Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амриддин Нахшов, хоҳарзодаи ҳамсари президент худро ба пулис "таслим кардааст"


Ноҳияи Данғара.

Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои "Нахш" ва хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки аз 10 рӯз ба ин тараф барои ширкат дар як занозанӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, худро ба пулис "таслим кардааст". Қаблан ҳафт нафар аз ҳамроҳони ӯ дастгир шуда буданд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Амриддин Нахшов рӯзи 27-уми май "бо хоҳиши худ" ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ҳозир шудааст. ВКД мегӯяд, ки ӯ ба "гуноҳи худ иқрор шудааст" ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, алайҳи Нахшов тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "авбошӣ", парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин моддаи Кодеки ҷиноии Тоҷикистон аз 2 то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Нахшов ба он гумонбар аст, ки шаби 16-уми май бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати "Мину Фарм", паймонкори ширкати "Фароз", ҳамла кардааст.

Назари Нахшов ва наздиконаш ба ин изҳороти ВКД ва ин, ки таҳти чӣ шароите худро ба мақомоти пулис "таслим кардааст", ҳанӯз маълум нест.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ қаблан дар шарҳи ҳодиса гуфта буданд, ки дар ин рухдод ҳудуди даҳ кас ҷароҳат бардошта, дар бадани чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шудааст. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод.

Ба гуфтаи ӯ, Нахшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд. "Вақти шом шахсе бо номи Пайрав ба Сайёд занг зад ва гуфт, ки ба тарабхонаи марбут ба Нахшов равад, чун Амриддин гап дорад. Муҳофизони ширкат дар ҳамон ҷо буданд. Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд. Яке аз онҳо ба Амриддин занг зада, гуфт, биё, ки моро 50-нафара мезананд. Бо мошини навъи “Ҷип” корд дар даст омад. Дигар ба ҳамла гузаштанд. Дертар як мошини дигар омад ва онҳо низ ба задан ҳамроҳ шуданд",--нақл кард шоҳиди ҳодиса.

Азизмоҳ Нахшова, аммаи Амриддин Нахшов, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ӯ гуноҳ надорад ва мавриди туҳмат қарор гирифтааст. Аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорам, вале медонам, ки Амриддин ин хел бача нест." Вай афзуд, то ҷое медонад, бародарзодааш ба ҳеч ҷо фирор накардааст ва дар хонааш дар Данғара ҳаст.

Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми "Амонатбонк" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар "Ориёнбонк" кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои "Нахш" аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати "Мину Фарм", ки бо кормандонаш занозанӣ сурат гирифтааст, аз камтарин ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи "Фароз" дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG