Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 мушкили илм дар Тоҷикистон. Ҷавоб ба суоли президент


Мулоқот бо зиёиён. 18-уми марти 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Саволи беҷавоби президент Раҳмон: "Чӣ бояд кард, то насли нав ба илм рӯ биёрад?" посух дорад.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмонро аз сатҳу сифати олимони тоҷик, ки ду рӯз пеш ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷод пеш овард, бояд дуруст фаҳмид. Ҳатто вақте 14 масъалагузорӣ дар робита бо беҳтар кардани вазъу ҷойгоҳи илм намуд ва ишора кард, ки онҳоро маҳз худаш фикр кардааст, на ягон олиму нафаре аз масъулини Академияи илмҳо, набояд ҳамчун худтаърифкунӣ фаҳмида шавад.

"Аз як сар сад сар беҳтар аст" гуфтани президент, бояд маъниеро дошта бошад, ки ӯ ҳамоно аз ин қишр умеди зиёд дорад. Шояд аз маблағгузориҳои бебозгашти буҷавӣ ва таъсирбахш набудани онҳо ба натиҷаи кори олимон андаке малол ҳам дошт, ки савол гузошт: чаро вақте дастгирии давлатӣ ба илм кам буд, олимон натиҷаи беҳтар доштанд, аммо ҳоло не?

Хулосааш тахмин ҳамин мантиқро ба вуҷуд меовард, ки "олим, агар сер бошад, аз фикр бозмемонад!" Ҳарчанд олими имрӯзаи тоҷикро "аз ҳад сер" гуфтан ҳам имкон надорад.

Ба назари инҷониб илми тоҷик феълан се мушкиле дорад, ки то онҳо ҳалли худро пайдо накунанд, аз илму олимонамон набояд интизориҳои зиёде намоем.

1. Илм бояд оппозитсия бошад!

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омилҳои дар даврони пеш ҷойгоҳи хос доштани олимон гуфт: "Ба назари мо, дар он давраҳои тираву тор олим ва илм ба хотири исботи ҳаққонияти худ мубориза мебурд ва барои мавҷудияти илм замина муҳайё мекард".

Фикри дуруст ҳам ҳаст. Фақат як илова зарур: илм танҳо дар ҷомеаҳое пеш меравад, ки нигоҳи оппозитсионӣ дорад!

Мазмун, то муборизаи ҷиддӣ байни андеша, далел, пешбинӣ сурат нагирад ва ҳатто барои чизеро аз байн бурдан талош пеш наояд, ҳеч чизи нав пайдо намешавад. Агар шарҳи ҳоли Синоро хонда бошед, медонед, ки хурофотпарастии замон, ки элитаи ҳукмрон бо сабабҳои хос намехостанд ҷомеа аз он берун шавад, бо чӣ мушкилоте ӯро рӯ ба рӯ карданд. Ҳатто ҷонаш зери хатар мерафт.

Воқеан, дар он мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз хурофотпарастии мардум шикояти бисёре дошт...

Аммо бояд ба назар гирифт, ки илм дар кишварҳои тоталитариву диктаторӣ ягон вақт пешрафта набудаву намешавад. Ҳукуматҳои худкома танҳо як суолу ҳадаф доранд: "Худ ва "роҳат" (комфорт)-и худро чӣ гуна ҳифз кунем?"

Мулоқот бо зиёиён. 18-уми марти 2020
Мулоқот бо зиёиён. 18-уми марти 2020

Ба хотир биёред, СССР, ҳарчанд нишон доданӣ мешуд, ки ба илм таваҷҷӯҳи хос дорад, аммо "олимони саркаш"-ро чашми дидан надошт. Аз ҳамин ҷост, ки чанд олими саршиносро аз хоки ин давлат ба хориҷа бадарға намуд ва онҳо танҳо пас аз бозсозии горбачёвӣ ё барҳам хӯрдани шӯравӣ ба Русия баргаштанду ҳатто қадрдонӣ гаштанд.

Гуфтаниам, ки танҳо ҷомеаҳои таҳаммулпазиру интиқодшунав мӯҳтавои аслии илмро дарк мекунанд ва аз он ба манфиати давлат, ҷомеа ва худи шахс истифода менамоянд. Ҳукуматҳое, ки тафаккури давлатӣ ва давлатсозӣ барояшон муҳим аст, на ғаразҳои ҷудогона...

Бубинед, олами Ғарб тафаккури интиқодиро ҳатто аз кӯдакистону мактабҳои миёна ба мардумаш дарс медиҳанд. Дар донишгоҳҳо бошад, он аз ҷумлаи фанҳои асосист.

Мо ҳам, агар мехоҳем аз илм ва зарфияти олимонамон чизе бигирем, набояд такя ба онҳое кунем, ки "лаббайкгӯву дастпешибаранд" ва дар ҷаласаҳо ба хотири садои бештар ёфтани қарсакҳо иштирок мекунанд.

2. Вақте иқтисоди донишбунёд надорем

Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои молия ва рушди иқтисоду савдо тавсия дод, ки маблағгузории Фонди президентии таҳқиқоти бунёдиро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба андозаи 3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба соҳаи илм таъмин намоянд. Ҳамчунин мақоми Академияи илмҳоро бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз намуд.

Оё ин басанда аст?

Оре, пул чизи муҳим мебошад, вале масъала бармегардад ба шеваи бархӯрд ва интизорӣ аз илм.

Моҳи апрели соли гузашта дар Амрико будам. Дар мулоқоти сатҳи баланд, ки доштем, изҳор шуд, ин кишвари абарқудрат аксари брендҳои машҳури худро ба кишварҳои дигар, ба вижа Чин фурӯхтааст. Сабаб пурсидем. Гуфтанд, ки акнун такяи бештар ба зеҳният ва моликияти ақлонӣ хоҳад шуд, ки бо харҷи камтарин манфиати бештар ҳосил мекунад.

Дар ҳақиқат, онҳое, ки Вашингтонро дидаанд, медонанд, ки пойтахти Амрико аслан шаҳри осорхонаву донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳост!

Бубинед, имрӯз сатҳи баланди зиндагии мардум на дар кишварҳоест, ки боигарии зиёди табиӣ доранд. Балки дар мамолике мушоҳида мешавад, ки сатҳи баланди пешравии илмию технологӣ доранд. Ба сифати мисол дороии ширкати "Apple" аз 400 миллиард доллар зиёд аст, дар ҳоле ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8 миллиард доллар ва буҷаи солона каме бештар аз 2 миллиард долларро дар бар мегирад.

Ё "Фейсбук"-ро бигирем, ки арзишаш дар муддати кӯтоҳ аз 100 миллиард доллар боло рафт...

Ё бозии электронии "Тетрис"-ро мисол биорем, ки онро барномасозе бо номи Алексей Пажитнов ихтироъ кард ва ҳамагӣ 15 000 доллар фоида дид. Ширкати "Nintendo", ки ҳаққи фурӯши ин бозиро соҳиб шуд, 4 млн доллар ва ширкати дигаре, ки ҳаққи паҳн намудани ин бозиро ба даст овард, беш аз 1 миллард доллар фоида диданд.

Ин бори дигар нишон медиҳад, ки инсоният сахт пеш рафтааст. Ҳоло касеро бо чизе ба ҳайрат овардан мушкил менамояд. Таъбири "Амрикои дигар кашф кардан зарурат надорад", аз ҳамин нукта бармеояд.

Асри 21 садсолаи ҷаҳонишавист ва мехоҳед ё не, он ба Тоҷикистон низ мустақим ё ғайримустақим асар мегузорад.

Оре, фаромӯш намекунем, ки дирӯз дар навбати нон будем, аммо акнун дар ҳар хона ба ҳисоби ҳукумат 4 - 5 телефони мобилист. Баъзеамон пули истифодаи барқу газро пардохт намекунем, ё аз ҳисоби ғизои худ сарфа месозем на танҳо акнун барои он ки ба ҳисоби телефонҳои мобилии худ пул гузаронем, балки ҳоло мехоҳем соҳиби Айпаду Айфон бошем. Менеҷерҳои Аррle бошанд, ҳар фурсат дар фикри онанд, ки бо чӣ роҳе бозори худро аз касодшавӣ ҳифз кунанд. Зеро, тавре гуфтем, дигар одамонро ба ҳайрат овардан мушкил шудааст. Дар як лаҳза имкон дорад интихоби одамон ба сӯи асбоби нав биравад. Тасаввур кунед, соҳиби маҳсулоти серхаридортарини ҷаҳон аз муфлисшавӣ тарс дорад ва паҳлӯҳои нави эҷодиро дар маҳсулоти худ ҷустуҷӯ дорад. Аммо дар мо...

Ҳанӯз соли 1962 олими машҳури австриягӣ Фритс Махлуп, ки пас аз ба қудрати омадани Гитлер ба Амрико фирор кард, мафҳуми "иқтисоди донишбунёд"-ро гардон намуд, ки таҳти он аслан бахши иқтисодро дар назар дошт. Ҳоло ин истилоҳ майлони иқтисодиеро дар назар мегирад, ки илму дониш нақши ҳалкунанда дошта, истеҳсолоти илмӣ сарчашмаи рушд аст.

Аз ҳамин хотир, сармоягузорӣ ба илм ҳатто бештар аз фондҳои асосист.

3. Ба Академияи илмҳо бояд ҳамчун як ширкати бузург бархӯрд намуд!

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки илму дониш акнун дастоварди ҷомеа аст. "Ҷомеа" дар ин фаҳмиш маънои маҳдудаи ҳатто як давлатро надорад, фаротар аз он аст.

Аввали моҳи март, вақте бӯҳрони коронавирус пеш омад, президенти Амрикоро ба як ҳолати ногувор рӯ ба сохт. Гап сари ҳолатест, ки ӯ доруи зидди коронавирусро аз як фирмаи олмонӣ хариданӣ шуд, вале шарт монд, ки ин доруро танҳо барои аҳолии Амрико фурӯшаду дигаронро аз ин ҳақ маҳрум намояд. Баҳсҳои зиёди ҳуқуқиву мантиқӣ ва ахлоқӣ пеш омаданд. Ҳатто баҳсе рӯ зад, ки агар Амрико ин доруро хариданист, Олмон маҷбур мешавад фирмаи тавлидгари онро миллӣ намояд. Ахиран намояндаи ин ширкат гуфт, ки доруи мазкур, агар онҳо онро ҳосил кунанд, барои ниёзмандии тамоми дунё корбурд хоҳад шуд.

Ин чунин маъно дорад, ки дар ҷомеаи фаъол илм акнун мошини ҳалли мушкилот аст. Албатта, мушкилот метавонад гуногун бошад, аз ин рӯ, ташкили кори илм ҳам бояд дурбинона ва аз ҳама муҳимаш иқтисодиву молиявӣ бошад. Маҳз менеҷерҳои инноватсионӣ метавонанд чунин шеваи корро ташкил намоянд. Зимнан, агар як даҳсола пеш барномасозон ихтисоси дараҷаи аввал ҳисоб меёфтанд, ҳоло ҷои онҳоро футурологҳо – онҳое гирифтаанд, ки оянданигарӣ карда метавонанд ва барои 5 – 10 соли дигар пешгӯӣ мекунанд.

Ширкатҳои бузурги амрикоӣ, аз ҷумла "Ҷенерал моторс" аз рӯи ҳамин талабот кори худро ба роҳ монда, даҳҳо миллиард долларро барои таҳқиқот ва таҳия сарф менамоянд.

Дар Тоҷикистон ва кишварҳое мисли он, мутаассифона, чунин фаҳмиш ҷо надорад. Агар ҷойгоҳи махсуси илмро мехоҳем, ширкатҳои бузурги давлативу шахсие мисли “Талко” ва “Фароз” бояд дар маблағгузории илм аз ин ҷиҳат саҳмгузор бошанд ва робитаи байни илму истеҳсолотро таъмин намоянд. Дар натиҷа Академияи илмҳо, ки акнун ба он мақоми миллӣ додаанд ва фикр мекунанд ба ин васила ҷойгоҳи илм тағйир хоҳад ёфт, ба як ширкати бузург табдил меёбад, ки дар атрофаш даҳҳо коргоҳҳои инноватсионӣ дораду дар онҳо одамони сарватманд кор мекунанд.

Маҳз бо ин васила, суоли асосӣ ва чандбораи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташ бо олимон аз онҳо пурсид, “чӣ кор кунем, ки насли нав ба илм, махсусан илмҳои дақиқ рӯ биёрад” ва ҷавоби қонеъкунанда нагирифт, посухи қотеонаи худро пайдо хоҳад кард. Насли ҷавон мебинанд, ки бе ақл пул кор кардан имкон надорад, ҳатман ба илм, хоса илми дақиқ рӯ хоҳанд овард!

Ё шумо фикри дигаре доред?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (35)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG