Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонги хатар аз ноамнии иттилоотӣ


Ҳукумати вилояти Хатлон дар робита ба фазои иттилоотии қаламрави ҷануби Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба моҳномаву гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои маҳаллӣ, на дар ҳама мавзеъи ҷануби кишвар қобили пахш будани мавҷҳои шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва вилоят, дастрасии саривақтӣ ва комил надоштани аҳолӣ ба манобеъи ахбор аз мушкилоте унвон мешаванд, ки боиси ташвиши ҳукуматдорони Хатлон гаштааст.

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, ба муовинон, маъмурияти ҳукумат ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур додааст, ки ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотии қаламрави вилоят таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Вай раҳбарони шаҳру навоҳии Хатлонро муваззаф кард, ки барои чопи ҳарҳафтаина ва босифати нашрияҳои маҳаллӣ мусоидат кунанд. Ғ. Авзалов ҳамчунин гуфтааст, дар солҳои ахир нашрияҳои ноҳиявӣ мунтазам ба табъ намерасанд, дар баъзе навоҳӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамагӣ се-чор маротиба дар як сол рӯйи чопро мебинанд, ки бисёр нороҳаткунанда аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин сифати чоп ва мӯҳтавои матолиби ин нашрияҳо низ беҳбуд мехоҳанд.

Нусратулло Абдуллоев, сардабири нашрияи маҳаллии ноҳияи Хуросон, низ мегӯяд, феълан нашрияҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди ниҳоят кам, ҳудудан аз 200 то 500 нусха ба чоп мерасанд, дар ҳоле ки дар қаламрави вилояти Хатлон болиғ аз дувуним миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегуяд, он ҳисоботе, ки медиҳанд, гӯё ба рӯзномаҳои ноҳиявӣ то 1000-1500 ҳазор нафар обуна шудаанд, нодуруст аст ва ҳамагӣ 200-300 нафарро бо душворӣ обуна мекунанд.

Ба моҳномаву гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои шаҳриву ноҳиявӣ дар Хатлон мушкили ягона нест. Дастрас набудани мавҷи шабакаҳои телевизиони давлатии Хатлон ва ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои дурдаст ва навоҳии наздимарзӣ низ, ба гуфтаи мақомот, амнияти иттилоотиро халалдор месозад.

Ҷамолиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили рӯзноманигорӣ, мегӯяд, дар чанд соли қабл ҳукуматдорон аз сӯҳбат дар мавзӯъи амнияти иттилоотӣ худдорӣ мекарданд, аммо феълан ин мушкил ба ҳадде доғ шудааст, ки тақрибан дар ҳар ҷаласаи ҳукумати Хатлон дар иртибот ба он баҳсу баррасӣ сурат мегирад.

Дар баробари ин ки нашрияҳои маҳаллӣ дар Хатлон моҳе як ё ҳадди аксар ду маротиб ва бо теъдоди ночиз чоп мешаванд, ҳоло барномаҳои телевизиони давлатии Хатлонро, ки дар ҷануби кишвар алтернатива надорад, танҳо дар қаламрави 14 ноҳия тамошо кардан мумкин аст.

Шералӣ Саидов, муовини раиси Кумитаи садо ва симои Хатлон, мегӯяд, пас аз тариқи шабакаи алоҳида ба эфир баромадани барномаҳои «ТВ Хатлон» минтақаи фарогирии мавҷҳои телевизион маҳдуд шуда, аҳолии 11 шаҳру ноҳияи вилоят, асосан навоҳии наздимарзии Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод аз тамошои барномаҳои телевизиони Хатлон маҳруманд.

Ба гуфтаи оқои Саидов, барои фарогирии бештари қаламрави вилоят фиристандаҳои қавӣ лозиманд, аммо, ба сабаби адами маблағи кофӣ харидории чунин фиристанда ва дастгоҳҳои иловагӣ ба он берун аз имкон мебошад. Барои харидорӣ ва насби чунин фанноварӣ сарфи беш аз ду миллион сомонӣ зарур будааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки феълан «ТВ Хатлон» барои истифода аз хидматрасонии ширкати «Телерадиоком» 240 ҳазор сомонӣ қарздор шуда, ахиран чанд рӯз аз эфир ҳам бозмонда буд.

Мақомоти Хатлон таъкид мекунанд, ки ба хотири таъмини амнияти иттилоотӣ барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон қабл аз ҳама дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистону Узбакистон бояд қобили пахш бошанд.
XS
SM
MD
LG