Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Поммершаймро сафири Амрико дар Тоҷикистон пешбарӣ кард


Ҷон Поммершейм
Ҷон Поммершейм

Доналд Трамп, президенти Амрико, номзади нав ба мақоми раҳбари намояндагии дипломатии кишварашро дар Душанбе пешниҳод кард. Ин шахс – Ҷон Поммершайм аст, ки то миёнаҳои моҳи август дар мақоми муовини сафири Амрико дар Қазоқистон кор кардааст. Агар Сенат бо номзадии Поммершайм мувофиқат кунад, ҷойи холишудаи сафир дар Душанберо хоҳад гирифт. Маълум нест, овоздиҳӣ дар Сенат кай баргузор мешавад.

  • Сафири пешини Амрико Элизабет Миллард як сол пеш тарки мақом карда буд. Дар ҳоли ҳозир Кевин Коверт кордор ваё иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар Тоҷикистон аст.

Корномаи Ҷон Марк Поммершайм

Дар замони донишҷӯӣ забонҳои русиву чиниро меомӯхт. Ёдам ҳаст, ки тахминан ду сол дар пажӯҳишгоҳ таҳсил кард ва мо якдигарро зиёд медидем. Як ҷавони доно буд

Ҷон Марк Поммершайм, номзади нав ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон, як дипломати собиқадор буда, дар вазифаи охирини худ – муовини сафири Иёлоти Муттаҳида дар Остона аз соли 2015 то августи соли 2018 ифои вазифа кардааст. Дар сафорати Амрико дар Остона рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Поммершайм миёнаҳои моҳи август корро дар сафорати Қазоқистон хотима дода, ба Департаменти давлатӣ баргашт.

Дар сафорат мегӯянд, Поммершайм як дипломати собиқадор буда, аз кораш дар ин ниҳод хотираи хубе гузоштааст. Ӯ донандаи забони русӣ буда, дар баробари ин ба олмонӣ, ҷопонӣ ва чинӣ ҳам сӯҳбат мекунад.

Пеш аз он ӯ дар бюрои Аврупову Авруосиёии Департаменти давлатии Амрико дар мақоми раиси дафтари умури Қафқоз ва низоъҳои минтақавӣ кор кардааст. Дар ин вазифа ӯ равобити ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистонро зери назар дошт.

"Ба омӯзиши мавзӯи Иттиҳоди Шӯравӣ машғул буд"

Элизабет Миллард, сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон
Элизабет Миллард, сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон

Зоҳиран шиносоии ӯ бо умури Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ замоне шурӯъ шудааст, ки дар Департаменти давлатӣ дар мақомҳои мухталифи марбут ба Аврупову Осиё кор кардааст. Берун аз кишвараш дар сафоратҳои Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон ифои вазифа карда, муддате раҳбарии консулгарии генералии ИМА дар шаҳри бандарии Владивостоки Русияро бар ӯҳда доштааст.

Дар корномаи расмии Поммершайм гуфта мешавад, ки аслан пеш аз шомил шудан ба кори дипломатияи хориҷӣ, ӯ дар соҳаи журналистика кор кардааст. Соли фаъолияти ӯ зикр намешавад, вале гуфта мешавад, дар гузашта дар дафтари шабакаи телевизионии CNN дар шаҳри Маскав кор кардааст. Ӯ зодаи шаҳри Питтсбурги аёлати Пенсилвания, хатмкарди донишгоҳи Колумбия буда, бо ҳамсараш Наталия Поммершайм се писарро ба воя расонидаанд.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Паннир, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, ки тахминан 30 соли пеш бо Поммершайм ҳамсабақ будааст, гуфт, он замон ӯ дар пажӯҳишгоҳи Ҳарримани назди Донишгоҳи Колумбия дар шаҳри Ню-Йорк таҳсил ва бештар ба омӯзиши мавзӯи Иттиҳоди Шӯравӣ машғул буд. Ба гуфтаи Паннир, ин пажӯҳишгоҳ ҳоло ҳам амал мекунад ва исмашро ба Пажӯҳишгоҳи Ҳарриман оид ба омӯзиши масоили Русия, Авруосиё ва Аврупои Шарқӣ тағйир додааст.

Аз Владивосток то Остона

“Поммершайм як шахси донишманд буд. Дар замони донишҷӯӣ забонҳои русиву чиниро меомӯхт. Ёдам ҳаст, ки тахминан ду сол дар ҳамин пажӯҳишгоҳ таҳсил кард ва мо якдигарро зиёд медидем. Яъне, як ҷавони донову илмдӯстдор буд ва ҳамчун инсон ҳам як шахси шӯх буд. Ман аз ӯ хотираҳои хубе дорам”, - гуфт Паннир.

Маълумоти дастраси расмӣ дар интернет баёнгари он аст, ки соли 2006 дар Владивосток дар мақоми раиси консулгарии ИМА дар ин шаҳр дар нахустин ҷаласаи “Русияву НАТО” иштирок кардааст. Соли 2014 дар вазифаи раиси бахши Департаменти давлатии ИМА дар масоили Қафқози Ҷанубӣ аз Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон дидан кардааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе
Сафорати Амрико дар Душанбе

Солҳои кораш дар Қазоқистон, ки зоҳиран аввалин кишвари Осиёи Марказӣ дар карйераи Ҷон Поммершайм мебошад, ба ҳайси муовини сафир дар маъракаҳои давлативу ҷамъиятии ин кишвар иштирок карда, аз ҷумла, дар интихоботи соли 2016-и порлумонии Қазоқистон нозир будааст. Моҳи декабри ҳамон сол дар остонаи таҷлил аз Рӯзи ҳуқуқи башар, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мешавад, зимни суханронӣ дар конфронси бунёди байналмилалии “Адил соз”, Ҷон Поммершайм ба аҳамияти мурооти ҳуқуқи инсон ва озодии баён таъкид кард.

"Бояд аз ҳуқуқи мунаққидон ҳимоят кунанд"

Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Шояд, ҳар як раҳбари кишвар дар ин ҷаҳон (аз ҷумла дар кишвари ман), рӯзе нашрияеро боз карда, маълумоте пайдо кардааст, ки онро дидан намехост. Оқилтарин раҳбарон дарк мекунанд, ки бояд ҳуқуқи мунаққидонашонро ҳимоят кунанд, то ки онҳо тавонанд ҳақиқати нохушоянд ва назарҳои худро баён ва нашр кунанд. Замоне ки дар Ню-Йорк зиндагӣ мекардам, имкони инро доштам, ки нақши матбуотро дар фош кардани коррупсия бубинам ва шоҳиди он шавам, ки матбуот мақомдорони сатҳи поинро ҳам барои ҷавобгӯ шудан дар баробари шаҳрвандон маҷбур мекарданд. Бо инки Қазоқистон сари татбиқи нақшаҳои ҳангомасоз кор мекунад, озодии баён ва матбуоти мустақилу фаъол ҳамингуна барои ояндаи бомуваффақияти Қазоқистон нақши бориз дорад. Шаффофият ва ҳисоботдиҳии давлат танҳо дар сурати вуҷуди матбуоте имконпазир аст, ки тавони ба ҷавобгарӣ кашидани мақомот ва фош кардани коррупсияро дорад”. (9 декабри соли 2016, Казмедиацентр)

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, шароити сиёсии кор дар Тоҷикистон барои сафири ИМА шояд аз шароити Қазоқистон зиёд фарқ накунад. Ин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳарчанд тафовутҳои ҷиддии иқтисодӣ доранд, дар шароити ҳамсони сиёсӣ ба сар мебаранд: ин кишварҳо барои маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ интиқод мешаванд.

Интизориҳои Тоҷикистон аз Амрико

Як таҳлилгар гуфт, ки сафири нави амрикоӣ бояд ҳамкориашро бо ҳукумати Тоҷикистон ба хотири бозтар шудани фазои сиёсӣ ва ҳам фаъолияти бозтари матбуот ва созмонҳои сиёсӣ фаъолтар кунад. Аз сӯи дигар, сафири нави Амрико дар ҳоле ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки ду моҳ пеш нахустин бор дар таърихи ин кишвар ба ҷаҳонгардони хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ ҳамла сурат гирифт. Аз ин хотир, масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароии динӣ зоҳиран яке аз масоили калидӣ дар равобити ду кишвар боқӣ хоҳад монд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар чашми ИМА тӯли ин солҳо танҳо аз назари як ҳамсояи Афғонистон ва дар ин охирҳо ба ҳайси як шарики стратегии Русия ва ҳамсояи Чин буданаш аҳамият дошт. Ӯ гуфт:

“Амрико бисёр мехоҳад, ки Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст кунад ва Тоҷикистон метавонад дар ин раванд шарик бошад ва мусоидат кунад. Яъне берун рафтани Тоҷикистон аз таъсири Русия барои Амрико муҳим аст. Он чизе, ки ҳукумати Тоҷикистон аз таъини сафири нав интизор мешавад, ин мусоидат дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ аст. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чиро интизор аст? Интизор аст, ки дар тавсияи таъмин шудани озодиҳои шаҳрвандӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад. Яъне дар расонидани ҳарфи онҳо ба ҳукумат як миёнҷӣ мешавад”.

Ӯ гуфт, дар солҳои охир вақте ҳукумат ҳарфи ҷомеаи шаҳрвандиро намешунид, сафорати Амрико дар ин амр мусоидат мекард. Ба гуфтаи ӯ, Амрико сармоягузори асосии тарҳҳои ислоҳоти сиёсиву ҷамъиятӣ аз роҳи тақдими грантҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон аст ва созмонҳои иҷтимоӣ ҳам умедворанд, ки ин раванд идома мекунад.

“Шахсан ман бисёр мехостам, ки таҷрибаи гузаштаи сафирҳои Амрико идома ёбад. Ин таҷриба ҳам аз муттаҳид кардани сафирони ғарбӣ дар Тоҷикистон дар баробари мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буд. Вақте ҳуқуқи як журналист ё як қишри ҷомеа поймол карда мешуд, онҳо ҷамъ шуда баёнияҳо чоп мекарданд. Бисёр мехостам, ки институтҳои хориҷӣ кӯмак ва грантҳои худро ба Тоҷикистон танҳо бо он шарте ироа кунанд, ки Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи башар қадамҳои муассир гузорад”, гуфт Абдумалик Қодиров.

Дипломатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, барои онҳо ҳанӯз маълум нест, ки фурсати арзёбии номзадии сафири нав дар Сенат кай баргузор мешавад ва рисолати дипломати аршади амрикоӣ аз кай шурӯъ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG