Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати видеоӣ бо Мӯҳсин Муҳаммадиев


Имрӯз, 2-юми июл, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе қарордод бо Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Ба қарордод, ки барои ду давраи якунимсолӣ ва дар маҷмӯъ ба мӯҳлати се сол баста шуд, Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар, имзо гузоштанд. Вале Федератсияи футбол аз ифшои маблағи маоше, ки ба Муҳаммадиев дар ин симат пардохт хоҳад шуд, худдорӣ мекунад.

Баъди имзои қарордод нишасти матбуотии Рустами Эмомалӣ ва Мӯҳсин Муҳаммадиев барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ доир шуд. Рустами Эмомалӣ гуфт, таҷрубаи ҷалби мураббиёни хориҷӣ ба тими миллӣ самараи хуб надод ва аз ин рӯ, онҳо ба дастпарварони футболи тоҷик такя хоҳанд кард. Рустами Эмомалӣ гуфт, ситораҳои футболи тоҷик дар аҳди дастаи овозадори "Помир" Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Олег Ширинбеков, ки тоза ба симати сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе таъйин шуд, барои кӯмак ба эҳёи футболи тоҷик омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, марҳалаи аввали якунимсола ба хотири сохтани тими миллист ва набояд дар ин марҳала аз Мӯҳсин Муҳаммадиев интизороти зиёд шуд. Рустами Эмомалӣ изҳори умедворӣ кард, ки Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси як футболбози маъруфи тими "Помир"-и Душанбе тими миллии Тоҷикистонро низ мисли "Помир" шӯҳратёр хоҳад кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев гуфт, ба ҳайси ёвараш дар тими миллӣ Олег Ширинбековро даъват кардааст ва ҳарду кӯшиш хоҳанд кард, то беҳтарин футболбозони тоҷикро дар зери чатри тими миллӣ гирд биоранд.

Радиои Озодӣ қабл аз имзои қарордодаш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Мӯҳсин Муҳаммадиев сӯҳбати ихтисосие анҷом дод.


Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Мӯҳсин Муҳаммадиев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00


Ӯ аз ҷумла, гуфт, “маро ба Тоҷикистон масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон даъват карданд. Ман ба хотири кӯмак ба футболи тоҷик даъвати онҳоро пазируфтам. Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар будан ин вазифаи масъулиятнок ва фахрист. Ман аз раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон сипосгузорам, ки ба ман бовар карданд. Мекӯшам, ки ба ин боварии онҳо сазовор бошам. Моро анҷоми кори бузурге дар пеш аст, то ки дастаи мунтахаби миллии кишвар ба натоиҷи хуб ноил шавад. Ва дар оянда обрӯи футболи тоҷик ба он қуллаҳое, ки солҳои пешин дошт, бардошта шавад. Шартномаи мо аз ду қисмати якунимсолӣ иборат аст. Хуб медонам, ки масъалаҳои ҳалталаб дар футболи Тоҷикистон зиёданд, вале масъалаи аз ҳама асосӣ сармоягузорист. Дастаи миллии кишвар аввалан бояд база ё урдугоҳи хуби замонавии таълимию тамринӣ дошта, баъдан аз ҷиҳати моддию молиявӣ комилан таъмин бошад. Дастаи мунтахаб ба ҷуз ширкат дар мусобиқоти расмӣ, ҳар сол камаш 4-5 бозии дӯстона бо тимҳои қавии кишварҳои дигар анҷом бидиҳад. Дар бораи футболи касбӣ сухан ронда, мо бояд фаромӯш насозем, ки таҳкурсии он футболи кӯдакону наврасон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир мо бояд ба рушди футбол байни кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда, ба эҳёи мактабҳои махсуси футбол, ки дар даврони шӯравӣ хеле хуб фаъолият доштанд, аҳамияти аввалиндараҷа бидиҳем.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:04 0:00
Линки мустақим


Вале Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳаққи заҳмати сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ошкор накард. Ҷаноби Муҳаммадиев иттилоъ дод, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Вай афзуд, “табиати Тоҷикистони мо имкон медиҳад, ки тамоми сол ба футбол машғул шавем, иқлими мусоид дорем, вале, мутаассифона бисёр майдонҳои футболи мамлакат барои тамрину бозии футбол созгор нестанд. Футбол дар Тоҷикистон ҳамчун риштаи аввали варзиш эътироф шудааст. Аз ин хотир футбол бояд ба ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат фаро гирифта, ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати ҷумҳурӣ қарор бигирад."

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷойгузини мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович шуд. Қарордоди Кавазович бо ФФТ рӯзи 1-уми апрели соли равон қатъ ёфта буд. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Никола Кавазович баъди бохт дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дар Бишкек аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи охирини FIFA дар мақоми 112-ум қарор дорад.

Мӯҳсин Муҳаммадиеви 46-сола соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон таъйин шуда буд. Вай бо бошгоҳи футболи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013-ум қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012-ум ин қарордод пеш аз мӯҳлат лағв шуд.

Шарҳи ҳол

Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Устоди варзиши СССР оид ба футбол (1988). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ (1994). Ҳамлагар. Cоли 1985 ба дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе даъват шуда, дар ҳайати он дар лигаи якум 125 бозӣ карда, 48 гол задааст. Ӯ соли 1988 бо Александр Никитин, ҳамлагари «Ротор»-и Волгоград, беҳтарин нишонзани лигаи якум эътироф шуда, соҳиби ҷоизаи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» гаштааст (22 гол). Вай солҳои 1989-91 дар ҳайати «Помир» дар лигаи олӣ бозӣ карда, аз ҳама бештар - 22 гол задааст.

М. Муҳаммадиев хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987) мебошад. Вай қабл аз «Помир» дар ҳайати «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (1983-85) ҳунарнамоӣ кардааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар дастаҳои футболи чаҳор кишвар – Русия, Туркия, Австрия ва Узбакистон ҳунари воло нишон додааст: «Локомотив», Москва (1992-93), «Анкарагуҷу», Туркия (1993 – 1994), «Спартак», Маскав (1994 – 1995), «Локомотив», Нижний Новгород (1996-97), «Аустрия», Вена (1997-98), «Торпедо», Маскав (1998), «Бухоро», Бухоро (1999), «Шинник», Ярославл (1999), «Динамо», Самарқанд (2000-2001), “Арсенал”, Тула (2001), “Регар-ТадАЗ”, Турсунзода (2002), «Витяз», Подолск (2003).

Мӯҳсин Муҳаммадиев барандаи медали хурди тиллои чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи якум (1988), қаҳрамони футболи Федератсияи Русия (1994), соҳиби медалҳои нуқраю биринҷӣ ва Ҷоми Русия дар ҳайати дастаҳои футболи шаҳри Маскав мебошад.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003-юм ба кори мураббигӣ гузашт. Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни Маскав ва мураббии дорои муҷаввиз ё литсензияи «PRO» мебошад. Солҳои 2003-2006 мураббии «Витяз» (Подолск) ва аз декабри соли 2006-ум то апрели 2008-ум сармураббии ин даста буд. Соли 2007-ум «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008-ум то июни соли 2012-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон буд.

Мӯҳсин аз моҳи майи соли 1988 оиладор аст. Ҳамсараш Моҳира табиб мебошад. Ӯ собиқ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба чавгонбозист. Дарвоқеъ, падарарӯси Мӯҳсин - Сергей Мусалимович Носиров - мураббии варзидаи футболи кӯдакону наврасон буд. Ӯ шогирдони зиёдеро, ба мисли ситораҳои футболи тоҷик Александр Азимов, Рашид Раҳимов, Ҳаким Фузайлов ва Юрий Батуренко тарбия кардааст. Мӯҳсин се духтар дорад: Маҳбуба - 23-сола, Муслима - 21-сола, Марям - 10-сола. Мӯҳсин Муҳаммадиев бо оилааш аз соли 1992 дар Маскави Русия ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG