Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Табибони бидуни марз": дар Мянмар наздик ба 7000 роҳинҷа кушта шудааст


Созмони байналмилалии "Табибони бидуни марз" мегӯяд, дар Мянмар дар натиҷаи таъқибҳои мақомоти маҳаллӣ 6 ҳазору 700 мусулмони роҳинҷа ҷон бохтаанд. Ин рақам дар пайи пурсиши гурезаҳои Мянмар ба даст омадааст. Фаъолон мегӯянд, шумори воқеии қурбониён метавонад, аз ин бештар бошад.

Ба огаҳии созмон, аз ҳама бештар мусулмонони роҳинҷа дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии ҳукумати Мянмар кушта шудаанд. Мақомоти Мянмар мегӯянд, шумори кушташудаҳо камтар аз 400 нафар буда, бештари онҳо тундравон буданд.

Аксари сокинони Мянмар буддоиянд ва мусулмонони ақаллияти роҳинҷа дар ин кишвар зери фишор ва таъқиби давлат ба сар мебаранд. Аз охирҳои моҳи август ба ин сӯ садҳо ҳазор мусулмони роҳинҷа маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд. Қисми зиёди фирориёнро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон амали мақомоти Мянмарро "поксозии қавмӣ" номид.

XS
SM
MD
LG