Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯзи Душанбе. ВИДЕО, АКС


Ҳазорҳо сокини шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми март дар боғҳои навбунёди пойтахт аз ҷашни Наврӯз таҷлил карданд. Мақомот гуфтанд, ки маъракаҳои бахшида ба Наврӯз то охири ҳафта идома хоҳад кард.

Наврӯзи имсола аз маросими пуриздиҳом дар Душанбе буд. Садҳо нафар аз пойтахт ва ноҳияҳои дигар ба сайругашти идона ва тамошои барномаҳои наврӯзӣ ба боғҳои фарҳангиву фароғатӣ омада буданд. Маъмурони боғ ҳатто аз анбуҳи зиёди одамон монеи даромадан ба майдончаҳои тафреҳӣ шуданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Боло гузару биншин, Наврӯз муборак бод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:08 0:00

Дар нахустин рӯзи Наврӯз дар чаҳор гӯшаи Душанбе барномаҳои тафреҳӣ намоиш дода шуданд. Ҳар чаҳор ноҳияи пойтахт муваззаф буданд, дар алоҳидагӣ барои сокинон намоишҳои ҷашнӣ пешниҳод кунанд.

Сокинон мегӯянд, аз Наврӯз то Наврӯз хотироти зиёде доранд. Мӯъмин Раҷабов, ки имсол барои таҷлил аз Наврӯз ба пойтахт омадааст, гуфт, "дар як сол Душанбе хеле тағйир кардааст. Кӯчаҳои нав, боғҳои нав, истгоҳҳои нав ва мусофирбарҳои муосир. Ҳамаи ин симои шаҳрро то ҳадде тағйир додаанд."

Намоишномаҳои Фаррух Қосимов

Дар шабу рӯзи Наврӯз аз ҳама зиёд ҳунармандон серкор ба назар мерасанд. Онҳо ба ҷашни асосии Наврӯзи пойтахт омодагӣ мебинанд, ки дар назар аст бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт баргузор шавад.

Қурбони Ҳомид, ҳунарманди синамо ва театрро дар “Наврӯзгоҳ” пайдо кардем. Ин ҳунарманди тоҷик аз Наврӯз ба унвони ҷашне ёд кард, ки миллати тоҷикро аз панҷаи хунини таърих раҳондааст. Қурбони Ҳомид мегӯяд, аз Наврӯз то Наврӯз барояш соли пурбор буд, чун ӯ ва аҳли театри “Аҳорун” дар ин сол тавонистанд чанд намоишнома таҳия кунанд.

"Муҳимтар аз ҳама, намоишномаҳои таҳиякардаи Фаррух Қосимов, аз ҷумла “Даҷҷол” ва “Шоҳ Фаридун”-ро дубора ба тамошибинон пешниҳод кардем. Инчунин, ду китоб - яке “Қиблагоҳ” ва дигаре “Таронаҳои наврӯзӣ” - омода кардем, ки то охири моҳи март бояд чоп шаванд”, - мегӯяд Қурбони Ҳомид бо натиҷагирӣ аз соли гузашта.

“На ҳама аз ҷашн хурсандӣ мекунанд”

Бо ин вуҷуд аз ҷашни Наврӯз на ҳама изҳори хушҳолӣ мекунанд. Бахусус донишҷӯёне, ки ин шабу рӯз ба тамрин ё “маршировка” машғуланд. Ин донишҷӯён мегӯянд, дар рӯзҳои истироҳат ба ҷойи дар назди волидон н будан аз субҳ то шом дар ҷашнгоҳ машқ мекунанд. Муҳассилин, ки намехоҳанд номашон бурда шаванд, мегӯянд, масъулин барояшон шароити мусоид ҳам омода накардаанд.

Наврӯз ягона ҷашн дар Тоҷикистон аст, ки сокинон онро чанд рӯз таҷлил мекунанд. Иттифоқи касаба мегӯяд, имсол аҳолии Тоҷикистон аз 21-ум то 26-ум март истироҳат хоҳанд кард.

Ҷашни имсолаи Наврӯзи ҷумҳуриявӣ рӯзи 27-уми март дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баргузор мешавад. Ба таъхир афтодани маросими аслии таҷлил аз Наврӯз ба сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико вобаста аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG