Пайвандҳои дастрасӣ

"Масҷиди Савр" ба коргоҳ, "Тути калон" ба кӯдакистон табдил шуд


Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои табдили масоҷиди басташуда ба бинои коргоҳу идораҳои фарҳангӣ бештар мешавад. Мақомоти шаҳри Хуҷанд рӯзи 21-уми июл гуфтанд, ки дар ним соли гузашта дар маркази вилояти Суғд чаҳор масҷиди панҷвақта ба сабаби надоштани иҷозаи фаъолият баста ва сетои он ба коргоҳ табдил дода шуд. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "аз ҷумла, Масҷиди Савр ба коргоҳи атласу адрасбофӣ, “Тути калон” ба кӯдакистони нутқашон нуқсондор ва “Сари баландӣ” ба дорухона мубаддал гардонда шуд”.

Табдили масҷидҳои бидуни сабтином ба коргоҳу муассисаҳои фарҳангиву тарбиятӣ танҳо хоси Хуҷанд нест. Ин амр дар Тоҷикистон аз соли 2009, баъди ба иҷро даромадани Қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, оғоз гардид.

Сокиноне, ки дар маҳаллаҳои худ масҷиди алтернативӣ ва шароити намозхонӣ доранд, ин амрро оромона қабул мекунанд. Комилҷон Собиров, як сокини маҳаллаи “Масҷиди Савр”-и шаҳри Хуҷанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ба коргоҳи атласбофӣ табдил додани масҷиди бидуни сабтином, бо дархост ва ризояти сокинон гирифта шуд. Ӯ гуфт, "дар ҳоле ки дар баъзе маҳаллаҳо бунгоҳи тиббӣ нест, беҳтар аст, масҷидҳои бе санади расмӣ ба муассисаи иҷтимоӣ табдил дода шавад."

Аброри Комил, коршиноси маҳаллӣ, низ гуфт, тасмими бастани масҷидҳои бидуни иҷоза ва табдили онҳо ба корхонаву идораҳо "динситезӣ нест", балки ба гуфтаи ӯ ин тасмим барои ҳифзи субот дар кишвар гирифта шудааст.

Вале баста шудани масҷиди назди хонаашон сокинони пиру бемор ва намозгузоронеро, ки бояд то ибодатгоҳи дигар 2-3 километрро тай кунанд, норозӣ кардааст. Исматулло ном сокини 70-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, баста шудани масҷиди маҳаллааш ӯро аз намози бо ҷамоат ва дидори ҳаррӯзаи ҳамсолонаш, маҳрум кард. Ӯ гуфт, пойи дардмандаш намегузорад, ки ҳар рӯз пои пиёда ба масҷиди дуртар биравад.

Табдили масҷидҳои бидуни сабтином ба коргоҳу муассисаҳои фарҳангиву тарбиятӣ танҳо хоси Хуҷанд нест. Ин амр дар Тоҷикистон аз соли 2009, баъди ба иҷро даромадани Қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, оғоз гардид. То кунун даҳҳо масҷид дар гӯшаву канори кишвар баста, баъзеи он ба муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хонаи афроди ниёзманд табдил дода шудаанд. Вале теъдоди дақиқи масҷидҳои табдилшуда ба муассисаҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, маълум нест.

Мақомоти Суғд қаблан гуфта буданд, ки танҳо дар соли 2015 беш аз 100 масҷиди бидуни иҷозаро дар минтақаи шимоли Тоҷикистон баста, ба муассисаҳои иҷтимоӣ, мисли бунгоҳҳои тиббиву кумитаи маҳаллаҳо табдил додаанд. Гузашта аз ин, мақомот масҷиди зиёдро боис ба эҷоди тафриқа ва густариши ифротгароӣ донистаанд.

Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дари тақрибан чаҳор ҳазор, аз ҷумла дар вилояти Суғд беш аз як ҳазор масҷид боз аст.

Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханроние дар ҳузури зиёиён гуфта буд, “барои ҳар кӯчаву паскӯча, ҳар як маҳалла безарурат бунёд намудани масоҷид метавонад, эҳтимоли муноқиша ва тафриқаро дар байни мусулмонон зиёд карда ва ба ваҳдату суботи ҷомеа халал расонад.”

Ингуна баёнияҳо ва бахусус қонуни соли 2009 сабаби интиқоди ҳукумати Тоҷикистон шуд. Мунтақидон мегуфтанд, ки ҳукумат сиёсати исломситезиро пеш гирифтааст. Вале мақомот ин иддаоро беасос хонда, мисол меоранд, ки Тоҷикистон тақрибан 4 ҳазор масҷид дорад ва дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи шумораи масҷидҳо, дар мақоми аввал меистад.

Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дари тақрибан чаҳор ҳазор, аз ҷумла дар вилояти Суғд беш аз як ҳазор масҷид боз аст. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хуҷанд 37 масҷиди панҷвақта, чаҳор масҷиди ҷомеъ ва як масҷиди ҷомеи марказӣ расман фаъолият мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG