Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии сокинон аз табдили масҷид ба бунгоҳи тиббӣ. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сокинони деҳаи Осмонбика дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз мақомот талаб карданд, ки масҷиди собиқро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Мардум мегӯянд, ин биноро мувофиқ ба хости худ ба боғчаи бачагонаву варзишгоҳ ва хонаи истироҳати пирон табдил хоҳанд дод. Ин масҷид охири солҳои навадум бо сармояи сокинони деҳа сохта шуда, дар 60 сотих замин ҷойгир аст.

"Биноро халқ сохт"

Сокинон ин маконро обод карданд. Ҳоло талаб доранд, ки онро ба макони фароғативу варзишӣ табдил диҳем.

​Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон соли 2017 масҷиди деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъро ғайриқонунӣ эълон карданд. Ҳоло як утоқи масҷиди собиқро ба бунгоҳи тиббӣ табдил доданд, вале зоҳиран тасмими мақомот онҳоеро, ки барои бунёди масҷид саҳм гузошта буданд, чандон хушҳол накард.

Ҳоло сокинон талаб доранд, ки мақомот иҷоза диҳанд ин маконро бо хости худ ба қисмҳо ҷудо карда, дар он боғчаи бачагона, толори варзишӣ ва макони истироҳати пирамардон низ бунёд шавад.

"Масҷидро ба маркази фарҳангӣ табдил диҳанд"

"Як ҷое бошад, ки мурдаҳоямонро бишӯем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Ҳафиз Убайдов, сокини 80-солаи деҳаи Осмонбика, рӯзи 6-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан чаҳор моҳ боз дар ин масҷид намоз намегузоранд. Ҳафиз Убайдов афзуд, ҳафтаи гузашта раиси ноҳия бо масъулини дигар омада, як утоқи масҷидро ба бунгоҳи тиббӣ табдил додаанд.

Ҳафиз Убайдов
Ҳафиз Убайдов

"Мо зидди қонун нестем, вале гуфтем, ки як гӯшаашро боғчаи бачагона, як гӯшаи дигарашро барои истироҳати мӯйсафедону макони варзишӣ табдил диҳанд. Чизе нагуфтанду рафтанд. Орзуи мо ҳамин аст, ки пас аз иҷозат нашудан ба кори масҷид онро ба иншооти фарҳангӣ табдил диҳанд. Инро халқ сохтааст," - гуфт ӯ.

"Осмонбика боғчаи кӯдакона надорад"

Сокинони деҳаи Осмонбика мегӯянд, барои ҳудуди 2000 аҳолӣ ин ягона масҷид ба ҳисоб мерафт. Ба қавли мардум, аз даврони Шӯравӣ дар ҳудуди деҳа як бунгоҳи тиббии давлатӣ амал мекард, ки ниёзи аввалияи тиббии сокинонро бароварда месохт. Вале бо гузашти вақт ин муассиса ба хонаи хусусӣ табдил ва хадамоти тиббӣ аз дохили ҳамин хона ироа мешуд. Ҳафтае пеш мақомот тасмим гирифтанд утоқеро дар сохтмони масҷиди собиқ дар ихтиёри ҳамин бунгоҳи тиббӣ гузоранд.

Як бахши масҷиди Осмонбика
Як бахши масҷиди Осмонбика

Сайфиддин Шарофов, муовини раиси маҳаллаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масҷиди онҳо соли 1997 дар 60 сотих замин бунёд шуда, расман соли 2000 сабтином гардид. Шарофов гуфт, даъвои мардум низ дар он аст, ки чаро ба ҷои бунгоҳи тиббӣ хонаи шахсӣ пайдо шудааст ва як қисми масҷид бунгоҳи тиббӣ шуд?

“Сокинон ин маконро обод карданд. Ҳоло талаб доранд, ки онро ба макони фароғативу варзишӣ табдил диҳем. Ҳоло дар деҳот қариб 2000 аҳолӣ ба сар мебарад ва дар инҷо ягон маконӣ варзишӣ, ҷои истироҳати пирон ва боғчаи бачагона вуҷуд надорад. Сокинон мегӯянд, бунгоҳи тиббӣ, ки буд, бояд дар ҷои худаш истад ва мо масҷидро ба боғчаву дигар чиз табдил диҳем. Ҳаминро талаб доранд,” – шарҳ дод муовини раиси маҳаллаи Осмонбика.

Вақте колхоз барҳам хӯрд...

Аммо Шарифхӯҷа Аҳтамов, мудири бунгоҳи тиббии деҳаи Осмонбика, ин ҳамаро рад кард. Вай гуфт, онҳо муваққатан дар масҷиди деҳа худро ҷо ба ҷо кардаанд. Аҳтамов афзуд, бунгоҳи тиббии деҳот дар гузашта ҳамроҳи боғчаи бачагона якҷо ва дар тавозуни колхоз шомил буд. Ӯ мегӯяд, ки онҳо дар он замон дар он муваққат кор мекарданд ва баъди барҳам хурдани колхоз ин макон шахсӣ шуд.

Мақомот дар Тоҷикистон солҳои охир садҳо масҷидро бо далели ба гуфтаи онҳо фаъолияти ғайриқонунӣ бастанд ва хабарҳое мерасад, ки дар ҷои ин масҷидҳои бо пули мардуми маҳаллӣ бунёдшуда барои камбизолатҳо ҷои зист, буногоҳи тиббӣ ё мактабе таъсис медиҳанд. Вале дар аксари ҳолатҳо сокинони маҳаллӣ бо далели инки ин муассисаҳо бо пули онҳо бунёд шудаанд, розӣ намешаванд, намояндагони ҳукумат сарнавишти баъдии сохтмонҳоро ҳал кунанд. Мисли сокинони деҳоти Осмонбика, ки мехоҳанд масҷиди сохтаи худро ба макони варзишиву фарҳангӣ табдил диҳанд.

XS
SM
MD
LG