Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони Мянмар ба наслкушии мусулмонони Роҳинҷа айбдор шуданд. ВИДЕО


Паноҳҷӯёни Роҳинҷа дар Бангладеш
Паноҳҷӯёни Роҳинҷа дар Бангладеш

Гуруҳи маъмурони ҳақиқатёби Созмони Милал афсарони баландпояи артиши Мянмарро ба наслкушӣ ва дигар нақзи ҳуқуқи аққалиятҳои мусулмони Роҳинҷа муттаҳам карданд. Ин гуруҳ рузи душанбе нахустин бор хостанд, ки фармондеҳони артиши Мянмар барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкушӣ муҳокима шаванд.

Гузориши ин гуруҳ як сол баъд аз саркӯби бераҳмонаи мусулмонони Роҳинҷа нашр шуд, ки дар натиҷаи он 700 ҳазор нафар барои наҷоти ҷонашон ба Бангладеши ҳамсоя гурехтанд. Дик Дурбин, вакили демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико ба “Садои Амрико” гуфт, қатли аққалиятҳои Роҳинҷа, наслкушӣ буд.

“ Чунин таъбирро ба осонӣ набояд истифода бурд. Дар онҷо қасдан ин афродро таҷовуз, қатл ва бесарпаноҳ карданд. Ин амал ба ғайр аз наслкушӣ дигар чиз набуд” – гуфт, ӯ.

Достонҳои ваҳшатноки занони Роҳинҷа

Бино ба ин гузориш, посухи артиши Мянмар ба ҳамлаҳои ошӯбгарони Роҳинҷа дар моҳи август аз ҳад гузашта буд.

“Мо достонҳои ваҳшатнок мешунидем. Занон бо навбат мегуфтанд, ки чанд сарбоз онҳоро таҷовуз мекарданд, кӯдаконро ба алангаи оташ меандохтанд. Мегуфтанд, ки пулис ба тарафи кӯдакони дар ҳоли гурез тир меандохт. Фақат ҷиноятҳои ваҳшатовар” – мегӯяд, Керрӣ Кеннедӣ, ҳомии ҳуқуқи инсон аз Амрико.

Коршиносони СММ: "Поксозии Мянмар хусусияти наслкушӣ дошт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Карим паноҳандаи Роҳинҷа мегӯяд, ки амалҳои фармондеҳони артиши Мянмар ҳадафмандона буд. “Ин зулм ба мардуми Роҳинҷа аст ва онҳо қасд, доранд мардуми моро аз кишвар берун кунанд” – мегӯяд, ӯ.

Мақомот иддаоҳо дар бораи поксозии қавмиро рад мекунанд. Ю Аунг Линн, сафири Мянмар дар Амрико мегӯяд: “Мо аз аввал маъмурияти гурӯҳи ҳақиқатёби Кумиссиёни Ҳуқуқи Башари Созмони Милалро қабул надоштем. Низомиёни мо кореро мекунанд, ки бар асоси ойиннома бояд иҷро кунанд.”

"Аз Сан Сучӣ интизор доштем, ки садо баланд кунад"

Аунг Сан Сучӣ, раҳбари Мянмар ва барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро барои сукут ихтиёр карданаш нисбат ба сарнавишти мардуми Роҳинҷа сахт танқид карданд.

Дик Дурбайн
Дик Дурбайн

Дик Дурбин, вакили демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико: “Дар воқеъ тасаввури мо дар бораи ӯ ва ҷасораташ ҳангоми ҳабс аз тарафи низомиён ба сабаби бӯҳрони Роҳинҷа фавқуллода тағйир кард. Мо аз ӯ интизор доштем, ки бархезад ва ба зидди ин ҷиноятҳо садо баланд кунад.

Ҳукумати Амрико ба зидди баъзе аз фармондеҳони артиши Мянмар таҳрим эъмол кард, вале фаъолон онро нокофӣ медоданд. Аз ҷумла

Ҳано Зубарӣ ҳомии ҳуқуқ низ ба ҳамин назар аст: “Бояд таҳриме эъмол шавад, ки натиҷа диҳад. Таҳримоти қабл аз ин ҳодисаҳо натиҷа медод. Ба бовари мо, Амрико бояд ба зидди ҳукумати Мнямар таҳримоти фарогир ҷорӣ кунад.“

Бо вуҷуди шароити сахт дар бисёре аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Бангладеш ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, тарс аз низомиён намегузорад, паноҳандагон ба харобаҳое, ки аз хонаҳояшон мондааст, баргарданд.

XS
SM
MD
LG