Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як навраси тоҷикро, ки дар мадрасаи Бангладеш мехонд, ба наздиконаш надодаанд


Ин аксро дар муроҷиати видеоии падараш дар Интернет гузоштаанд

Як навраси 15-солаи тоҷикро, ки соли гузашта дар Дубай боздошт карда, баъдан ба Душанбе оварданд, дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ нигаҳ медоранд. Ин мактаб барои кӯдакони аз 3 то 15-солае ҳаст, ки "даст ба корҳои ношоиста мезананд" ва бо қарори додгоҳ дар онҷо ҷойгир карда мешаванд.

С.М. аз соли 2015 дар мадрасае дар Бангладеш мехонд ва ҳангоми сафар дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд. Волидонаш аз он шикоят доранд, ки мақомот бо гузашти як сол наврасро дар мактаби махсус нигаҳ медоранд ва ба онҳо нишон намедиҳанд. Ҳамчунин иҷоза надодаанд, ки ӯро дар мактаби маъмулӣ бигузоранд.

Мақомот мегӯянд, дар бораи дар мактаби махсус мондани ӯ қарори Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ содир шудааст ва ин тасмим қонунист.

Маҳмадзариф Саидов, узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва падари наврас, аз шеваи нигаҳдории писараш дар мактаби махсус нигарон аст ва ӯро бештар ба "гаравгон" монанд мекунад. Вай рӯзи 16-уми сентябр гуфт, барои писараш иҷозаи дидор бо наздикон дода намешавад. "Ҳатто дар замони пандемияи коронавирус низ нагузоштаанд, ки ба хона биравад", -- афзуд ӯ.

Саидов дар хориҷа зиндагӣ мекунад ва тасмими мақомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин наврас наздик ба чаҳор сол дар мадрасаи Бангладеш «мағзшӯйӣ шудааст» ва барои таълими дунявӣ гирифтану тағйири андешаҳояш «вақт зарур аст».

“Шароит барои хондани бача муҳайё аст. Ба ӯ се вақт хӯрок, сару либос, ҷойи хоб дода мешавад. Аз барномаҳои таълимӣ қафо мондааст. Давлат вазифадор аст, ки ӯҳдадориҳои худро барои таълиму тарбияи кӯдак иҷро кунад”, -- шарҳ дод ӯ.

Маҳмадзариф Саидов таҳсили писарашро дар хориҷ аз кишвар қонунӣ донист ва гуфт, дар мадрасаи Бангладеш илмҳои дунявиро низ аз худ мекард. Вай иддаои мағзшӯйӣ шудани писарашро рад мекунад.

Ин наврас аз ҷумлаи 10 нафаре ҳаст, ки соли гузашта аз мадрасаҳои Бангладеш ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм қаблан гуфта буд, ки "ин наврасон мактаби миёна нахондаанд ва ба ҳаёти мо мутобиқ нашудаанд. Раванди мутобиқшавӣ се моҳ, шаш моҳ ё як сол мешавад. Аз худи кӯдак вобаста аст, ки кай мутобиқ мешавад".

Дар гузашта таҳсили наврасон ва ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ сабт шуда буд.

Аз соли 2010 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба ватан баргардондаанд. Мақомот аз он нигаронанд, ки ҷавонон дар хориҷа зери таъсири «равияҳои бегона» қарор гирифта, ба низоми дунявии кишвар халал эҷод хоҳанд кард.

Баъзе мунтақидон мегӯянд, таҳсил дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ аз ночорӣ аст, зеро дар дохили Тоҷикистон имкони гирифтани таҳсили динӣ тақрибан вуҷуд надорад. Ҳукумати Тоҷикистонро барои бастани чандин мадраса дар кишвар танқид мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG