Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: "Наимҷон Самиев дар боздоштгоҳи Душанбе аст"


Наимҷон Самиев
Наимҷон Самиев

Манобеъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Наимҷон Самиев – раҳбари пешини дафтари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд – аз Русия ба кишвар оварда шудааст. Ба иттилои онҳо, феълан Самиев дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии пойтахт нигоҳдорӣ мешавад.

Хешовандҳо дар Исфара низ аз дастгир шудани падарам огоҳ ҳастанд. Қарор аст, ки бобоям барои хабаргириаш ба Душанбе биояд

Ин масъули пешини ҳизби мамнӯи наҳзат рӯзи 1-уми декабр дар як гузаргоҳи Грозний, пойтахти Чеченистон, боздошт ва сипас ба идораи пулиси Ставропол бурда шуд. Рӯзи 4-уми декабр хонаводааш гуфтанд, ки дар бораи дар куҷо ва таҳти чӣ шароите будани ӯ чизе намедонанд. Ба дунбол як созмони ҳомии ҳуқуқ иддао кард, ки ӯ аз фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав ба Душанбе бурда шудааст.

"Ба суоли муфаттишон посух мегӯяд"

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Наимҷон Самиев аз тарафи муфаттишони мақомоти интизомӣ, аз ҷумла Додситонии кул “мавриди пурсиш қарор дорад”.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол иттиҳоми зидди Наимҷон Самиевро ошкор накардаанд. Маълум нест, ӯ бо чӣ айб дар Чеченистон боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Аҳмадулло Самиев, писари Наимҷон Самиев, рӯзи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта дар бораи ба Душанбе бурда шудани падараш хабар ёфтанд. Ӯ гуфт, “хешовандҳо дар Исфара низ аз дастгир шудани падарам огоҳ ҳастанд. Қарор аст, ки бобоям барои хабаргириаш ба Душанбе биояд.”

"Аз соли 2014 дар Русия буд"

Самиев ҳам гуфт, ки дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани падараш иттилое надоранд. Аммо ӯ мегӯяд, моҳи июли имсол ҳангоми таҳияи аснод дар Қазоқистон падараш хабар ёфтааст, ки ба қаллобӣ ва ба муфлисӣ расондани як корхона дар Исфара муттаҳам аст.

Наимҷон Самиеви 56-сола аз соли 2014 ба ин тараф бо хонаводааш дар Русия будааст. Ӯ аз соли 2008 то 2012 раиси дафтари ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва сипас раёсати ин ҳизбро дар Исфара бар дӯш дошт.

Ҳизби наҳзати исломӣ ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар соли 2015 мамнуъ шуд
Ҳизби наҳзати исломӣ ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар соли 2015 мамнуъ шуд

Пайвандони Наимҷон Самиев мегӯянд, ӯ соли 2014, қабл аз ошӯб, ба Русия рафта ва дар Доғистону дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекард ва аз роҳи тиҷорат даромад ба даст меовард. Дар ин муддат, ки борҳо марзро убур кардааст, ягон дафъа дастгир нашуда будааст.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва он бо дархости додситонӣ созмони террористӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ошӯби хунин бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат сурат гирифтааст. Ин ҳизб иттиҳомро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби "наҳзатиҳо" ба хотири аз майдони сиёсӣ рондани онҳо анҷом шуд.

Баъди ошӯб даҳҳо мақоми баландпоя ва аъзои қатории ҳизбро ба зиндон маҳкум карданд ва даҳҳо нафари дигарашон, ки ба хориҷ рафтаанд, дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ
Саид Қиёмиддини Ғозӣ

Дар гузашта баъзе аъзои собиқи ин ҳизб дар хориҷа дастгир шудаанд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта Саид Қиёмиддин Ғозӣ, яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ин рӯҳонии 66-соларо бо ҷурми "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG