Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Русия беш аз 800 нафар боздошт шуд. ВИДЕО


Тибқи гузоришҳо, дар эътирозҳои зидди Кремлин беш аз 800 нафар боздошт шуданд. Эътирозгарон зидди боло бурдани синни нафақа садо баланд карда, дар остонаи баргузории интихоботи минтақавӣ дар ин кишвар ба кӯчаҳо баромаданд.

Ходимони полис рӯзи 8 сентябр бо эътирозгарон вориди ихтилофҳои шадид шуданд. Вебсайти вазорати дохилии Русия гуфт, ки дар 33 шаҳр 1018 нафар боздошт шуд. Шумори бештари эътирозгарон – 452 нафар дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуданд.

Баргузории эътирозҳоро моҳи гузашта сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний даъват карда буд. Худи ӯ барои нақзи қонуни ҳамоишҳои ҷамъиятӣ, ки моҳи январ сурат гирифт, мӯҳлати 30-рӯзаи ҳабсро пушти сар мекунад.

Баъди пешниҳод кардани тарҳи қонуни боло бурдани синни нафақа барои мардону занон, ки мояи норизоияти шадид шуд, интихоботи раҳбарони 21 минтақаи маъмурии Русия барои ҳукумати президент Владимир Путин ва нахуствазир Дмитрий Медведев як имтиҳон гардид.

Дар оғоз пешниҳод ин буд, ки синни нафақа барои мардон аз 60 то 65 ва барои занон аз 55 то 63-солагӣ боло бурда шавад. Баъди норизоияти мардум Путин синни нафақаи занонро то 60-солагӣ маҳдуд кард.

Бар пояи пурсишҳои мухталифи афкори умум, тахминан 90 дар сади сокинони Русия мухолифи нақшаи боло бурдани синни нафақа ҳастанд ва дар як пурсиши маркази “Левада” беш аз 50 дарсади сокинон гуфтаанд, ки розӣ ҳастанд ба хиёбонҳо баромада эътироз кунанд.
Вебсайти вазорати умури дохили Русия гуфт, ки дар Урал 183, дар Краснодар - 60, дар Маскав ва Омск 43 нафарӣ боздошт шуданд.

Наворҳои видеоии нашршуда саҳнаҳои даст ба истифодаи зӯр задани полис ба ҳангоми пароканда кардани эътирозҳо, бо чӯбдаст задану аз каштал кашола кардани мардумро намоиш дод.

Дар намоиши эътирозии майдони Пушкини шаҳри Маскав ҳудудан 2 ҳазор нафар ҷамъ омада, шиорҳои мисли “Русия бидуни Путин” ё “Путин, кай ба нафақа мебароӣ?”-ро ба забон оварданд. Полис ба издиҳоми мардум амр дод, ки пароканда шаванд, ваё муҷозот хоҳанд шуд.


Бархе эътирозгарон талош карданд ба самти Кремлин ҳаракат кунанд, вале полис монеи онҳо шуд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург тахминан ҳазор нафар бо нидои “айб аст” истеъфои Путинро талаб карданд.

Эътирозҳо аз Шарқи Дур шурӯъ шуд. Он ҷо, ба қавли Навалний, беш аз 400 эътирозгар дар кӯчаҳои Владивосток бо садои “Мо мухолифи ислоҳоти низоми нафақа ҳастем” ва даъватҳои истеъфои Путин раҳпаймоӣ карданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки шумори эътирозгарон 120 нафар буд. Ба гуфтаи ташаббускорон, полис раҳбари дафтари намояндагии Навалнийро дар Хабаровск боздошт кард.

Наворҳои видеоии эътирозҳо дар шаҳри сибирии Новосибирск ихтилофи миёни полис ва эътирозгаронро намоиш дод, ки ҳамчунин ислоҳоти нафақаро “шармандагӣ” меномиданд. Полис дар як навори видеоӣ нафареро зӯран аз саҳна берун мекард.

Тибқи гузоришҳо, дар эътирозҳои Калининград, шаҳри русии ҷойгиршуда дар байни Полшаву Литва, чанд муттафиқи Навалний боздошт шуд.

Георгий Албуров, раиси бахши тафтишот дар бунёди зиддикоррупсионии Навалний дар Твиттери худ навишт, ки рӯзи 8 сентябр дар Маскав боздошт ва дар заминаи эътирозҳои як рӯз пеш аз интихобот дар нақзи қонуни маъракаҳои ҷамъиятӣ гумонбар дониста шуд.

Албуров гуфт, ки ин боздошт боиси он шуд, ки қатори самти Санкт-Петербургро аз даст бидиҳад. Дар ин шаҳр ӯ ният дошт дар эътирозҳои зидди нақшаи ислоҳоти нафақа иштирок кунад. Дар Санкт-Петербург ҳам ду намояндаи масъули Навалний боздошт шуд.

Рӯзи якшанбе баробар бо раҳбарони минтақаҳо, дар 16 вилоят аъзои маҷлисҳои маҳаллӣ ваё шаҳрдор ва дигар раҳбаронро интихоб мекарданд.

Шоми якшанбе мақомоти комиссиюни интихоботии Русия гузориш доданд, ки дар интихобот аксаран номзадҳои ҳизби ҳоими “Русияи воҳид” баранда шуданд.

Баъди пешниҳод шудани қабули қонуни нави нафақа ва ризоияти парлумон бо тарҳи ин қонун дар хониши аввал дар моҳи июл, мизони маҳбубияти президент Путин, нахуствазир Медведев ва ҳизби “Русияи Воҳид” хеле поин шуд.

Станислав Андрейчук, як таҳлилгари масоили интихоботӣ дар гурӯҳи мустақили “Голос” гуфт, “дар чунин шароит мақомот манфиатдоранд, ки садои эътирозро саркӯб кунанд, то ки танҳо садои тарафдорони онҳо шунида шавад”. Ӯ гуфт, онҳо тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то ки эътирозгарон аз хонаҳои худ берун нараванд.

Айни замон, дар Маскав мақомот ба хотири таъмини ширкати сокинон дар интихобот методҳои мисли баргузории консертҳои бепул, имкони овоздиҳӣ дар наздикиҳои дачаҳои худ ва ғайраро ба роҳ монданд.

Сергей Собянин, шаҳрдоре, ки аз ҷониби Путин тарафдорӣ мешавад, дар интихобот 70 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд, бо ин ки дар интихобот 30,3 дар сади раъйдиҳандагон иштирок карданд.

Субҳи 10 сентябр Собянин пирӯзии худро таҷлил кард ва гуфт, ки ин ғалабаи “ҳамаи мост”. Путин Собянинро бо пирӯзӣ табрик кард.

Айни замон, дар интихобот ду номзади либерал, ки Собянинро ба чолиш кашиданд, роҳ наёфтанд.

XS
SM
MD
LG