Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Кобул ба хун печид


Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кобул 26 нафар кушта ва 18 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамла қабл аз зӯҳри имрӯз, чаҳоршанбеи 21-уми март додааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи ин вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шахси ҳамлавар пиёда будааст ва худро дар рӯбарӯи бемористони Алиобод воқеъ дар наздикиҳои Донишгоҳи Кобул ва минтақаи маъруф ба Кортаи Сахӣ, мунфаҷир кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, бештари қурбониёни ин ҳодиса ғайринизомиён ҳастанд.

Таркиши маргбор дар Кобул дар ҳоле рух дод, ки мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон қаблан аз тадобири амниятии хос дар ҷашни Наврӯз дар пойтахт ва шаҳрҳои калони он кишвар хабар дода буданд.

Солим Алмос, раиси таҳқиқоти ҷиноии фармондеҳии амнияти Кобул гуфтааст, ки шахси интиҳоркунанда қабл аз расидан ба ҳадаф, аз сӯи пулис шиносоӣ шуда ва худро инфиҷор додааст. Вале гуфта нашудааст, ки фарди интиҳоркунанда ҳадафи ҳамла ба куҷоро дошт.

Дар Афғонистон 21-уми март рӯзи аввали соли нави хуршедӣ ё Наврӯз аст ва афроди зиёде барои таҷлил аз ин ид ба тарафи зиёрати Сахӣ мерафтанд, ки ин таркиш рух додааст. Бинобар ҳамин эҳтимол меравад, ки шумораи қурбониён аз ин бештар бошад.

Ба навиштаи бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ, гурӯҳи ДИИШ ё "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Ин манбаъ қаблан навишта буд, ки Толибон даст доштани афроди худ дар ин ҳамларо радд кардаанд.

Дар пойтахи Афғонистон ҷашни Наврӯз дар минтақаи Кортаи Сахӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин солона ҳазорон нафар аз саросари Афғонистон барои таҷлил аз иди Наврӯз дар шаҳри Мазори Шариф - маркази вилояти Балх воқеъ дар шимоли Афғонистон ҷамъ меоянд.

Таркиши маргбор дар Кобул дар ҳоле рух дод, ки мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон қаблан аз тадобири амниятии хос дар ҷашни Наврӯз дар пойтахт ва шаҳрҳои калони он кишвар хабар дода буд. Наҷиб Дониш, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ шоми 20-уми март гуфт, ҳазорон тан аз нерӯҳои амниятӣ барои таъмини амнияти минтақаҳое, ки қарор аст маросими Наврӯз баргузор шавад, вазифадор шудаанд.

XS
SM
MD
LG