Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои муҳоҷирони тоҷик бо рақиби пешини Путин ба сари 10 млн рубл. ВИДЕО


Умар Ҷабраилов

Як гуруҳи 80-нафарии муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати "Аванти строй групп" дар Маскав кор мекарданд, мегӯянд, ширкат беш аз 10 миллион рубл маоши онҳоро надод ва мақомоти рус ҳам арзи онҳоро нодида мегиранд.

Яке аз моликони асосии ширкат Умар Ҷабраилов, соҳибкори бонуфузи чечен аст, ки соли 2000-ум номзадии худро ба мақоми президенти Русия пешбарӣ карда буд. Ёвари Ҷабраилов рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддаои муҳоҷирони тоҷикро рад ё тасдиқ накард. Аммо намояндаи дигари "Аванти строй групп" гуфт, "ширкат муфлис шудааст".

Баҳс аз куҷо оғоз шуд?

Беш аз 80 муҳоҷири тоҷик дар сохтмони бинои бисёртабақае саҳм гирифтаанд, ки паймонкораш ширкати "Аванти строй групп" будааст. Ин бино дар наздикии истгоҳи метрои "Водный стадион" дар Маскав ҷойгир аст. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳар рӯз беш аз 11 соат "бетон" мерехтанд, вале кордиҳанда маоши онҳоро додан намехоҳад.

Абдуҳалим Нозиров, бинокори тоҷик, гуфт, бори аввал ба кордеҳе рӯ ба рӯ шуд, ки маоши онҳоро намедиҳад ва илова ба ин таҳдид мекунад. "Ҳатто дар моҳи Рамазон бе танаффус кор кардем. Ду фарзанди ман донишҷӯ аст. Ширкат пули думоҳаи моро надодааст ва мо корро тарк кардем", -- нақл кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, маоши моҳонаи ӯ дар ин ширкат аз 80 ҳазор рубл бештар буд ва ҳадди ақал 160 ҳазор рублашро то ҳанӯз нагирифтааст. Ҳудуди 80 муҳоҷири тоҷик – ҳамтақдирони Нозиров -- низ тақрибан ҳамин миқдор ҳаққи заҳмати худро нагирифтаанд.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, шахсе ки гуруҳи 80-нафарии тоҷиконро дар ин сохтмон роҳбарӣ мекард, дар баробари дигарон ба қабули Ҷабраилов даромадааст. "Вай дар ҷавоб моро дашном дод ва аз утоқи кориаш ронд", -- гуфт муҳоҷири тоҷик.

Ҷавоби ёвари Ҷабраилов

Григорий Горчаков, ёвари Умар Ҷабраилов, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин иддаои муҳоҷиронро рад ва ё тасдиқ накард, аммо гуфт, масъулони ширкати "Аванти строй групп" ба масоили марбут ба маоши коргарон посух хоҳанд гуфт.

Як корманди баландпояи ин ширкат, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 24-уми сентбяр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ширкат касод шудааст".

"Тақрибан чаҳор моҳ боз ширкат уҳдадориҳои молиявии хешро дар назди коршарикон ва кормандон иҷро карда наметавонад. Натанҳо маоши шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз коргарони кишварҳои дигар ва ҳам сокинони маҳаллӣ пардохт нашудааст. Ҳоло кашмакашҳои додгоҳӣ идома дорад ва ширкат дар остонаи муфлис эълон шудан аст", -- афзуд ӯ.

Ин мақоми "Аванти строй групп" гуфт, қарзи ширкат дар назди коршарикон ва кормандон дар маҷмуъ ба 600 миллион рубл мерасад ва дар сурати муфлис эълон шудан ва таракаи амвол ҳам ба гумон аст, ки барои пардохти маоши коргарон пул расад.

"Ҳеч кас намехоҳад ин масъаларо ҳал кунад"

Абдуалим Ятимов, шахсе, ки гуруҳи муҳоҷирони тоҷикро дар ин сохтмон бо ҷойи кор таъмин карда, роҳбарии онҳоро ба дӯш дошт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати "Аванти строй групп" дар маҷмӯъ 10 миллиону 200 ҳазор рубл маоши коргарони тоҷикро напардохтааст. Ятимов гуфт, муроҷиатҳои зиёдашон ба мақомоти Русия бенатиҷа буд.

"Ба мақомоти Русия муроҷиат кардем. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба масъулони додситонӣ ҳавола мекунад. Додситонӣ ба Нозироти меҳнат мефиристад. Ягон ниҳод намехоҳад ин масъаларо ҳал кунад", - гуфт Ятимов.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ширкати Ҷабраилов натанҳо коргарони тоҷик, балки қирғизҳову русҳо, доғистониҳо ва худи чеченҳоро низ "фиреб додааст ва миллион рубл маблағи онҳоро пардохтан намехоҳад".

Ятимов гуфт, барои рӯёнидани маблағи маоши коргарони тоҷик ба чанде аз афроди пурнуфуз ё "авторитетҳо" дар Маскав муроҷиат кард ва ҳозир буд, дар сурати рӯёнидани маблағ аз Умар Ҷабраилов нисфе аз онро ба онҳо ҳамчун ҳаққузаҳмат бидиҳад.

"Ягон кас ин корро бар уҳда нагирифт. Ҳама аз ӯ метарсанд", -- иброз дошт Абдуалим Ятимов.

Ҳамаи умед ба Рамазон Қодиров?

Барои ба даст овардани маоши муҳоҷирон ӯ ба Адам Делимханов, вакили Шӯрои федератсия аз Чеченинстон низ муроҷиат карда, ҳамчунон нусхаи санади иҷрои корҳоро пешкаш намудааст. Делимханов ваъда додааст, ин мушкили муҳоҷиронро ҳал мекунад, аммо Ятимов афзуд, "аз санаи муроҷиат се ҳафта гузашт, вале пешравие дида намешавад".

Ятимов мегӯяд, "аз миёни афроди пурнуфуз танҳо Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, метавонад ба Ҷабраилов таъсир гузорад, аммо касе нест арзи моро ба ӯ расонад."

Умар Ҷабраилов кист?

Бино ба иттилои "Интерфакс спарк", ки дар бораи ширкатҳои Русия маълумот медиҳад, беш аз 71 дарсади саҳмияҳои "Аванти строй групп" ба Умар Ҷабраилов ва боқӣ ба Дмитрий Максимчукс ном муҳандиси литвонӣ тааллуқ дорад. Масъулони ширкат мегӯянд, Максимчукс аз моҳи май инҷониб бедарак аст. Муҳоҷирони тоҷик ҳам мегӯянд, пас аз ғайб задани Максимчукс ширкат аз пардохти маоши онҳо сарпечӣ кард.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Умар Ҷабраилов аз сарватмандон ва афроди пурнуфуз дар Маскав ба ҳисоб меравад. Ӯро молики 9 ширкат медонанд, ки бузургтаринаш "Аванти строй групп" гуфта мешавад. Ба навиштаи расонаҳо соли 1996 Ҷабраилов ба ташкили куштори коршарики тиҷоратиаш аз Амрико Пол Тейтум айбдор шуд, ҳарчанд баъдан тафтишот даст доштани ӯро дар ин қатл исбот накард. Аммо баъди ин ҳодиса Ҷабраилов ба Амрико мамнуъулвуруд шуд.

Соли 2000-ум аз сӯи ҳаракати "Сила разума" дар баробари Владимир Путин номзади мақоми президентӣ дар Русия шуд, аммо аз миёни 11 номзади дигар камтарин овозро ба даст овард ва ноком гашт.

Соли 2017 расонаҳо аз тирпарронии ӯ дар як утоқи меҳмонхонае дар Маскав хабар доданд. Баъдан тафтишот рӯшан кард, ки Ҷабраилов аз он ки хӯрокро ба утоқи ӯ на пешхизмат, балки фаррош овард, ба хашм омада ва ба сафқи утоқ аз таппончааш чанд тир холӣ кардааст. Баъд аз муҳокма додгоҳ ӯро барои "истифодаи маводи мухаддир бидуни тавсия пизишк" муҷрим шинохта, 4 ҳазор рубл ҷарима кард.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ҳодисаи сарпечӣ аз пардохти музди маоши онҳо аз сӯи кордиҳандагон дар ин кишвар зуд-зуд рух медиҳад. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, арзи муҳоҷирони кориро дар бораи нагирифтани ҳаққи меҳнаташон баррасӣ мекунад ва аз роҳҳои қонунӣ барои ситонидани музди маоши онҳо аз сӯи кордеҳон мусоидат менамояд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, танҳо дар соли 2017 мусоидат кардааст, ки кордиҳандаҳо дар Русия 30 миллион рубли муҳоҷирони тоҷикро бипардозанд. Вале муҳоҷирон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи онҳо дар Русия мегӯянд, ин рақамҳо хӯшае аз хирман аст ва ҳанӯз даҳҳо муҳоҷири тоҷик наметавонанд пули худро аз корфармоён бигиранд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG