Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ормони миллии тоҷикон кадом аст?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Коршиносон мегӯянд, дар 27 соли гузашта Тоҷикистон натавонистааст ормони ягонаи миллиро пайдо кунад. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, дар ин муддат ба баъзе масоил ҳамчун ба ормони миллӣ муносибат шудааст.

Яке аз омилҳои муҳими миллатшавии мардум иқтисоди тавоност, ки мо ҳанӯз ҳам чунин иқтисоде надорем.

​Дар ҷустуҷӯи идеяи миллӣ

Абукарим, донишҷӯи соли севуми факултаи равобити байналмилалии яке аз мактабҳои олии Русия, солҳои охир ба мушкилоти идеяи миллӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ дар ин мавзуъ як рисолаи хурди илмӣ ҳам навишт. “Соли гузашта баъди дарси сиёсатшиносӣ дар мавзӯи идеяи миллӣ ба фикр задам, ки оё Тоҷикистон идеяи миллӣ дорад? Баъд аз он кам-кам ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ кардам”, - нақл кард ӯ рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ ва ба даст овардани истиқлол, Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ҷиддие қарор гирифт. Идеяи сохтмони ояндаи коммунистӣ, ки бо он 70 соли кишвар сипарӣ шуд, халал ёфт ва идеяи нави алтернативӣ натавонист ба вуҷуд биояд. Ва 27 сол аст, ки дар кишвар ба дунболи як идеяи муассири миллӣ мегарданд, то битавонад ҳамаро бидуни вобастагиҳои минтақавӣ, қавмӣ ва динӣ муттаҳид намояд ва ба унвони як раҳнамо барои миллати тоҷик хидмат кунад.

Дар замони истиқлол аз сӯйи ҳукумат борҳо талошҳои эҷоди идеяи миллии зарурӣ ва қобили қабул сурат гирифт. Вале таҷриба нишон дод, ки ҳеч кадом аз идеяҳои пешниҳодӣ ба сифати як қувваи пешбарандаи ҷомеа, миллат ва шаҳрванди ҷудогона, ки ташаббускорон рӯи он ҳисоб карда буданд, қарор нагирифт.

Ибтикорҳои “боло”

Талошҳои пешниҳоди идеяи миллӣ ба ҷомеа аз ҷониби ҳукумат дар поёни солҳои навадум оғоз шуд, ки он замон гузаштаи таърихии тоҷиконро ба сифати маҳаки ин идея пешбарӣ намуда буданд.

Соли 1999 таҷлил аз 1100-солагии давлати Сомониён ҳамчун нахустин давлати тоҷикон дар таърих, соли 2006 “Соли тамаддуни ориёӣ” ва 2009 – Соли гиромидошти Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ эълон шуд. Инчунин, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳамчун “сохтмони аср” дар сатҳи як идеяи миллӣ матраҳ гардид. Ибтикори эътои мақоми “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати тоҷик” ба президент Эмомалӣ Раҳмонро дар соли 2015 аксари коршиносон ба унвони як идеяи муттаҳидкунанда пазируфта буданд.

Бо ин ҳол, тавре коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ изҳор мекунанд, ташаббусҳои марбути идеяи миллие, ки бештар тавассути ҳукумат аз боло матраҳ шуданд, хеле кам дар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии воқеӣ қарор гирифтанд ва аз ин хотир самараи лозимро надоданд.

Баҳсҳои доманадор

Умед Ҷайҳонӣ
Умед Ҷайҳонӣ

Бо вуҷуди ин ҳама, миёни доираҳои фикрӣ ва коршиносии ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо дар мавриди зарурат ва самарбахшии идеяи миллӣ то кунун аз миён нарафтаанд. Рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Маскав Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, пеш аз он ки дар мавриди идеяи миллӣ суҳбат кунем, зарур аст, дар кишвар раванди шаклгирии як миллат хотима ёбад.

“Яке аз омилҳои муҳими миллатшавии мардум иқтисоди пуёву созову тавоност, ки мо ҳанӯз ҳам чунин иқтисоде надорем. Яке аз омилҳои дигари муҳим барои ҳамбастагии миллӣ роҳу тарҳоварӣ аст, ки шумо барои аз як шаҳр ба шаҳри дигар бе мушкилӣ ва бо масрафи камтар ҳаракат кунед. Яке аз муҳимтарин омилҳои дигар барои миллатсозӣ ин забону фарҳанг аст. Забон дар расонаҳо як абзори ҳамбастагии миллӣ аст ва мо чунин як забонро ҳам надорем, ки битавонад миллатро воҳид созад”, - таъкид мекунад Ҷайҳонӣ.

Ба унвони идеяи миллӣ ӯ се интихоби эҳтимолиро пешниҳод мекунад:

  • Идеяи “озодӣ, оромӣ ва ободӣ”;
  • Идеяи “иттиҳоди тоҷикон дар як кишвар”;
  • Идеяи “зинда мондан”.

“Дар шароити кунунӣ ин идея метавонад хеле муассир бошад. Яъне мурда-мурда зинда мондан на, балки беҳбуди зиндагии худ ва бар асоси он, андохтани сармояе барои беҳбуди зиндагии наслҳои оянда”, - тавзеҳ дод Умед Ҷайҳонӣ.

“Тоҷики рақобатпазир” - идеяи миллӣ

Муттаҳид кардани ҷомеа бар асоси ин ё он идея, ба назари сиёсатшиносҳо, яке аз ҳадафҳои асосии ҳар кадом низоми сиёсӣ ба шумор меравад. Идеяи муассир ҳаққи роҳбаронро барои дар ихтиёр доштани мақоми худ тавҷеҳ мекунад ва барои таъмини субот мусоидат менамояд. Бинобар ин, ҳар низоми ҳоким алоқаманд ба эҷоди як идеяи муассири миллӣ аст.

Коршиноси тоҷик Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён бовар дорад, Тоҷикистон соҳиби идеяи миллии худ аст, “агар мо ғояи миллӣ гуфта, як системаи арзишҳоеро, ки таъинкунандаи маънии ҳаёти сиёсиву иҷтимоиянд, қабул кунем”. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ин идея бештар бар асоси "гуфтумони болшевикӣ" сохта шудааст.

Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён
Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён

“Аз ин нуқтаи назар наметавон гуфт, ки Тоҷикистон ғояи миллӣ надорад. Мо мебинем, дар миёни қаҳрамонони имрӯзи Тоҷикистон низ нафароне ҳастанд, ки дар замони болшевизм ба вуҷуд омадаанд. Дар миёни қаҳрамонони тоҷик мо наметавонем Муқаннаъ, Восеъ ё Деваштичро бубинем. Вале дар миёнашон Шириншоҳ Шотемур, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, хуллас онҳое, ки дар доираи гуфтумони болшевикӣ буданд, вуҷуд доранд. Ва назари ман ҳамин аст, ки маҳз ҳамин гузаштаи таърихӣ ва иродаи сиёсӣ монеаҳои асосианд барои ба вуҷуд овардани ғояи миллии воқеӣ”, - таъкид мекунад Дӯстмуҳаммадиён.

Яке аз монеаҳои дигар барои шаклгирии идеяи миллӣ ба назари ӯ исломӣ будани табиати ҷомеаи Тоҷикеистон аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо ҳувияти мазҳабӣ болотар аз ҳувияти миллӣ ва қавмист ва мардум дар қадами нахуст худро мусалмон медонанд.

Дӯстмуҳаммадиён ба сифати идеяи миллии тоҷикони муосир идеяи “тоҷики рақобатпазир”-ро матраҳ мекунад. “Ин ба назари ман як нафарест, ки ҳадди ақал 3-4 забон медонад, бо ҳуруфи ниёкон хонда метавонад ва хуштарбия аст ва ба қонун итоаткор аст. Агар Шумо аз ҳар тоҷике, новабаста аз минтақаи зисташ, суол кунед, ки онҳо барои фарзандонашон чӣ гуна ояндаро хоҳонанд, тақрибан ҳамаи ин чизҳоро хоҳанд гуфт”, - шарҳ дод ӯ.

“Истифода аз таҷрибаи ҳиндуҳо”

Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, идеяи миллӣ дар ҳоли ҳозир дар мафҳуми “Пешвои миллат” таҷассум ёфтааст, ки “тибқи он сардори давлат падари миллат эътироф мешавад”.

“Ин консепсияи падаргароӣ, падарсарварӣ ё патернализми шарқиёна аст ва мо аз арзишҳои Шӯравӣ баргаштем ба консепсияи шоҳаншоҳӣ ё шоҳи одил”, - таъкид мекунад коршинос.

Абдуғанӣ Мамадазимов се гузинаи рушди ин консепсияро мебинад:

  • Гузинаи мураккабтар ва каме матлубтари Арабистони Саудӣ, ки салтанатӣ (монархӣ) аст;
  • Сенарияи озарӣ, ки тибқи он қудрат аз Ҳайдар Алиев ба писараш Илҳом Алиев гузашт;
  • Гузинаи сеюм таҷрибаи ҳиндуҳост.
Абдуғанӣ Мамадазимов
Абдуғанӣ Мамадазимов

“Замоне се узви як хонавода Ҷавоҳирлал Неҳру, Индира Гандӣ ва Раҷив Гандӣ, ки ҳамзамон узви як ҳизб – Кунгураи миллии Ҳиндустон буданд, тавонистанд Ҳиндро ба яке аз кишварҳои демократӣ табдил диҳанд”, - мегӯяд Мамадазимов. Ин сиёсатшинос ба нухбагони (элита) ҳукмрон пешниҳод менамояд, ки консепсияи "Пешвои миллат"-ро на бар асоси салтанатӣ, балки бар асоси таҷрибаи Ҳинд бисозанд. Ӯ бар ин бовар аст, ки бо ин роҳ мешавад ҳам ризояти миллиро ҳифз кард ва ҳам ба иттиҳоди миллӣ расид.

Алайҳи идеологияи давлатӣ

Аммо на ҳамаи коршиносон андеша доранд, ки идеяи миллӣ бояд аз сӯи ҳукумат таҳия шавад. "Агар ба таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои рушдёфта назар афканем, онҳо идеяи расмӣ надоранд. Бинобар ин, хубтар аст талош кунем он идеяҳоеро, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон, Эъломияи истиқлол ва Изҳороти Шӯрои Олӣ дар мавриди истиқлоли сиёсии кишвар бо назардошти уҳдадориҳо дар назди СММ ва САҲА омадаанд, мунтазам иҷро кунем", - мегӯяд доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ӯ чунин меҳисобад, ки идеяи миллӣ метавонад беҳтар кардани шароити зиндагии мардум бошад ва эҷоди кадом як идеологияи миллӣ мисли замони Шӯравӣ иштибоҳ аст. Ин донишманд пешниҳод мекунад, ки ба "усулҳои бунёдиии марбут ба ҳуқуқи башар, ки дар боби авали Қонуни асосӣ таҷассум ёфтаанд ва ҳеч замоне моҳияти худро аз даст намедиҳанд ва табиати доимамалкунанда доранд" таваҷҷуҳ кунем.

Дар воқеъ, кишварҳои пештози ҷаҳони муосир идеяи миллиро дар асноди ҳуқуқии худ ворид накардаанд. Ин идея аз ҷониби равшанфикрон, намояндаҳои зиёиёни эҷодкор таҳия ва пешниҳод мешавад ва ҷомеа мепазирад, ки он ба сифати раҳнамое барои муттаҳид кардани ҳар фарди миллат қарор мегирад. Ба унвони намуна мешавад таҷрибаи Амрико ва идеяи "ормони амрикоӣ" ва таҷрибаи Ҷопон ва "миллигароии фарҳангӣ"-и он ё таҷрибаи Фаронсаро бо консепсияи соҳибихтиёрияш мисол зад.

Ҳамаи ин миллатҳо бо ҳамбастагии вижа, руҳия ва табиати миллие, ки боис ба рушд ва пушти по задани мушкилоташон шудааст, фарқ мекунанд.

Кишварҳои пасошӯравӣ то кунун наметавонанд идеяи миллии худро мушаххас кунанд, ки баъзан ба низоъҳои гуногун дар ҷомеа оварда расонидааст. Дар кишварҳои дорои аҳолии мусалмон боиси рушди идея ва равияҳои исломии тундрав шудааст.

Дар бархе аз кишварҳо равшанфикрон наметавонанд баромадгоҳи ягонае барои миллат пайдо кунанд ва дар кишварҳои дигар нухбагони сиёсӣ дар сатҳе қарор надоранд, ки авлавиятҳои худро барои оянда мушаххас намоянд.

Дар Тоҷикистони имрӯз, тавре Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён таъкид мекунад, ибтикорҳои сиёсиро танҳо як марказ – ҳукумат – метавонад ба миён гузорад. Дар чунин шароит, ба гуфти ӯ, идеяи воқеии миллӣ наметавонад фаротар аз ин марказ ба вуҷуд биояд ва аз ҷониби гуруҳҳои дигар матраҳ шавад.

Бояд гуфт, ки вақтҳои ахир мақомоти Тоҷикистон бештар ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷуҳ мекунанд. Ба ҷуз бартарии фаннии тарҳ, ба ироаи ин тарҳ ба унвони идеяи миллӣ, ки қодир ба беҳтар кардани ояндаи миллат аст, низ таъкид мешавад. Ба таври мутантан ба кор даровардани чархаи аввали ин нерӯгоҳ далели ин гуфтаҳост.

XS
SM
MD
LG