Пайвандҳои дастрасӣ

Озмуни миллии қориёни "Қуръон" дар Душанбе (ВИДЕО ва АКСҲО)


Дар Душанбе озмуни миллии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» оғоз ёфт. Дар ин озмун довталабон аз гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Дар озмуни «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», ки имрӯз, 29-уми апрел шуруъ шуд, 30-уми апрел ва 1-уми май дар шаҳри Душанбе давом мекунад ҳудуди 136 ҳофизи Қуръони карим аз тамоми гӯшаву канори кишвар дар он иштирок доранд. Имрӯз бахши ифтитоҳии озмун, ки ҳофизони 20 ҷузъи Қуръон дар он иштирок мекунанд, дар масҷиди марказии Душанбе баргузор шуд ва ғолибони он пагоҳ дар озмуни калон роҳхат хоҳанд гирифт.

Қобилҷон Ҷамолов, яке аз масъулони озмуни «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», рӯзи 29-уми апрел дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки озмун аз рӯи 5 бахш баргузор ба роҳ монда шудааст ва дар он ҳофизони Қуръон, ҳофизони аҳодис ширкат доранд, ки нафарони то сини 25 –соларо дар бар мегирад.
Аз ҷумла озмун дар риштаҳои ҳифзи кули Қурони карим бо риояи таҷвид ва тафсири сураи «Бақара» ва «Оли Имрон», ҳифзи қулли Қуръони карим бо зикри номи сура, рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръони карим ва ҳифзи «Чиҳил ҳадис»-и Имом Нававӣ, ҳифзи кули Қуръони карим бо риояи таҷвид ва панҷум ҳифзи 20 ҷузъи Қуръони карим бо риояи таҷвид ба роҳ монда шудааст.

Озмуни «Ҳифз ва қироати Қурони карим» соли дувум аст, ки бо ташаббуси Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абуҳанифа ва сарпарастии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Масъулон ҳадаф аз баргузории ин озмунро дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ташвиқи ҷавонон ба илмомӯзӣ унвон мекунанд.

Бахши асосии озмун фардо 30-юми апрел дар маркази равобити «Пойтахт» идома меёбад. Дар озмун дар умум 15 нафар дар ҷойҳои якум дувум ва сеюм ғолиб дониста мешавад, яъне аз ҳар як бахши озмун се ҷой барои се нафар ҷудо карда шудааст. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад. Аммо масъулон гуфтанд, ки тӯҳфаҳо ҳоло дақиқан муайян нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG