Пайвандҳои дастрасӣ

"Бахшиш мепурсам". Шокир Холдоров ҷарима шуд ва ба кораш баргашт. ВИДЕО


Шокир Холдоров, масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ.

Шокир Холдоров, масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки баъди пахши навори видеоии ҳақорату дашномҳои қабеҳаш дар як масҷид рӯзи 7 октябр ба баҳси пурмоҷаро дар интернет табдил шуд, дубора сари кор баргашт ва ба иҷрои вазифааш идома дод.

Вай пас аз нашри ин навори видеоӣ дар интернет рӯзи 9 октябр аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт ва баъди се рӯзи нигоҳдорӣ дар СИЗО-и шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, бо пардохти ҷарима озод шуд. Аммо раиси маҳаллаи Меҳробод аз муҷозоте, ки Холдоров гирифтааст, розӣ нест.

Масҷиди деҳаи Меҳробод панҷвақта буда, дар соли 2013 ба нерӯи мардум сохта шудааст. Муовини раиси маҳалла мегӯяд, ки ин масҷид сертификат ва иҷозатномаи ҳукумати ноҳия ва ҷамоати Чоряккоронро дорад.

Шокир Холдоров рӯзи 16-уми октябр дар утоқи кориаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз рух додани чунин ҳолат дар масҷид ба шиддат изҳори таассуф кард ва барои ҳарфҳои дағалонае, ки гуфтааст, бахшиш пурсид. Шокир Холдоров гуфт, ки баҳси ӯву масъулини масҷид бар сари санадҳои ин муассисаи мазҳабӣ сар зад, ки пурраву такмилшуда набуд ва, ба гуфтааш, талошҳои ӯ барои водор кардани масъулини масҷид барои таҳияи пурраи санаду иҷозатномаи фаъолияти масҷид дар чанд дафъаи гузашта нодида гирифта шуд.

"Дар хонаи Худо ҳақорат накардам"

Холдоров аз ҷумла дар шарҳи ҳодиса гуфт, "рӯзи 7-уми октябр вақте ки ба масҷиди Меҳробод рафтам, дари масҷид боз буд ва панҷ-шаш нафар намоз мехонд. Ба онҳо гуфтам, ки ин масҷид ғайриқонунӣ аст ва намоз хондан мумкин нест, чунки танҳо бо сертификату иҷозатнома намешавад масҷидро қонунӣ гуфт. Барои ин санади вазорати фарҳанг зарур аст. Тақрибан 10 дақиқа онҳоро фаҳмонданӣ шудам, аммо маро асабӣ карда гуфтанд, кори худата кардан гир, мо намозамона мехонем. "Аз идораи танзимӣ, ба роҳи худат рафтан гир, мо ба роҳи худамон меравем."

Вай дар идома гуфт, "ман дар дохили хонаи Худо ягон ҳарфе назадам. Вақте берун шудем, боз ҳам асабӣ карданд ва мисли ин, ки махсус ташкил карда шуда буд, рагҳои асабам хест, суп-сурх шудам ва ҳарфҳои дағал ба забонам омад. Албатта, бахшиш мепурсам. Воқеан барои чанд ҳарфи дағалонае, ки дар саҳни масҷид гуфтам, узр мепурсам. Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба наздам омад, ман гуфтам, ки равед ба мардум фаҳмонед, ман бахшиш мехоҳам."

Шокир Холдоров афзуд, мувофиқ бо тақозои вазифааш ба масҷид рафт ва бар асоси қонун фаъолияти масҷидро санҷиду талаби баста шудани онро кард ва аз намозгузорон хост, ки дигар ба масҷид наоянд ва дари онро банданд. Тавре Шокир Холдоров мегӯяд, пас аз як рӯзи ин ҳодиса, мақомоти амниятии ноҳия ӯро даъват намуда ва баъдан ба шӯъбаи корҳои дохилӣ низ даъваташ карданд ва барои се рӯз дар СИЗО нигоҳ доштанд.

Ҳамин тавр, Холдоров бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима пардохт намуд ва дубора ба вазифааш баргаштааст. Дар ин миён намояндагони Кумитаи дин ва расму оин ба деҳаи Меҳробод омада, дари масҷиди ин маҳалларо бастанд ва муддати як ҳафта аст, ки он фаъолият надорад.

"Ҷазои Холдоров сабук аст"

Дар ҳамин ҳол, Сияршоҳ Саидаҳмадов, раиси маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба муҷозоти Шокирҷон Холдоров аз тарафи мақомоти интизомӣ розӣ нест, чун ин як ҷазои сабук аст. Ба таъкиди Сияршоҳ Саидаҳмадов, мардуми деҳаи Меҳробод аз рафтори дағалона ва дашномҳои қабеҳи Шокирҷон Холдоров то ҳанӯз ором нашудаанд ва ба ҳеҷ сурат ӯро намебахшанд.

"Ин масҷиди панҷвақта ҳамаи санадҳои лозимаро дошт ва бинои он бо маблағу қувваи мардум сохта шудааст. Барои ҳамин, мардум дари онро дар вақти намоз боз намуда, намозгузорӣ мекарданд. Мо ба вазорати фарҳанг ва дастгоҳи президент нома навиштаем ва талош хоҳем кард, ки масҷидро дубора фаъол кунем."

Навори таҳқиру дашном кардани мардум дар масҷид шоми шанбеи 7-уми октябр дар шабакаи интернет пахш шуд ва вокунишҳоеро ба миён овард. Ба дунбол, субҳи душанбеи 9-уми октябр мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Шокир Холдоровро барои шарҳ додани ин амалаш ба мақомоти ноҳия даъват кардаанд.

Навор аз бойгонӣ:

Шокир Холдоров он замон ба мақомоти ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ки дар он ҳолат маст набуд, аммо худро идора карда натавонист. Дар навори видеоие, ки аз ҷониби шахси номаълум сабт шудааст, Холдоров дар лаҳзаи даъво бо кормандони масҷид, дида мешавад. Аз ҷумла, ба ҳангоми даъво ӯ алфози қабеҳро ба забон оварда, таҳдид ҳам мекард, ки ин масҷидро бо иттиҳоми "салафӣ буданаш", мебандад.Вай дар навор иддао мекард, ки фаъолияти ин масҷид ғайриқонунӣ буда, дар ин бора аз ин пеш се маротиба масъулони масҷидро огоҳ кардааст. Вале ба иддаои Холдоров, онҳо ҳамчунон намозгузорӣ дар ин масҷидро идома додаанд.

Масҷиди деҳаи Меҳробод панҷвақта буда, ба қавли муовини раиси маҳаллаи ин деҳа Абдухолиқ Латифов, дар соли 2013 ба нерӯи мардум сохта шудааст. Муовини раиси маҳалла мегӯяд, ки ин масҷид сертификат ва иҷозатномаи ҳукумати ноҳия ваҷамоати Чоряккоронро дорад. Мардуми деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорон дар соли 2004 аз маҳаллаи Қиблаӣ ба инҷо кӯч дода шудаанд. Дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 4 ҳазор муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо иҷозат дода шуда,ҳамаи ин муассисаҳо танҳо бо санадҳои расмӣ ҳаққи фаъолият карданро доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG