеаи ҳукумати Исфара мегӯяд: “Дар масҷидҳо бастаи шумораҳои газетаро нигаҳ медоранд ва намозгузорон метавонанд мутолиа кунанд. Ин чиз барои онҳо зарур аст. Чунки дар ин нашрия тамоми хабарҳо ва қарору фармонҳои расмӣ, навгониҳои ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ чоп мешавад.”

Сар аз соли 2016 дар бархе масҷидҳои вилоят “Гӯшаҳои матбуоти даврӣ” пайдо шуда, рӯи онгазетаву маҷаллаҳо чида мешаванд. Намозгузорон ин корро табиӣ ва бидуни кадом вокунише қабул мекунанд. Дар ёду хотири бисёр калонсолон ин гуна гӯшаҳои матбуот дар чойхонаву хонаҳои фарҳанг ҳанӯз боқӣ мондааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки соли гузаштаи 2016 чандин имом – хатиби масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи вилояти Суғдро бо ҷурми фаъолият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" ба зиндон андохтанд. Ҳамчунин мақомоти баландпояи кишвар масҷидҳоро дар қатори муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ, дар паҳн кардани ғояҳои ифротгароӣ дар байни аҳолӣ, муқассир эълон карданд.

Абдусаид Амонзода, аз масъулони умури дин дар ҳукумати Суғд дар як сӯҳбати қаблиаш гуфт, ки обунаи масҷидҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳи ходимони масҷидҳову намозгузорони қаторӣ аз вазъи Тоҷикистон ва ҷаҳон ва огоҳии бештар пайдо кардан аз сиёсати давлат, сурат мегирад. Ба таъкиди ӯ, ин амр ихтиёрӣ ва бо ташаббуси худи масъулони масҷидҳо сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG