Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шуморе аз гирдомадагони назди дафтари "Фароз". ВИДЕО


Норозиёне, ки рӯзи 29-уми апрел дар назди дафтари ширкати "Фароз" дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд, мегӯянд, наздик ба 15 нафари онҳо боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи онҳо, бархе аз ин афрод ҳоло дар боздоштгоҳҳои муваққатии Душанбе ва Турсунзода нигаҳдорӣ мешаванд. Гуфта мешавад, шуморе аз ин афрод, ки аз сӯи мақомот дар Данғара боздошт шуда буданд, пас аз як шабонарӯз озод карда шуданд.

Яке аз кормандони хоҷагии ҷамъоварии шираи камоли ширкати "Фароз" дар шаҳри Турсунзода, ки бародари ӯ низ боздошт шудааст, рӯзи 1-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони милисаи ноҳия баъди бозгашт аз Душанбе шоми ҳамон рӯз 8 нафар аз коргаронро боздошт карданд.

Вай гуфт, "дар ҳоли ҳозир коргарон Ашӯр Камолов, Илҳом Қараев, Ҷамол Солеҳов, Нуриддин Аминов, Маҳмадулло Мирзоев, Фозил Муҳаммадов, Илҳом Давлатов ва Далер Сафаров дар боздоштгоҳи шаҳри Турсунзода нигоҳдорӣ мешаванд ва озод нашудаанд".

Ба гуфтаи наздикони ин афрод, алайҳи онҳо бар пояи моддаи 479-и Кодекси маъмурӣ, яъне "риоя накардани талаботи қонунии мақомоти умури дохила", парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ ва аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҷарима пешбинӣ мекунад.

Аммо навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода рӯзи 1-уми май дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, ки дар ин бора роҳбарони шӯъба иттилоъ доранд.

Гуфта мешавад, ки дар Боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилии пойтахт низ шаш нафар аз ин коргарон нигаҳдорӣ мешаванд. Як манбаъ дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе тасдиқ кард, ки бархе аз афроде, ки дар назди дафтари ширкати "Фароз" ҷамъ омада буданд, дар боздошт қарор доранд. Аммо манбаъ шумораи дақиқи боздоштшудаҳоро зикр накард.

Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд таи се рӯз мешавад дар назди бинои боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт дар ноҳияи Фирдавсӣ қарор доранд, вале масъулони боздоштгоҳ иҷозат намедиҳанд, ки бо пайвандонашон мулоқот кунанд.

Ризвон Мирзоев -- писари Маҳмадқодир Мирзоеви 55-сола аз Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт падарашро дастгир намуда, ба боздоштгоҳи шаҳр оварданд, вале ягон мартаба имкон надоданд, ки аз ҳоли падараш бохабар шавад.

“Имрӯз се рӯз мешавад, ки кормандони боздоштгоҳ фақат хӯроки овардаамонро қабул мекунанду тамом, аммо намегузоранд, ки бо падарам мулоқот кунам. Ҳамроҳи бародарам аз субҳи барвақт дар нади боздоштгоҳ ҳастем. Ҳоло дар боздоштгоҳ 6 нафар аз коргароне, ки дар назди “Фароз” буданд боздошт шуданд, чор нафарашон аз ноҳияи Данғара ҳастанд ва ду нафарашон аз Ҳисор. Вакили мудофеъ оварданд. Вай бо иҷозатномаи суд омад, лекин намонданд, дохил равад. Падари ман фақат барои он рафта буд, ки масъалаи музди кориаш дида шавад, тамом.”

Наздикони боздоштшудаҳои дигар низ мегӯянд, ки аз сарнавишти пайвандонашон нигаронанд. Аммо, ба гуфтаи яке аз онҳо, панҷ тан аз афроде, ки дар назди дафтари ширкати "Фароз" ҷамъ омада буданд, дар ноҳияи Данғара низ боздошт, аммо субҳи рӯзи дигар озод карда шудаанд.

Гирдиҳамоӣ дар назди дарвозаҳои ширкати "Фароз"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

"Барои чӣ одамони моро савор карда мебаред?"

Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи "Фароз" шираи камол мефурӯхтаанд, рӯзи душанбеи 29-уми апрел дар назди идораи ин ширкат дар Душанбе ҷамъ омада, хостори бознигарии қарордодҳояшон шудаанд.

​Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати "Фароз" хостааст, ки ҳар килои шираи камолро ё бо қимати 10-долларӣ ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.

Ӯ гуфт, ки баъзе аз онҳое, ки омадаанд, дар ноҳияи Ҳисор хоҷагии кишоварзӣ доранд ва ба ҳар корманд сари ҳар шираи камол 200 сомонӣ мепардохтанд. Ҳоло ба қавли ӯ, "Фароз" мехоҳад, ҳар кило шираи камолро, ки қаблан 70 то 80 доллар буд, 10 долларӣ бихарад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки рӯзи душанбеи 29-уми апрел шоҳиди таҷаммӯи коргарон дар назди яке аз дафтарҳои "Фароз" буданд, мегӯянд, чанд мошини милиса ҳам инҷо омаданд ва афсарони милиса аз коргарон хостаанд, ки пароканда шаванд.

Дар видеоҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки мардуми асабонӣ дар яке аз ин маҳаллаҳо аз Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мепурсанд, ки "барои чӣ одамони моро савор карда мебаред”. Зоҳиран онҳо ба боздошти чанде аз коргароне ишора мекунанд, ки барои расонидани шикоят ба дари ширкати "Фароз" омадаанд.

Масъулони "Фароз" чӣ мегӯянд?

Масъулони ширкати "Фароз" мегӯянд, онҳо мехоҳанд коргарон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бар асоси шартнома кор кунанд, чун ширкат барои ҳар килограмм шираи камол маблағ намедиҳад.

Исматулло Зиёев, муовини раиси ширкати "Фароз".
Исматулло Зиёев, муовини раиси ширкати "Фароз".

Исматулло Зиёев, муовини раиси ширкати "Фароз" пас аз пароканда шудани эътирозгарон дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи калони коргарон баъди эълони ҷои кор аз тариқи телевизион, норозӣ шуданд ва хостанд мо тартиби додани маблағро барои ҷамъоварии шираи камол бекор накунем.

Исматулло Зиёев гуфт, ки ширкати "Фароз" дорои иҷозатнома аст ва бештар аз минтақаҳои Данғараву Ҳисор ва Шаҳринав шираи камол ҷамъоварӣ мекунад ва ҳудуди ҳазор коргар дорад. Теъдоди мутахассисони афғон то 60 нафар будааст. Ин масъули ширкати "Фароз" гуфт, онҳо тасмим надоранд, ки аз ин бештар коргарони афғонро ҷалб кунанд. Вале кормандон мегӯянд, бахши умдаи кор дар дасти ширкатҳои афғонист.

Шираи камол дар дасти "Фароз"

“Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад. Ширкати “Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад. Ширкат тиҷораташро дар арсаи тибро аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард.

Дар ҳоли ҳозир дар 11 ноҳияи Тоҷикистон майдонҳои шираи камол вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара, Ёвон,Темурмалик, Ҳисор, Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросон, Рудакӣ, Турсунзода ва Шаҳринав.

XS
SM
MD
LG