Пайвандҳои дастрасӣ

Дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз як кон кашф шудааст, ки маъдани он барои тавлиди гилхоки алюминиюм истифода мешаванд. То ба ҳол, ягона корхонаи тавлиди алюминиюм дар Осиёи Миёна --"Талко" маҳсулоти зарурӣ барои тавлиди алюминийро аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати "Талко" рӯзи 28 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кон аз замони шӯравӣ маълум буд ва ҳамакнун дар чаҳорчӯби барномаи истифодаи маҳсулоти ватанӣ, тасмим гирифта шуд, ки дар ноҳияи Ёвон корхонаи тавлиди гилхоки алюминиюм сохта шавад. Ба гуфтаи вай, таркиби асосии гилхокро маъдани кашфшудаи оксиди алюминий дар кони Курговад ташкил медиҳад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати "Талко"
Игор Сатторов, сухангӯи ширкати "Талко"

Вай афзуд, ки мушкили аслӣ дар интиқоли ин маъдан аз Дарвоз ба ноҳияи Ёвон аст, вале ба гуфтаи ҷаноби Сатторов, тарҳи интиқоли ин маъдан аз тариқи лӯлаҳо омода шудааст, ки арзиши маводи интиқолшударо ба маротиб поён мебарад. Аммо бари амалӣ шудани ин тарҳ, ниёз ба сармояи зиёд мебошад. Игор Сатторов гуфт, ки ҳоло ба ин тарҳ сармоягузорони Чин таваҷҷуҳ доранд.

Ҷаноби Сатторов афзуд, ки интиқоли ин маъдан то Ёвон душвор аст, вале мехоҳанд дар ноҳияи Дарвоз корхонаи коркарди маъданро бунёд кард, сипас аз тариқи лӯла шакли маҳлулии онро то ба маҳалли корхонаи гилхоки алюминий дар ноҳияи Ёвон интиқол диҳанд: "Ҳоло дар ин ноҳия чанд корхонаи тавлиди маводи дигари таркибии гилхок сохта шудаанд. Ба тарҳи бунёди корхонаи гилхок сармоягузорони Чин таваҷҷӯҳ доранд."

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдаршо Акбаров, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон ва зодаи ҳамин диёр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки мутахассисон аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба кони Курговади ноҳияи Дарвоз таваҷҷӯҳ нишон медоданд, аммо интиқоли ин мавод то маркази Тоҷикистон он замон душворӣ дошт.

Ҳайдаршоҳ Акбаров
Ҳайдаршоҳ Акбаров

Вай афзуд: "Дақиқ медонам, ки дар ин кон маъдани таркибии гилхок вуҷуд дорад. Ҳоло ҷода аз ноҳияи Дарвоз то маркази Тоҷикистон бозсозӣ мешавад ва дар интиқоли маводи истихроҷшуда мушкилие нахоҳад буд. Имкон дорад бо бунёди лӯлаи интиқолӣ ин мавод бо нархи арзоне ба марказ интиқол дода шавад."

Дар ҳамин ҳол, Садриддин Шарипов, раиси Кумитаи энержӣ, саноат, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки захираи маъдани оксиди алюминий дар кони Курговад, ки аз он метавон гилхок тавлид кард,150 миллион тонна мебошад, ки барои солҳои зиёде кифоят мекунад.

Ба гуфтаи вай, конҳои асосии гилхок дар Австралия, Гвинея, Бразилия ва Ямайка воқеъ ҳастанд ва захираи онҳо ҳамасола коҳиш меёбад. Ба ин далел, ҷаноби Шарипов тахмин зад, ки минбаъд арзиши ин ашё дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Масъулони ширкати алюминиюми Тоҷикистон “Талко” гуфтанд, ки ин корхонаи ба иҷрои барномаи ивази ашёи воридотӣ ба маҳсулоти ватанӣ машғуланд ва қарор аст дар ноҳияи Ёвон корхонаи тавлиди алюминий бунёд кунанд. Онҳо ба далели сиррӣ будани иттилои тиҷоратӣ аз ироаи иттилои дақиқ дар бораи миқдор ва арзиши гилхоки воридотӣ худдорӣ карданд.

Гуфта шуд, ки танҳо корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди то 550 ҳазор тонна алюминий, дар соли ҷорӣ танҳо 144 ҳазор тонна алюминий тавлид хоҳад кард. Вале соли 2007 ин ширкат 440 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст.

Аммо ба далели коҳиши арзиши алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ ин ширкат аз тавлиди алюминиюми бештар ва бар зарари худ худдорӣ кардааст. Гилхокро барои тавлиди алюминий ширкати “Талко” аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG