Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши куртаи наврӯзӣ чанд аст? ВИДЕО


Ҷашни Наврӯз барои бонувон дар Тоҷикистон ҳамеша баҳонаи хубе барои пӯшидани куртаи нав будааст. Соли ҷорӣ ҳам мисли ҳамеша матоъҳои миллии атласу куртаҳои гулдӯзии чакан дар садри аввали ҳавасҳои наврӯзии бонувони тоҷик қарор гирифтанд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки бароварда кардани ҳавасу хоҳишҳои наврӯзӣ қимати худро дорад.

Барои дӯхтани саропои наврӯзӣ дӯзанда 100 сомонӣ мегирад ва ин маблағ бидуни пардохти кори зардӯзӣ аст. Як тоқии зебо ҳам мувофиқ ба намуд ва сифаташ 25 то 40 сомонӣ арзиш дорад.

Бозори "Корвон" як баҳри бекарони матоъҳои зебову нақшин аст. Харидорони бешумор ба растаҳои матоъҳои рангобаранги бозор боҳавас менигаранд ва ҳар бону мехоҳад ҳамин ҳоло адрасу атласу крепдешину велюру шифону дигару дигарҳоро ба бар кунад. Ин ҷо ҳар мол харидори худро дорад ва муҳим нест, ки тавони харидории кас чӣ мегӯяд: ҳар нафар мувофиқ ба имконияти моливу пулиаш барои худ як саропо матоъ меёбад.

Поплин -- матои дӯстдоштаи занону духтарон

Дар мавсими имсола поплин - матои пахтаасоси нарму сабук дар мавқеи хосе қарор дорад. Арзиши он вобаста ба нақшу зебоӣ ва макони фурӯшаш барои ҳар куртаворӣ аз 60-80 сомонӣ шурӯъ мешавад. Ин чизе камтар аз 10 доллар аст. Матоъҳое, ки дар худ гулдӯзиҳои дастӣ доранд, аз гаронтаринҳо дар бозори "Корвон" ба шумор мераванд. Макони истеҳсоли ин матоъҳо ҳам мухталиф аст – аз моли адрасбофони ватанӣ сар карда то Чину Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб.

Аслан, арзиши матоъҳо барои ҳар як метр дар бозор аз 10 сомонӣ сар карда, то 700 сомонӣ (90 доллар) ҳам мерасад. Солҳои охир дар бозор расм шудааст, ки порчаҳои матоъ мувофиқ ба як саропо либос -- 3 то 8 метр андозагирӣ шаванд. Пайдо кардани ҳаҷми аз ин камтари матоъ корест хеле душвор. Дар ин сурат имкони онҳое, ки мехоҳанд курта ё либоси ғайримиллӣ бидӯзанд, маҳдуд мешавад.

Растаҳои атласу адрас ва бахмалу велюрфурӯширо, ки мақбули арӯсон аст, занҳо иҳота кардаанд. Ин матоъҳо дар ҳар давру замон хушхариду хушлибос буданд ва ҳеҷ гоҳ аз мӯд намебароянд. Баъзе навъҳои матоъҳо гулдӯзиҳои зарҳаливу сангчаҳои ороишӣ доранд ва сариҳои ҳиндиро ба ёд меоранд.

Аксар фурӯшандаҳои растаҳои матоъфурӯшӣ мардон ҳастанд, вале на камтар аз бонувон ба ҳусну қубҳ ва сифати матоъ сарфаҳм мераванд. Як тоҷир 60 навъ адрасро пешкаши харидоронаш кардааст. Ба фарқ аз атлас, ки нарму боназокат аст, чун аз абрешим таҳия шуда, хеле баландарзиш аст, адрас ба ҳангоми даст расондан каме сахттар аст ва аз омехтаи пахтаву абрешим таҳия мешавад. Гоҳо истеҳсолкунандаҳо дар таркиби матоъ навъи сунъии синтетикаро ҳам ворид мекунанд.

Нархи куртаи наврӯзӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Бозори гарми атласу адрас

Нақши атласу адраси миллии тоҷикиву узбекӣ, ки дар Тоҷикистону Узбекистон таҳия шуда, дар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба фурӯш гузошта шудааст, дар ҷаҳон бо исми “икат” маъруф аст. Солҳои охир нақши икат ҷаҳонгир шуда, ҳангоми таҳияи моделҳои либос аз ҷониби тарроҳони маъруфтарини ҷаҳонӣ ва ҳам таҳиягарони либосҳои оммавӣ ба кор бурда мешаванд. Матои атлас ба фарқ аз адрас ҷилои абрешимии ба худ хос дорад ва бо ҳамин хусусияташ аз матоъҳои дигар фарқ мекунад. Истеҳсолкунандаҳо атласро ҳамчун матои тозаи экологӣ ҳам таблиғ мекунанд.

Ин ду навъи матоъ аз хушхаридҳои либосҳои наврӯзӣ ба шумор мераванд, ҳарчанд арзиши онҳо кам нест. Нархи миёнаи 8 метр адрас дар бозори "Корвон" 300-350 сомонӣ аст. Дар мавсими имсола адрасу атласи сангчадор ҳам ба фурӯш пешниҳод шуда, арзиши ин матоъ як дараҷа баландтар аст. Як метри ин матоъ, ки бараш на бештар аз 50 см аст, 30 то 80 сомонӣ мебошад. Баробар бо матоъ ё ба истилоҳ маҳсулоти хом, дар баъзе растаҳо ҷомаву пиджак, нимтанаву камзӯл ва куртаҳои тайёр ҳам пешниҳод мешаванд.

На ҳама тавони хариди либоси наврӯзиро доранд

Дар баробари ин, тоҷирон моделҳои навтарини куртаҳои омодаи чаканро аз дохили селлофан берун мекунанд. Як саропо куртаву поҷомаи чакан дар бозор 700 сомонӣ (90 долларов) нарх дорад. Ин маблағро на ҳар кас пардохт карда метавонад.

Гаштугузор дар бозор ҳаловати худро дорад, вале харидор бояд интихоби худро кунад. Мо ҳам дар ниҳоят тасмим гирифтем, ки як куртаворӣ адраси қадиминусхаро дар ҳаҷми 8 метр ва бар ивази 280 сомонӣ бихарем. Барои дӯхтани саропои наврӯзӣ дӯзанда 100 сомонӣ мегирад ва ин маблағ бидуни пардохти кори зардӯзӣ аст. Як тоқии зебо ҳам мувофиқ ба намуд ва сифаташ 25 то 40 сомонӣ арзиш дорад.

Буҷаи ороиши наврӯзии мо 400-450 сомонӣ баровард шуд, ки тахминан 50 доллар аст. Ин маблағ нисфи маоши як корманди маъмулии сохтори буҷавӣ мебошад. Дидани як бонуи зебо бо сару тани наврӯзӣ, бешак, зебову ҳаловатбахш аст, вале арзиши ин зебоӣ мавзӯи баҳси дигар. Наврӯз муборак!

XS
SM
MD
LG