Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Русия гиребони муҳоҷиронро сар додааст


Худойбердӣ Нарзуллоев
Худойбердӣ Нарзуллоев

Танишҳои Русия бо Украинаву Туркия, амалиёт дар Сурия, буҳрон ва як даста мавзӯҳои дигар боис шудааст, ки расонаҳои Русия - чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ - гиребони муҳоҷирони кориро як муддат раҳо кунанд.

Худойбердӣ Нарзуллоев, як тоҷики кӯчарӯб дар Маскав, ки собиқаи 15-солаи муҳоҷириро дорад, мегӯяд, бори аввал аст, ки дар гуфтору рафтори мардуми маҳаллии Русия нисбати муҳоҷирон нармиш, ҳалимӣ ва меҳрубонии сартосариро эҳсос мекунад. Ба бовари Худойбердӣ, нигоҳи мусбат ва робитаи инсондӯстонаи русҳо баъди кам шудани гузоришҳои сиёҳкунандаи ТВ-ҳои он кишвар дар бораи муҳоҷирон, пайдо гардидааст.

“Тақрибан бо ҳамаи сокинони биноҳое, ки мо атрофашонро мерӯбем, ошно шудаем. Ҳамин нармӣ ва ҳалимии онҳо аз як ё якуним сол пеш шурӯъ шуд. Телевизионҳои инҳоро бисёр тамошо мекунем, бисёртар дар бораи Туркияву Украинаву Сурия барнома мекунанд. Ҳоло моро дигар камтар танқиду "бадном" месозанд,” - мегӯяд ин кӯчарӯби тоҷик.

Дар гузашта аз зикри кори хайри муҳоҷирини Осиёи Марказӣ расонаҳои Русия худдорӣ меварзиданд ва баракс, аз аъмоли бадашон ҳангома месохтанд. Вале акнун на инро мегӯянд ва на онро. Худойбердӣ мегӯяд, агар қазияи дар партовгоҳ партофтани навзоди тоҷик солҳои гузашта сурат мегирифт, ба қавле ТВ ва радиову нашрияҳои Русия "гӯши фалакро кар мекарданд". Аммо ҳодисаи ахире, ки рӯзи 7 феврал сурат гирифт ва бадбахтона як модари тоҷик тифли навзодашро ба партовгоҳ партофт, расонаҳо як бору ним бор зикр карданд ва бо ҳамин хомӯш шуданд.

Елена Упорова, рӯзноманигор ва таҳлилгари расонаҳои Русия, ки дар дили ин кишвар - Маскав ба сар мебарад, мегӯяд, бетаваҷҷуҳӣ ва ё камтаваҷҷуҳӣ нисбати муҳоҷирон аз он аст, ки ин ҷо "душмани нав" пайдо кардаанд. Таҷовузи як ноболиғи гурезаи Сурия дар шаҳри Кёлни Олмон назар ба муҳоҷирон барои матбуоти ба маротиб муҳимтар шудааст.

“Инҳо "душманон"-е ҳастанд, ки алайҳи Русия таҳрим эълон карданд, ҳавопаймои Русияро сарнагун карданд, боркашонҳои Русияро иҷозаи убур намедиҳанд ва ғайра ва ҳоказҳо. Таваҷҷуҳи мардум тамоман ба масъалаҳои дигар равона шудааст. Шумо ҳодисаи тахриб кардани дӯконҳои назди метроҳои Маскавро мушоҳида кардед? Аксари ҳомиёни ҳуқуқ, сокинони Маскав аз соҳибон ва кормандони ин дӯконҳо пуштибонӣ карданд. Мардум мегуфтанд, набояд ин дӯконҳо тахриб шаванд. Зеро одамони зиёде ҷойи кори худро аз даст медиҳанд. Яъне, алакай назари мусбат пайдо шудааст нисбати муҳоҷирон,” - мегӯяд Упорова.

Ин рӯзноманигор меафзояд, се сол пеш, ки вақте вай масъалаи муҳоҷиронро таҳқиқ мекард, мардум бо зодагони Осиёи Марказӣ муносибати бад доштанд. Вале ҳоло дарк кардаанд, ки муҳоҷирон дар муқоиса бо "миллатгароёни украинӣ" хеле "одамони хуб" ҳастанд.

Аммо Гавҳар Ҷӯраева, раиси Бунёди "Тоҷикистон"-и Маскав розӣ нест, ки пайдо шудани бетаваҷҷуҳӣ ба муҳоҷирон танҳо "хидмат"-и матбуот бошад.

“Муҳоҷирон бештар гӯш ба фармони қонун медиҳанд. Шумо тақрибан муҳоҷири ғайриқонунӣ пайдо намекунед дар Маскав. Аксари сардорони гуруҳҳои ҷиноятпешаро боздошт ва зиндонӣ карданд. Вақте муҳоҷир дар кӯчаҳои шаҳр бекор намегардад, аз мағозаҳо дуздӣ намекунад, баъди адои намози ҷумъа аз болои "турникет"- метро намепарад, ин худ ба худ ҳиси хушбиниро эҷод мекунад. Ҳодисаи Умари 5-моҳаи тоҷикро ба хотир оред, ки чӣ қадар русҳо бо волидони Умар ҳамраъй шуданд, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоят карданд,” - мегӯяд хонум Ҷӯраева.

Вале Ҷӯраева ҳам таъкид мекунад, ки таваҷҷуҳ дар маҷмуъ нисбати муҳоҷирон кам шудааст. Барои намуна вай аз бунёди "Тоҷикистон" мисол меорад: “Мо дар моҳи январи соли 2015 бо расонаҳо 180 тамос доштем, январи соли 2016 бошад расонаҳо бо мо ҳамагӣ 34 маротиба тамос гирифтанд. Ин худ нишонаи он аст, ки дигар таваҷҷуҳ надоранд.”

Аммо аз эҳтимол дур нест, ки муҳоҷирон дубора дар нишони дурбинҳои расонҳои Русия биафтанд. Ба гуфтаи Ҷӯраева, касе кафолат намедиҳад, ки расонаҳо ба ҳолати "муқаррарӣ" баргарданд, вале то он замон бояд муҳоҷирон тавонанд, ки номи неки худро дар ҷомеа устувор кунанд.

Лена Упорова низ мегӯяд, ҳамагӣ як шӯълаи хурд кофист, ки дубора муҳоҷирон қаҳрамонони рӯзи расонаҳои Русия шаванд.

Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи расонаҳои Русия ба самти дигар гаштааст ва аз бадгӯии муҳоҷирон лаб фурӯ бастаанд, Худойбердӣ Нарзуллоев агарчӣ бо маоши андак, вале дами осуда мезанад ва бо сокинони маҳаллӣ робита дӯстӣ барқарор мекунад. Вай мегӯяд, акнун кам-кам ба ҳимояи худ ва ҳуқуқаш мепардозад. Аз ҷумла, яке аз даъвоҳояш дар суҳбатҳои байни сокинони маҳаллӣ ин аст, ки бобояш дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ҷангида ва сарзамини русҳоро аз чанги Олмони фашистӣ озод кардааст. Ба ин далел, мегӯяд ӯ, ҳоло вай ҳақ дорад, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ кунад. Худойбердӣ мегӯяд, ҳамсуҳбатонаш ин даъвои ӯро мепазиранд.

Ёқуби Саид

XS
SM
MD
LG