Пайвандҳои дастрасӣ

"Вазорати молия коре накардааст, ки аз ТАЛКО узр пурсад"


Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон

Ҷамшед Каримзода – муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон – хабарҳо дар мавриди узрхоҳии масъулони ин ниҳод аз корхонаи алюминиюми тоҷик ё ТАЛКО-ро рад кард. Ӯ рӯзи 27 январ гуфт, "Вазорати молия коре накардааст, ки боис ба узрхоҳӣ бошад."

Масъулони ТАЛКО аз фаъолияти ин ширкат ҳимоят карда гуфта буданд, ки "бинобар дониши пасти мутахассисони Вазорати молия дар робита ба усули толлинг, самаранокии ин усул дуруст арзёбӣ нашудааст".

Дар охирҳои соли гузашта дар вебсайти Вазорати молияи Тоҷикистон гузорише чоп шуд, ки аз ширкати ТАЛКО "барои фаъолияти зараровараш" интиқод мекард. Ҷамшед Каримзода гуфт, "Вазорати молия дар мавриди зараровар будани фаъолияти ТАЛКО баёнияи расмӣ надодааст." Ба қавли ӯ, "ин мавзӯъ дар баҳси мутахассисони сатҳи аввал баррасӣ ва баъдан дар вебсайти вазорат ҷой гирифтааст. Яъне, баҳси сатҳи поён буд, на изҳороти расмии Вазорати молия"​.​Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба онки вазорат дар бораи зараровар будани фаъолияти ТАЛКО баёния надодааст, пас, ҷойи узрхоҳӣ ҳам нест.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё мумкин аст дар сайт ё сомонаи Вазорати молия матлаб ё иттилое бидуни иҷозаи мақомот мунташир шавад? Фирдавс Абдуалимов, корманди фаннии сомонаи “minfin.tj” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки наметавонад дар ин бора ибрози назар кунад. Аммо як корманди масъули Вазорати молия ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки куллияи маълумот ва хабарҳо пас аз баррасӣ ва иҷозаи Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазир, чоп мешаванд.

Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Дар матлабе, ки аввали моҳи октябри соли гузашта нашр дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд, таъкид гардидааст, ки ТАЛКО дар солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали 2016 ҳудуди 1 миллиарду 100 миллион доллар фоидаро аз давлат пинҳон кардааст. "Гузаштан ба системаи толлингӣ бар зарари ширкати алюминиюми тоҷик аст ва ин ширкат ҳоло бо зиён фаъолият дорад", - таъкид шуда буд дар гузориш.

Ба иддаои ин гузориш, коршарики ТАЛКО, ширкати оффшории Talco Management Limited, ки ҳуввияти моликонаш ошкор нашудааст, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна алюминий ба ТАЛКО 500 доллари амрикоӣ пардохт мекунад. Мақомоти Вазорати молия гуфтанд, аз ин гуна доду ситад, ТАЛКО аз истеҳсоли ҳар 1 тонна алюминиюм тақрибан 100 доллар зиён мебинад.

Баъдан дар посух ба ин моҷаро, ширкати ТАЛКО Вазорати молияро дар "бархӯрди ғайрикасбӣ" ба масъалаи марбут ба самаранокии фаъолияти ин корхона айбдор кард. Дар як изҳороташ рӯзи 27 октябри соли гузашта ТАЛКО гуфт, бо интиқоди ахири Вазорати молия розӣ нест. Дар посухи расмии ТАЛКО гуфта шудааст, ки хулосаҳои ин сохтор нисбат ба ширкат "воқеияти ҳолро дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад".

Масъулони ТАЛКО аз фаъолияти ин ширкат ҳимоят карда гуфтанд, "бинобар дониши пасти мутахассисони Вазорати молия дар робита ба усули толлинг, самаранокии ин усул дуруст арзёбӣ нашудааст ва вазорат дар арзёбии он аз бархӯрди ғайрикасбӣ кор гирифтааст".

Рӯзи 30 ноябр Вазорати молия аз вуҷуди иштибоҳи "фанниву омили инсонӣ" дар ҳисобу китоби кори корхона хабар дода ва гуфта буд, иддаои қаблиаш дар мавриди гӯё аз чашми давлат пинҳон мондани беш аз 1 миллиард доллари ТАЛКО "саҳви кормандони ин вазорат" аст. Дар пасманзари баҳси ду тараф, Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ва роҳбари маркази таҳлилии “Контент”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, якбора сар задани ин баҳс ва матбуотӣ шудани он, аз бурузи муборизаҳо миёни гурӯҳҳои қудратманди кишвар аломат медиҳад. Ӯ гуфт, "гап дар сари он аст, миёни ду ҷониби баҳс, ки бо раиси ҷумҳур наздик ҳастанд, муборизаи молиявию сиёсӣ идома доранд. Танҳо дар ин мубориза қартаи нав (манзур самаранокии кори ТАЛКО) ба ҳаракат дароварда шуданд."

Ширкати ТАЛКО, ТадАЗи собиқ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 1970 сохта шуд. Баҳси суду зиёни усули толлинг ва бо қимати имтиёзнок дарёфт кардани нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон, ки мардуми рустонишини кишвар ба он дастрасии мардум маҳдуд доранд, соли 2008 рӯ зада буд. Он замон дар саҳифаҳои матбуот, ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки беҳтар аст ин корхона фурӯхта шавад ва нерӯи барқи масрафмекардаи он дар зимистон ба мардуми кишвар дода шавад. Ба дунболи ин баҳсҳо қарори ҳукумат содир шуд, ки ТАЛКО, нерӯгоҳи Норак ва Роғун моликияти миллӣ эълон шуда ва фурӯхтан ва ё хусусигардонии онҳо тибқи қонун манъ гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG