Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикписар -- қаҳрамони филми «Қуръон дар дил»


Набиюллоҳ Саидов
Набиюллоҳ Саидов

Сарнавишти кӯдаки 10-солаи тоҷик дар филми амрикоӣ таълиму тарбия ва дину давлатро ба ҳам васл кардааст.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи «Блогнависони тоҷик» таъсис ёфтааст, ки хабару гузоришҳои тозаву ҷолиберо дастраси ҳамагон мекунад. Дар ҳамин пойгоҳ иттилое нашр шуд, ки моро ба сӯҳбати блогнависи тоҷик Иброҳим Рустамов бурд.

Вай аз тариқи торнигори худ хабар дод, ки як писарбачаи 10-солаи тоҷик дар меҳвари филми нави мустанади амрикоӣ қарор гирифтааст ва намоиши филм дар Амрико бо оғози моҳи Рамазон шурӯъ шудааст. Аз Иброҳим Рустамов пурсидем, ин чӣ филмест ва ба кадом далел писараки тоҷик қаҳрамони он баргузида шудааст?

Иброҳим Рустамов: «Ин филм «Қуръон дар дил» ном дорад ва пахши он аз рӯзи аввали моҳи Рамазон аз тариқи шабакаи машҳури HBO (Home Box Office) сар шуда, серияҳои он ҳар рӯзи душанбе пахш мешаванд. Дидани писарбачаи тоҷик дар он барои ман хеле хурсандибахш буд, зеро фикр кунед, миллионҳо нафар дар Амрико ӯро мебинанд ва ба воситаи ӯ Тоҷикистонро низ. Гап дар ин аст, ки шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон бо номи Набиюллоҳ Саидов пас аз пирӯзии ҳайратовар дар озмуни қориёни «Қуръон» дар Қоҳираи Миср мавриди таваҷҷӯҳи филмсозон қарор ёфтааст. Вай садои хеле хуш дорад ва тамоми «Қуръон»-ро аз бар кардааст ва ба яке аз ситораҳои озмуни Миср табдил ёфт. Дар филм мебинем, ки ҳангоми хондани ӯ доварону шунавандагон сахт мутаассир мешаванд, баъзеҳо ҳатто ашк мерезанд. Набиюллоҳ забони арабиро надонад ҳам, Қуръонро хеле зебо ва бо ҳама нозукиҳояш қироат кард. Ӯ аз 100 холи мумкин 95 хол гирифта, ҷойи сеюмро ишғол кард. Баъдан ҳайати тадорукотии озмун тасмим мегирад, ки Набиюллоҳ дар маросими хотимавии озмун дар назди раиси ҷумҳурии онвақтаи Миср Ҳуснӣ Муборак, «Қуръон»-ро қироат намояд. Баъд аз қироат, Ҳуснӣ Муборак дасти Набиюллоҳ ва дигар ғолибони озмунро фишурда, ба онҳо ифтихорномаҳо медиҳад.»

Суол: Ҷолиб аст. Аммо филмсозон сарнавишти кӯдаки тоҷикро чӣ гуна ба тасвир кашидаанд?

Иброҳим Рустамов: «Филмсозон ҳамаи эҳтирому диққати ба сӯи Набиюллоҳ ҷалбшударо ба назар гирифта, аз аввал то охири филм гаштаю баргашта ҳам дар Миср ва ҳам дар Тоҷикистон аз ҳаёти Набиюллоҳ нақл мекунанд. Набиоллоҳ мегӯяд, ки дар вақти қироати Қуръон чашмонашро мепӯшад ва саҳифаҳои Қуръон ба назараш меоянд. Вақте чамонашро мекушояд ҳушаш парешон мешавад.

Аз рӯи нақли устоди Набиюллоҳ, маркази исломӣ дархост мекунанд, ки ягон нафар оё ҳаст, ки ба озмуни Қоҳира фиристода шавад. Баъд устод аз падари Набиюллоҳ дархост мекунад. Ба устоди Набиюллоҳ волидайн
Набиюллоҳ Саидов

занг мезадаанд, устод мегӯяд, ки “Писари Шуморо барои Озмуни Қоҳира тайёр кардагӣ ҳастем” падари Набиюллоҳ дар посух мегӯяд, ки “куҷое хоҳед фиристед ё нафиристед, кори шумост” Баъд устод Набиюллоҳро интихоб карда, ба дархости маркази исломӣ посух медиҳад.

Дар филм гуфта мешавад, ки мадрасае, ки Набиюллоҳ дар он ҷо дарс мехонд, қабл аз сафари ӯ ба Қоҳира аз тарафи “ҳукумати дунявии Тоҷикистон баста шуд”. Илова бар ин гуфта мешавад, ин тасмими ҳукумат “бино бар сиёсати саркӯби ифротгароёни исломӣ дар кишвар” аст."

Суол: Ҳатман сарнавишти Набиюллоҳ масъалаи сиёсатҳои имрӯзаи давлати Тоҷикистонро дар баробари дин ба майдон кашидааст. Аммо манзур Қонуни нави масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд аст?

Иброҳим Рустамов: «На мушаххасан ин, балки умуман талошҳои давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ ва мумониат ба ҷалб шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳи тундрави исломӣ, баста шудани мактабҳои ғайрирасмии динӣ ё масҷидҳои бидуни сабти ном ва монанди инҳо. Ба сурати умум ин талош як талоши мусбат аст, аммо тавре дар ин филм ва баҳсҳову форумҳои зиёди интернетӣ мебинем, шеваҳои ҳукумат барои расидан ба мақсади мусбат пайомадҳои манфӣ медиҳанд, зеро ба гуфтаи бисёриҳо, амиқу ҳамаҷониба ва илмӣ тарҳрезӣ нашудаанд. Аслан, набояд чизеро бо зӯр ба сари касе таҳмил кард. Бояд ба маърифати ҳуқуқӣ ва динии мардум кӯмак кард, то ки худи халқ роҳи ҳифзи фарзандонро аз равишҳои номатлуб дарк кунад ва ба кор барад. Ҷомеа бояд боз ва озод бошад, аммо аз лиҳози ҳуқуқӣ пешрафта. Шояд бо назардошти вазъи ҷомеа ҳукумат мехоҳад аз тариқи қонун роҳи дурустро нишон диҳад, аммо мардум онро ба таври дигар ва куллан манфӣ мефаҳманд. Вале дар рӯзҳои паҳн шудани хабари Қонуни нави масъулияти волидайн ба намоиш даромадани филм ин мавзӯъҳоро низ ба мавзӯъҳои рӯз табдил медиҳад.»

Суол: Оё вокунишҳои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла норозигиҳо аз ин сиёсат низ дар филм бозтоб ёфтаанд?

Иброҳим Рустамов: «Бале, ҳатман. Масалан, дар филм устоди Набиюллоҳ мегӯяд, ки сабаби баровардани қонун ва баста шудани мадрасаҳоро давлат худаш медонад. Шояд барои пайдо нашудани ақоид
Устод ва ҳамсинҳони Набиюллоҳ

ва таълимоте бошад ё шояд давлат бояд бидонад, ки дар кадом таълимгоҳ чӣ ақида, чӣ равия таълим дода мешавад. Мабодо таълимоти зидди давлатӣ бошад, мабодо таълимоти дигар бошад. Ба саволе ки муаллифи филм аз устоди Набиюллоҳ пурсид оё Набиюллоҳ ба мадраса омада метавонад ё на, устод посух медиҳад, ки “то расмӣ шуданаш мадраса мамнӯъ аст”. Падари Набиюллоҳ ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда, мегӯяд, ки аз ин сабаб таҳсил қатъ шуда, он солҳо ба Русия ба кор мерафтанд. То расмӣ шудани мадрасаи басташуда Набиюллоҳ ба мактаб-гимназияи исломии Тоҷикистон, ба пойтахт, меравад. Ҷаноби Қосимов, директори гимназияи исломӣ дар филм мегӯяд: “Таълим дар ҳуҷра барои имрӯзи Тоҷикистон мушкил аст, зеро кӯдак таҳти назорат, ақида ва таълими як нафар қарор мегирад. Ифротгароӣ ва ҳар гуна зуҳуроти бад дар ҷавонон аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад”.

Суол: Иброҳим, Шумо дар блоги худ навиштаед, ки аз як нукта андӯҳгин шудед, яъне аз он ки Набиоллоҳ ба забони модарияш хонда ва навишта наметавонад, дуруст аст?

Иброҳим Рустамов: «Комилан. Набиюллоҳ ба ҷуз аз хондани «Қуръон» бо забони модарии худ навиштан ва хонданро намедонад. Вақте Ҷаноби Қосимов аз Набиюллоҳ дар бораи навиштан ба тоҷикӣ мепурсад, Набиюллоҳ хомӯш мешавад. Ҷаноби Қосимов мегӯяд: ”Дар робита ба хондан ва навиштани ӯ ҳаминро бояд бигӯем, ки дар навиштани хатти сириллик ё хатти тоҷикӣ... зеро Набиюллоҳ, тамоми соли таҳсили худ фақат таваҷҷӯҳи худашро ба ҳифзи «Қуръон» равона кардааст, на ба омӯхтани забони тоҷикӣ, забони арабӣ ё навиштани имло.” Баъди бозгашт аз Қоҳира Набиюллоҳ бо падараш ба гимназияи исломии назди Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон меоянд ва дар ин ҷо пас аз
Иброҳим Рустамов

мубоҳиса ба Набиоллоҳ лозим меояд ки аз сабаби навишта ва хонда натавонистан бо забони модарии худ шитобкорна ба санҷишҳо омода шавад. Аммо Лекс Уолкер, як блогнавис аз филм интиқод карда, саволеро дар миён мегузорад, ки барои чӣ Набиюллоҳ ба он мактаб бидуни санҷишҳо қабул нашуд. Лекс Уолкер ба саволи худ посух дода менависад, ки “агар ӯ (Набиюллоҳ) устоди бомасъулияте медошт, ки ба ӯ на фақат ҳифзи кардани «Қуръон»-ро дарс медод шояд имрӯз ба мактаб бидуни санҷишҳо қабул мешуд”. Бо Лекс ҳамнавоям, аммо бояд қайд кард, ки маҳз бо саъю кӯшиши устодаш ба Набиюллоҳ муяассар шуд ҷойи намоёнро дар озмуни байналмиллалӣ ишғол намояд."

Суол: Ба назари Шумо, барои амрикоиён, ки ин филмро тамошо мекунанд, кадом нуктаҳо ҷолиб хоҳад буд?

Иброҳим Рустамов: «Бубинед, бархе аз одамон бар ин назаранд, ки танҳо дар хориҷа, дар кишварҳои исломӣ донишҷӯён илми дини исломӣ гирифта метавонанду халос, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дорои устодоне мебошад, ки шогирдони мисли Набиюллоҳро тарбия карда метавонанд ва шароите барои тарбия доранд. Хуб мешавад, вақте устоди Набиюллоҳ дар мадраса навиштан ва хондан, омӯзиши забон ва фанновариҳои ҷадидро низ ба роҳ монда, дар чаҳорчӯбаи қавонини ҷумҳурӣ мадрасаро сабти ном мекарданд.»

Суол: Аммо надоштани саводи забони модарии хеш баёнгари он нест, ки ҳамин тавр наврасон аз улуми дунявӣ дар канор мемонанд?

Иброҳим Рустамов: «Ман фикр мекунам, ҳар омӯзише метавонад пойдевор ё заминаи қавӣ бошад. Бо истеъдод ва хотираи пурқуввати худ, ки дар филм Набиюллоҳ нишон медиҳад, шакке нест, ки дар муддати кӯтоҳ дигар фанҳои дунявиро бо осонӣ омӯзад. Падараш дар охири филм ба фарзанд бисёр насиҳатҳое хубе мекунад, ки метавонад ба бисёр падарон ибратомез бошад. Аз филм бармеояд, ки волидайн ва устодон бояд масъулиятшинос бошанд ва ин ба Қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбия хеле алоқаманд аст. Чӣ чизе устод ба шогирд мегӯяд, ба психологияи кӯдак таъсири манфӣ ё мусбат мерасонад. Барқарор кардани таъсири мусбат корӣ осоне нест. Хуб мешуд, дар баҳсҳои телефонӣ падари Набиюллоҳ аз устод дар бораи омӯзонидани забони модарӣ, имло ва истифода луғатномаҳо ва фарҳангҳо низ пурсон мешуд. Падари Набиюллоҳ мегӯяд, ки донистани забонҳои порсӣ, инглисӣ ва русӣ барояш дар ояндаи наздик хеле лозим хоҳанд буд.»

Суол: Агар мадраса ва масҷидро ҷое шуморем, ки шахсеро чун Набиюллоҳ ба воя расондаанд, чаро мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мо натавонистаанд, ӯро ҷалб кунанд?

Иброҳим Рустамов: «Ба фикри ман, мактабҳои мо чунин потенсиал ё имкониятҳоро доранд, аммо шояд эҷоди ҳавасмандӣ ё ангеза мавҷуд нест. Ва ҳам оянда ва дурнамо. Албатта, аз байни мактабхонон ҳам мо шоҳид мешавем, ки ғолибони олимпиадаҳои байнулмилалӣ пайдо мешаванд, аммо боз ҳам, ангезаи омӯзиш қавӣ нест ва омӯзгорони хуб ҳам, то ҷое ки мешунавем, аз вазъи иҷтимоии худ ноқаноатманд буда, ба муҳоҷират рӯ меоранд, ба касбҳои дигар мегузаранд ва дар натиҷа мактаб қашшоқ мешавад. Вазъи маориф ба ислоҳоти бунёдӣ ва сармоягузории азими давлатӣ ниёз дорад, зеро ин асоси ояндаи мамлакат аст.»

Суол: Интихоби байни мактабу мадраса, илмҳои дунявӣ ва динӣ интихоби худи кӯдакон аст ё интихоби падару модар?

Иброҳим Рустамов: «Ба эҳтимоли зиёд, интихоби падару модар. Дар ҳамин филм гуфта мешавад, ки падари Набиюллоҳ мехост, писараш қории «Қуръон» шавад. Дар филм дар бораи як духтарбачае аз ҷазираҳои Малдив нақл мешавад, ки падараш намегузорад, духтар дар оянда касби дилхоҳашро интихоб намояд. Падараш мегӯяд, ки “соҳибмаълумот мешавад, аммо соҳибхоназан (хонашин) хоҳад шуд”. Мутаассифона, мисли ин падар ҳастанд нафароне дар ҷомеаи мо, ки намехоҳанд фарзандонашон, хусусан духтарон, илова бар таълими динӣ соҳиби маълумоти дунявӣ шаванд. Фикр мекунам, ҳукумат маҷбур аст, бар асоси қонунҳо байналмиллалӣ ва озоди башар, чораҳои зидди волидайне андешад, ки барои фарзандони худ маҳдудиятҳои гирифтани таълими дунявӣ мекунанд.»

Суол: Аммо ба назари Шумо намерасад, ки ҳукумат бо манъи омӯзиши дин ё рафтан ба масҷид наврасонро аз пойгоҳи муҳими маънавӣ ҷудо мекунад?

Иброҳим Рустамов: «Дар ҳамин филм ноиби вазири ҳукумати Миср Доктор Салем Абдел-Ғалил мегӯяд, “Қуръон» ягона китобест, ки онро метавон ҳифз (аз ёд) кард. Ин як мӯҷизаест, ки кӯдакон онро ҳифз мекунанд, ҳатто бидуни фаҳмидани маънии он”. Бино ба гуфтаи муаллифони филм, доктор Салим дар Миср 100 000 масҷидро назорат мекунад ва яке аз шинохтатарин ва беҳтарин олимону рӯшанфикрони исломӣ ба шумор меравад. Доктор Салим мегӯяд, ки илова бар вазифаи расмиаш, ӯ боз як шахсияти расонаӣ ҳам ҳаст, ки бояд яке аз муҳимтарин паёмеро паҳн намояд, ки паёми мутаввасит аст. Ӯ мегӯяд “Амалҳои бемасъулона, ки шумо дар бархе аз муслимин мебинед, онҳо аз таълими «Қуръон» дур шудаанд ё «Қуръон»-ро дуруст намефаҳманд. Дуздӣ, робитаи ҷинсии берун аз издивоҷ, мастӣ, беадолатӣ, таҷовуз ва терроризм раво нестанд. «Қуръон» на фақат як китоби ибодат, боз як роҳнамои зиндагӣ аст, роҳнамои амалҳои нек аст”.




Суол: Шумо мегӯед, шахсан, тарафдори ҷомеаи озод ҳастед, аммо ҳар озодӣ марзҳои мушаххас дорад ва агар аз онҳо гузарад, ҳарҷу марҷ хоҳад буд. Ин марз дар озодии дин куҷост?

Иброҳим Рустамов: «Марзи озодии дин пеш аз ҳама дар қонун ва шинохту эҳтироми ҳуқуқи дигарон аст. Ба қавонин такя карда, ҳар шаҳрванд илова ба қавонин боз қоидаҳоро риоя намояд, ки дар чаҳорчӯбаи қонунҳо сохта шудаанд. Пеш аз ҳама ҳар фард бояд масъулияти худ ва ҳуқуқҳои худро донад. Дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ки ними зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, на ҳама шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ хабардоранд. Қонунҳо аз тарафи мардум мавриди баҳс қарор намегирад. Яке аз проблемаҳоро дар расонаҳои маҳаллӣ ва умуман дар дастрасӣ ба иттилоъ мебинам. Ислом назар ба дигар динҳо, дини сиёсист ва Шариати худро дорад. Бисёр нафарон Шариатро аз қонун боло медонанд дар ҳоле, ки бархе аз талабати Шариати Ислом бо ҷомеаи демократӣ ва санадҳои ҳуқуқҳои башари байналмиллаи рост намеояд. Аз ҳамин сабаб давлат дар як вақт бояд тариқи ҳамкорӣ бо пешвоён ва намояндагони дину мазоҳиб ва фароҳам овардани шароит дар ҷомеа ба тундгароӣ, нақзи ҳуқуқҳои занон ва ақаллиятҳо роҳ надиҳад. Аз сӯи дигар касе ба дини каси дигар бояд кордор набошад ва ҳамагон аз худдонамию худнамоии динӣ худдорӣ кунанд. Шояд он гоҳ марзи озодии дин ба чашми ҳама намудор шавад.»



Порчаҳо аз филм, ки ин ҷо мебинед, низ бо мадади Иброҳим Рустамов аз торнамои Ютюб дарёфт шудаанд.
XS
SM
MD
LG