Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон таълими диниро дар куҷо бояд гирифт? ВИДЕО


Яке аз масҷидҳои панҷвақта дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз масҷидҳои панҷвақта дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ

Масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси қонун, наврасони тоҷикро танҳо волидони онҳо метавонанд таълими ибтидоии динӣ диҳанд. Ин ҳарф рӯзи 5-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи дини Тоҷикистон садо дод. Аммо таҳлилгарон ва сокинон мегӯянд, на ҳама волидон аз таълими кофии динӣ бархӯрдоранд, то фарзандонашонро биомӯзонанд. Дар чунин вазъ, ба гуфтаи коршиносон, ҷомеа ба таълими пинҳонии динӣ рӯ меорад, ки назораташ душвор мешавад.

Ду сол пеш қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" тағйир ёфт ва бар асоси он, таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуд ва таълим ба дӯши ниҳодҳои омӯзишу парвариши давлатӣ вогузор шуд. Таълими динӣ дар ҳоле ба дӯши ниҳодҳои давлатӣ вогузор шуд, ки беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шуд ва ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо дини ислом тадрис намешавад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими расму ойинҳо дар Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал дар нишасте матбуотӣ гуфт, "вобаста ба таълимоти динӣ пешниҳодҳо ҳаст ва шакли таълимро баррасӣ доранд".

Дар чанд соли ахир даҳҳо рӯҳонӣ барои таълими дини ислом, ки ҳоло дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ дониста мешавад, боздошт ва муҷозот шудаанд. Аз ин рӯ, бархе аз сокинон мегӯянд, ҷое барои таълими дурусти динӣ гирифтани фарзандонашон вуҷуд надорад. Дар гузашта дар аксари деҳоти Тоҷикистон муллоҳои деҳа ба наврасон таълими ибтидоии динӣ медоданд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон.

"Як муддат таълими динӣ мавриди сӯиистифода қарор гирифт. Агар мо беназорат монем, сӯиистифода шуданаш аз ҷониби гурӯҳҳо вуҷуд дорад. Ин як чизи инкорношуданӣ аст. Пешниҳодҳо ҳаст ва мо баррасӣ дорем, ки кадом шаклро ба мардум пешниҳод кунем",-гуфт Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими расму ойинҳо дар шарҳи ин масъала.

Ин мақоми давлатии Тоҷикистон гуфт, "падару модарон имкон доранд фарзандонашонро худашон таълими динӣ диҳанд ва касе онҳоро ҷазо намедиҳад".

То замони манъи қонун наврасон дар назди рӯҳониён ё дар хона ва ё дар масҷиди маҳалла асосҳои ибтидоии дини исломро таълим мегирифтанд.

Назари сокинонро дар ин бора дар ин видео бинед:

Дар Тоҷикистон таълими диниро дар куҷо бояд гирифт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Хушвақт Собиров, устоди забон ва адабиёт дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, "мутаассифона дар Тоҷикистон дини исломро дар шароити асримиёнагӣ таълим медоданд". Ӯ мегӯяд, дар Туркия ва дигар давлатҳои пешрафта шеваи таълим тағйир ёфт, вале дар Тоҷикистон дар хонаҳои тангу торик ва бидуни оддитарин қоида наврасонро таълим медоданд.

"Хонаи мулло на ҷойи дурусти нишастан дошт ва на шароит барои таълим додан. Масҷидҳои мо ҳам чунин буданд. Дуруст аст, ки ҷавонони мо исломро биомӯзанд, аммон на дар чунин шароит",-афзуд вай.

Шарифхон Раҳматов, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, таълими ислом дар назди рӯҳониёни суннатӣ дар ҳар шароите, ки буд ҷавононро аз ифротгароӣ дур нигаҳ медошт. Ӯ гуфт, ки имомхатиби маҳалла пешниҳоди ӯ барои таълим додани ду писарашро соли гузашта рад кард.

Ӯ мегӯяд, замоне тасмими таълими динӣ гирифтани писаронаш назди муллои маҳалларо гирифт, ки се сол пеш яке аз писаронаш аз Русия ба Сурия рафт ва ба гурӯҳҳои тундрав пайваст ва бенишон шуд.

"Ҳайрон шудам. На намоз мехонд ва на чизе аз ислом медонист. Моҳи январ Русия рафт, март аллакай аз Сурия занг зад. Дар як моҳ ақидаашро дигар карда буданд ва мегуфт, ки шумо мусулмон нестед. Ба телефон фаҳмонданаш, бефоида буд",-гуфт ӯ.

Ин мард мегӯяд, ба ин хотир мехоҳад, писаронаш, ки яке 11 ва дигар 14-сола аст, асосҳои дини исломро бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, ки ҷавононро ба тундгароӣ намебарад, омӯзанд. Ӯ гуфт, ки борҳо барои тарбияти нодурусти писараш сарзаниш шунидааст. "Ин ҷанги Сурия ҳам як бало буд, лекин фикр кардам, ки агар ҳамин писари ман пеши муллои худамон мерафт, мумкин фаҳмишаш дигар мешуд ва дар як моҳ ӯро фиреб карда, ҷанг намебурданд",-афзуд вай.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ.


Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, манъи таълими дини ислом гурӯҳҳои пинҳонкорро ба вуҷуд меорад, ки назораташон мушкилтар аст. Ӯ гуфт, замони шӯравӣ, бо вуҷуди назорати сахт, дар Тоҷикистон пинҳонӣ таълимоти динӣ мегирифтанд.

Ин коршинос мегӯяд, ин назари мақомот, ки аз таълими дин истифода шуд, воқеият дорад, вале комилан онро манъ кардан ба манфиати ҷомеа нест. Ба гуфтаи Ҳодизода, ҳоло дубора ба роҳ мондани таълими динӣ дар кишвар кори мушкил аст.

Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз Тоҷикистон барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ шадидан интиқод кардаанд. Вазорати хориҷаи Амрико соли гузашта дар гузориши худ дар бораи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" изофа кард.

Мақомоти тоҷик, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон аҳолии Тоҷикистонро 99 дар сад мусалмон хондаанд, вале то ҳоло дар ин замина назарпурсие анҷом нашудааст. Дар пурсишномаи саршумории ҷамъият дар соли 2020 саволи "шумо пайрави кадом дин ҳастед?" ҷой дода шудааст.

Ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода дар Тоҷикистон таълимоти диниро манъ карданд ва майдонро холӣ гузоштанд. Мадрасаҳоро бастанд, вале ба ҷояш чизе пешниҳод накарданд. Майдон холӣ монд, ки аз он гурӯҳҳои тундрав метавонанд истифода кунанд. Ҷавонон вақте расман расман дар ҷое таълим намегирад, аз интернет меомӯзад ва ё аз ягон нафари дигар пинҳонӣ. Ба ӯ аз рӯи кадом равия таълим дода мешавад, дигар онро назорат кардан имкон надорад",-гуфт ӯ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG