Пайвандҳои дастрасӣ

Сангзании тимсоли шайтон дар Макка


Зоирон дар роҳ ба сӯи тимсоли Иблис

Зоироне ки ба хотири иҷрои фаризаи Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ба сар мебаранд, ба иҷрои яке аз рукнҳои муҳими Ҳаҷ пардохтаанд.

Зоирон аз кишварҳои мухталифи дунё, ки шуморашон имсол ҳудуди 2 миллион нафар гуфта мешавад, ба санг задан ба тимсоли Иблис дар Макка шурӯъ кардаанд. Ин маросим, ки бо номи Ҷамарат маъруф аст, маъмулан дар рӯзҳои иди Қурбон иҷро мешавад.

Арабистони Саудӣ имсол ба далели анҷоми корҳои бозсозӣ дар Макка квотаи кишварҳо барои ирсоли зоиронро 20 дарсад коҳиш дод. Аз Тоҷикистон бо ин вуҷуд имсол ҳудуди 6300 нафар ба зиёрати "Хонаи Худо" рафтаанд.

Баъди анҷоми тамоми рукнҳои Ҳаҷ ин ҳудуди 2 миллион зоир бо дарёфти унвони дар байни мусалмонон мӯътабари "Ҳоҷӣ" озими кишварҳои худ мешаванд. Қарор аст, бозгашти зоирони тоҷик аз Арабистони Саудӣ аз 20 октябр шурӯъ шавад.

Порае аз маросими сангзании тимсоли Иблис дар Маккаро аз ин навори Ассошиэйтед Пресс тамошо кунед:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG