Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба вазорати тандурустӣ иҷозат надоданд, шираи камол ҷамъоварӣ кунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ба дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои дарёфти иҷозаи ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол посухи рад додааст.

Ҳамроқул Аҳроров, як масъули кумита рӯзи 16 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба вазорати тандурустӣ тавсия додаанд, ки шираи камолро аз ширкати «Фароз» дастрас намояд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар посух ба ин суол, ки чаро ба вазорат иҷоза надоданд, посух дод, ки бар тибқи қарори ҳукумат “Ширкате, ки мехоҳад, ба ҷамъоварию коркарди шираи камол машғул шавад, бояд технологияи замонавӣ дошта бошад”, вале вазорати тандурустӣ чунин технологияҳоро надорад.

Аҳроров афзуд, вазорати тандурустӣ мехост, соле то ду тонна шираи камол ҷамъ орад ва аз он дору созад: “Гуфтанд, метавонед бо “Фароз” шартнома бандед, ҳамкорӣ кунед ва шираи камолро аз ин ширкат дастрас кунед. Метавонанд, маҳсулоти омодаро аз “Фароз” гиранд ва дору тайёр кунанд”.

Масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист афзуд, барои дарёфти иҷозатномаи ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол маҳдудият нест ва ҳар ширкате, ки дорои технологияи ба талабот ҷавобгӯй аст, метавонад, барои иҷозатнома муроҷиат кунад.

Салим Абдулазизов, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз дархости иҷозатномаи ҷамъоварии шираи камол иттилои дақиқ надорад, аммо як корхонаи коркарди гиёҳи шифобахш дар назди вазорат таъсис додаанд, ки метавонад аз шираи камол доруҳои гуногун истеҳсол кунад. Ӯ афзуд: “Ҳоло корҳои лабораторӣ рафта истодаанд. Таҳияи дору як кори мураккаб аст ва ба ҳамин мутобиқ таҷҳизот овардем. Барои анҷоми корҳои озмоишӣ шираи камолро аз ширкати “Фароз” гирифтем. Ҳангоме, ки дар саноати дорусозӣ ба роҳ монда шуд, мо бо ширкати ҷамъоварикунандаи шираи камол шартнома баста, бар асоси шартнома чӣ қадаре лозим шуд, дастрас менамоем”.

Тиҷорати сердаромад дар дасти кист?

Таваҷҷӯҳи вазорати тандурустӣ ба шираи камол дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳоло танҳо ширкати “Фароз” ва “Мину-фарм” иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранду халос. Ду моҳ қабл даҳҳо тан аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурӯхтаанд, дар назди идораи ширкат ҷамъ омада, хостори бознигарии қарордодҳояшон шудаанд.

Таҷаммӯи коргарон дар назди ширкат бо боздошти чанд нафар анҷомид. Он замон яке аз коргарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати “Фароз” хостааст, ки ҳар килои шираи камолро ё бо қимати 10-долларӣ ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.

Аммо масъулини ширкати "Фароз" мегуфтанд, онҳо мехоҳанд. коргарон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бар асоси шартнома кор кунанд, чун ширкат барои ҳар кило шираи камол маблағ намедиҳад.

Шираи камол аз рустаниҳои шифобахшест, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад. Ширкати “Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад.

Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назорати бисёр соҳаҳои сердаромади кишварро дар ихтиёр дорад. Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат ба ин гузориш вокунише накардааст.

XS
SM
MD
LG