Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амриддин Нахшов ба "авбошӣ" муттаҳам шуд, ширкати "Мину Фарм" бегуноҳ медонад


Ноҳияи Данғара

Мақомоти интизомии ноҳияи Данғара Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои "Нахш" ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистонро бо иттиҳоми "авбошӣ" ва ҳамроҳонашро ба "вайрон намудани дахлнопазирии манзил" муттаҳам кардаанд. Ширкати "Мину Фарм" Нахшовро, ки дар пайи муноқиша бо кормандони он дастгир шудааст, бегуноҳ медонад.

Ин гурӯҳи нӯҳнафарӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, ба он муттаҳам мешаванд, ки шоми 16-уми май дар як занозанӣ дар маркази Данғара ширкат кардаанд. Пештар Амриддин Нахшов фирор карда буд, вале Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми май хабар дод, ки ӯ "бо хоҳиши худ" ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара омада, "таслим шудааст".

Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ин гурӯҳ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ба қавли ӯ, Амриддин Нахшов танҳо бо "авбошӣ" айбдор мешавад, вале ҳамроҳонаш ба ҷуз "авбошӣ", инчунин ба "вайрон кардани дахлнопазирии манзил" муттаҳам шудаанд.

Ӯ гуфт, парвандаи Нахшов бар асоси банди 2-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад, ки аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин манбаъ гуфт, Нахшов то лаҳзаи "таслим шудан" озодона дар Данғара гаштугузор мекард ва касе ҷуръати боздошти ӯро надошт.

Нахшов ба он гумонбар аст, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати "Мину Фарм", паймонкори ширкати "Фароз", ҳамла кардааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ қаблан дар шарҳи ҳодиса гуфта буданд, ки дар ин рухдод ҳудуди даҳ кас захмӣ шуда, дар бадани чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шудааст. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод.

Ширкати “Мину Фарм” дар як нома, ки он бо имзои мудири ширкат Маҳмадализода Ф. ба дасти Радиои Озодӣ расид, Амриддин Нахшовро бегуноҳ донистааст.

"Дар ин муноқиша шаҳрванд Нақшов А. ҳамчун шахси халоскунандаи тарафҳо иштирок намуда, ҷавононро ба бетартибиҳо роҳ надодан даъват мекард”, --гуфтааст ширкати “Мину Фарм”.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки муноқиша дар манзили иҷораи кормандони ин ширкат рӯх додааст ва дар он ҳудуди 20 нафар аз ду тараф ширкат кардаанд Дар номаи ширкати “Мину Фарм” гуфта мешавад, “ҳангоми гаштугузор дар ноҳияи Данғара миёни чор нафар кормандони Ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ, аз бархурди сухангуии қабеҳ, миёни онҳо муноқиша рух дод”.

Ин ширкат захмӣ шудани даҳ нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистонро рад карда, навиштааст, ки дар ин муноқиша танҳо чор нафар ширкат дошт. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, чор нафар афродест, ки танҳо аз корд захм бардошта буданд ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми "Амонатбонк" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар "Ориёнбонк" кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои "Нахш" аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати "Мину Фарм", ки бо кормандонаш занозанӣ сурат гирифтааст, аз камтарин ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи "Фароз" дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG