Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар ба ҷойи Русия? Ҳосили ками талошҳо барои тағйири самти муҳоҷирати корӣ


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир мунтазам талош дорад, ки раванди муҳоҷиратро аз Русия ба кишварҳои дигар тағйир бидиҳад, вале ба гуфтаи нозирон ба муваффақияти қобили мулоҳизае ноил нашудааст.

Дар оғози сентябр дар шаҳри Давҳа сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзод бо Юсуф Муҳаммад ал-Усмон Фахру - вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҷонибҳо роҳҳои иҷрои созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди танзими қувваи кориро, ки моҳи феврал ба имзо расид, баррасӣ карданд. Тарафҳо масъалаи таъсиси гуруҳи кории муштарак, татбиқи санад ва номгӯйи тахассусҳоеро, ки дар бозори кори Қатар ба онҳо талабот бештар аст, баррасӣ кардаанд.

Вақте созишнома дар моҳи феврал миёни вазоратҳои ду кишвар имзо шуд, гуфтанд, ки соли 2022 дар Қатар мусобиқоти ҷаҳонии футбол доир мешавад ва барои бунёди иншооти варзишӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон имконпазир аст.

Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Баҳром Самадов он замон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фиристодани муҳоҷирон ҳуқуқи истисноии вазорат хоҳад буд, на ширкатҳои хусусӣ.

“Миёни коргар ва корфармо қарордод имзо мешавад, ки бар асоси Кодекси меҳнати Қатар танзим мешавад. Қатар ба мо номгӯйи мутахассисонеро, ки ба онҳо ниёз аст пешниҳод мекунад ва мо онҳоро омода ва равон мекунем” - гуфт Самадов.

Дар созишнома навишта шудааст, ки корфармо хароҷоти роҳ, бима, иқоматро ба дӯши худ мегирад ва ҳамчунин шароити хуби корро фароҳам менамояд ва дар сурати сар задани ҳаводиси нохуш ҷубронпулӣ мепардозад.

Ҷойгузини Русия

Ҷойи асосии кори муҳоҷирони тоҷик ҳоло Русия аст. Тавре як соли пеш вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода гуфта буд, 92% муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба кор дар Русия бартарӣ медиҳанд. Ҷойи дувумро Қазоқистон мегирад ва ба онҷо ба гуфтаи вазир ҳудуди 6,8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон мераванд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аксаран мавриди таҳқиру табъиз аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гуруҳҳои миллатгаро қарор мегиранд. Дар мавриди вазъи осебпазири муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳам хабарҳо мерасад. Дар умум вазъи иқтисодии Русия ва Қазоқистон ногувортар мешавад ва бад шудани шароити кору ҷойи кор сабаби тадриҷан ба дунболи кишварҳои нав рафтани муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Табрез Аламшоев донишҷӯйи тоҷик, соли сеюм аст дар шаҳри Дэгу дар Куриёи Ҷанубӣ кору зиндагӣ мекунад. Ӯ забони куриёро хуб медонад ва дар лаҳзаҳои фориғ аз таҳсил дар хадамоти почта кор мекунад. “Мувофиқи қонун мо ҳақ дорем дар як ҳафта то 30 соат кор кунем, вале агар бо корфармо мувофиқа кунӣ метавонӣ бештар ҳам кор кунӣ. Донишҷӯёни тоҷик асосан дар почта кор мекунанд”- мегӯяд Табрез.

Муҳассилин ва муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Куриёи Ҷанубӣ, ба гуфтаи ин донишҷӯ кам нестанд. Коргарон асосан ба ин ҷо бо шиносномаи русӣ ба унвони гардишгар (миёни Русия ва Куриёи Ҷанубӣ режими бидуни визаи 60-рӯза мавҷуд аст) меоянд ва баъд аз он ғайриқонунӣ мемонад. Донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ ё ин ҷо кор пайдо мекунанд расман боқӣ мемонанд ё пинҳонӣ кор мекунанд. “Аксарият пинҳонӣ кор мекунанд, бархе мераванд ба харчангдорӣ машғул мешаванд, ки кори сангине аст. Ҳангоми тарк кардани кишвар ин нафаронро бидуни ҷаримаву маҳдудиятҳои дигар ихроҷ мекунанд”- гуфт Табрез.

Маоши миёна ба гуфтаи ӯ дар ин кишвар 3000 доллар аст ва касоне, ки ба василаи ширкатҳо ба ин ҷо меоянд, бо ҷойи хоб ва хурду хӯроки ройгон таъмин мешаванд. “Вале кор хеле вазнин аст барои дарёфти пул зарур аст сахт корӣ кунӣ. Барои ҳамин аст, бештари касоне, ки ин ҷо меоянд, пушаймон мешаванд”- мегӯяд Табрез.

Давлат дар ҷустуҷӯйи шарикон аст

Моҳи июли имсол, муовини сарвазири Тоҷикстон Азим Иброҳим ҳангоми дидор бо ҳайати порлумонии Куриёи Ҷанубӣ масъалаи имзои созишнома дар мавриди муҳоҷирати кори миёни кишваҳоро матраҳ кард. Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манбаъ дар Ҳукумати Тоҷикистон он замон хабар дод, ки вакилон ваъда супурдаанд, ки созишномаро сарфи назар аз суст шудани рушди иқтисоди кишварашон ба имзо мерасонанд.

Моҳи октябри соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Ҳинд ас-Сабоҳ - вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва рушду барномарезӣ дидор кард ва мавзӯи асосии гуфтугӯяшон ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик будааст. Вале созишномаи лозимро дар ин замина Тоҷикистон танҳо бо Қатар ба имзо расонд.

Рӯзноманигори тоҷики огоҳ аз масоили муҳоҷират дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки амалкарди ҳукумат бештар вонамуд кардан аст, зеро то кунун натиҷаи қобили мулоҳизае ба даст наомадаст. “Мо мисле, ки 95% аз Русия вобаста будем, ҳамон тарз боқӣ мондем, танҳо ба қисми ками шаҳрвандони мо имконпазир шудааст, ки ба Дубай, Туркия ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс бираванд ва ҳамин ҳам ба воситаи ширкатҳое, ки барои онҳо мушкилоти фаровоне халқ мекунанд”- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Сабаби нокомӣ набуди тахассусҳост

Коршиноси масоили муҳоҷират аз Тоҷикистон, профессор Раҳмон Ӯлмасов мегӯяд, ки далели нокомӣ дар ҷустуҷӯйи самтҳои нави муҳоҷират, камбуди тахассусҳо ва мушкили забонӣ аст. “Қатар, Арабистони Саудӣ ва ҳама дигар кишварҳо ба муҳоҷирони ихтисосманди варзида ниёз доранд, ки дар мо чунин кадрҳо барои худамон ҳам намерасанд. Дар чор бахш мо курсҳои омода кардани мутахассисон, 63 омӯзишгоҳи касбӣ дорем, вале пойгоҳи моддиву фаннии онҳо ба талаботи муосир посухгӯ нестанд” - мегӯяд Ӯлмасов.

Ин коршинос ба Вазорати меҳнат пешниҳод мекунад, ки рӯйи ниёзмандии бозори кор дар Русия тамаркуз кунад ва мутахассисони мавриди ниёзро дар Тоҷикистон омода намояд, аз ҷумла бо ҷалби ширкатҳое, ки ба қувваи кор ниёз доранд. Ба ҷуз ин ӯ иҷораи заминҳоро барои дарозмуддат дар Русия мувофиқи мақсад мешуморад. “Он ҷо 23 ҳазор деҳаҳои холишуда мавҷуд аст. Мо набояд ба шаҳрҳо, балки ба деҳаҳо таммаркуз кунем, ки имкон медиҳанд, мардумро бо кор ва худро бо маҳсулоту маблағ таъмин кунем”- мегӯяд профессор Ӯлмасов.

Шумораи дақиқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия маълум нест. Мувофиқи омори расмии Тоҷикистон соли 2018 ба Русия 484 ҳазор нафар рафтааст. Русия ҳамеша иттилоъ медиҳад, ки дар қаламрави он ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Самти нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷират ба Амрико аст. Ҳарчанд омори расмии марбут ба ин самт вуҷуд надорад, вале дар маҷмуъ ин самт аз ҳар нигоҳе муфид дониста мешавад.

Мувофиқи маълумоти Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикисон дар оғози моҳи июли имсол бештар аз 77 ҳазор нафар ба ҳайси бекор сабти ном шудаанд. Нишондиҳандаҳои воқеии бекорӣ ба маротиб бештаранд, вале шомили омори расмӣ намешаванд.

XS
SM
MD
LG