Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳаҷ бо "квотаи президентӣ"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои афроду собиқадору ба истилоҳ «хизматнишондода» ва соҳибнуфуз имконияти сафари ройгону бенавбат ба Маккаву Мадинаро фароҳам овардаанд.

Зоиронеро, ки бо квотаи президентӣ тавофи Каъба мераванд, ба гуфтаи Одинашоҳ Вализода, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон комиссияҳои махсус интихоб ва пешниҳод мекунанд ва гурӯҳи имсола аз 30 нафар, аз ҷумла 9 зан иборат аст: «Аз вилояти Бадахшон 3 нафар, Суғд 9, Хатлон 10 нафар, шаҳри Душанбе 3 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи марказ 5 нафар интихоб ва тариқи квотаи президентӣ ба Ҳаҷ сафар мекунанд».

Сафари Ҳаҷҷ бо "квотаи президентӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим


Самариддин Каримов, сокини 45-солаи вилояти Хатлон аз ҷумлаи онҳоест, ки бо истифода аз «квотаи президентии Ҳаҷ» ба сафари Каъба хоҳад рафт. Вай мегӯяд, 19 сол боз омӯзгор аст ва аз тарафи коммиссияи махсуси ҳукумати вилояти Хатлон интихоб шудаааст. Самариддин Каримов мегӯяд, «дар ҳақиқат интихоби зоирин ва нафароне, ки бо квота ба Ҳаҷ мераванд, баҳсталаб аст. Бубинед, аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳамагӣ 30 нафар. Ин ба ҳар як ноҳия як нафарӣ ё аз ду ноҳия як нафар интихоб мешавад. Ҳастанд нафароне ки даъво мекунанд, ки хизматчии давлатӣ буданд, мегӯянд, ки ман арзанда будам, аммо ба ман квота надоданд.»

Тайи чанд соли охир ходимони давлатӣ ва кормандони буҷавие, ки ба қавли мақомот, «хизматнишондода» ҳастанд, барои сафар ба зиёрати «хонаи Худо» аз имтиёзҳои ҳукумати Тоҷикистон бархӯрдор мешаванд. Гулнисо Ҳалимова, ки соли гузашта тавассути квотаи президентӣ ба зиёрати «хонаи Худо» мушарраф гардида буд, аз ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон истиқбол мекунад. Вай мегӯяд, дар як идораи давлатӣ фаъолият мекунад ва тавассути як озмуни шаҳрдорӣ дар соли гузашта квотаи президентиро барои ҳаҷ дарёфт карда буд: «Як озмун дошт. Баъзе саволу ҷавобҳо шуд, аъзои коммиссия чанд нафар буданд, мо пешакӣ анкета низ супорида будем. Аввалаш Худо, баъдан дар тақдирам будааст, ба Ҳаҷ рафтам. Ин тасмими ҳукумат барои он аст, ки нафароне зиёд мехоҳанд Ҳаҷ раванд, аммо наметавонанд, ба онҳо як кумак кардан аст.»

Омӯзгори 69-сола аз ноҳияи Ашт Олимхон Қорихонов мегӯяд, худаш хабаре надошт, ки ӯро ба Ҳаҷ мефиристанд. Вай афзуд, барои дарёфт роҳхатти Ҳаҷ кадом озмунеро нагузаштааст, балки ба чанд суоли коммиссия роҷеъ ба зиндагии худ посух гуфтааст: «Шояд камбизоатиро ба назар гирифта бошанд. Ман собиқаи зиёди омузгорӣ ҳам дорам. Намедонам, ростӣ маблағашро кӣ пардохт мекунад?»

Квотаи президентӣ барои Ҳаҷ мисли дигар иқдомҳои ҳукумат мухолифон ва ҷонибдорони худро дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, онҳое ки аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд, аз ин ташаббуси ҳукумат манфиатдоранд ва онро як амри зарурӣ медонанд. Аммо иддае аз таҳлилгарон ин имтиёзро як василаи дигари ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ҳукумат ва мақомот ва ҳатто як навъ “ҳаққи хидмат”-и фаъолон барои саҳмашон дар маъракаҳои таблиғотии давлат унвон мекунанд.

Ҷалолиддин Аҳмадов, таҳлилгари тоҷик ин ташаббуси ҳукуматро ба ҷузъ аз як сиёсат чизи беш намедонад. Вай гуфт, квотаи президентӣ асосан аз рӯи ҳамон меъёрҳое, ки барои духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаи таҳсил ҷудо мекунанд, танзим шудааст ва хосияти таблиғотӣ дорад: «Бо ин нишон доданианд, ки ҳукумат зидди Ислом нест. Онҳое ки шонси рафтан ба Ҳаҷҷро надоранд, онҳоро ҷалб мекунанд. Ин ҳамааш як сиёсати ҳукумати феълӣ аст.»

Хайрулло Миршоев, ки дар чанд соли гузашта узви коммиссияи таъсисдодаи ҳукумат дар водии Рашт буд, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо нафаронеро интихоб ва ба масъулони ҳукумат пешниҳод мекунанд, ки солҳои зиёд барои давлат кор кардаанд. Аммо ба суоли он ки то куҷо интихоби довталабони «хонаи Худо» шаффоф сурат мегирад, ҷаноби Миршоев гуфт: «ин сафари хонаи Худо аст ва бояд бе ягон тақаллуб интихоб шаванд. Мақсади квота ҳам ин аст, ки хизматҳои ҳамон нафароне, ки солҳо барои ин ватан хидмат кардаанд, қадр шавад.»

Корти зоири тоҷике ки соли 2011 Ҳаҷҷ кардааст
Корти зоири тоҷике ки соли 2011 Ҳаҷҷ кардааст
Ба иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, имсол ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафари Ҳаҷҷ хоҳанд кард. Парвози зоирони тоҷик ба Саудия аз 21 сентябр шурӯъ шудааст. Дархости Тоҷикистон барои 20 дарсади дигар боло бурдани шумораи зоирон аз сӯи Арабистони Саудӣ пазируфта нашуд. Сафири Арабистони Саудӣ инро ба мушкилоти марбут ба таъмиру бозсозии маконҳои зиёратӣ дар шаҳрҳои Маккаву Мадина марбут донист.

Нархи сафари Ҳаҷ имсол 17 625 сомонӣ ё 3 710 доллари амрикоӣ таъйин шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ ё 103 доллар бештар аст.
XS
SM
MD
LG