Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба Русия набурд" Боздошти як роҳбалад барои фиреби чанд муҳоҷири тоҷик


Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти роҳбалади як ширкати мусофиркашонӣ хабар дод, ки ба фиреби муҳоҷирон айбдор мешавад. Назари Азиз Бобоҷонов, роҳбалади ширкати "Сомон Континент" дар ин бора маълум нест. Аммо масъулини ин ширкат боздошти кормандашонро тасдиқ карданд.

Азиз Бобоҷонов, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе ва роҳбаланди ширкати "Сомон Континент" ҳафтаи гузашта аз сӯи Раёсати ВКД дар бахши нақлиёт боздошт шудааст.

Як мақом дар ин Раёсат, рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Азиз Бобоҷонов ҳамчун роҳбалад аз шаш нафар беш аз 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Бо ин маблағ ин нафарон бояд тавассути автобусҳои ширкат ба Русия мерасиданд. Аммо ба гуфтаи мақомот, роҳбалади "Сомон Континент" пулро "ба манфиати худ истифода карда", мусофиронро ки аксаран муҳоҷири корӣ буданд фиреб додааст.

Гулсун аз ҷумлаи шаш нафаре мебошад, ки ба гуфтаи худаш бар ивази 900 сомонӣ аз Бобоҷонов билети автобус харид. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, баъдан фаҳмид, ки Бобоҷонов ин маблағро ба манфиати худ сарф кардааст.

Масъулини ширкати "Сомон Континент" боздошти роҳбаладашонро тасдиқ карданд.

Як масъули "Сомон КОнтинент" бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, рафтори ин кормандашон ба обрӯи онҳо латма зад ва талош мекунанд, чунин афрод минбаъд барои кор дар ширкаташон роҳ наёбанд. Ин масъули "Сомон Континент" аз сокинон хост, қабл аз сафар ва хариди билет эҳтиёткор бошанд. Аммо ӯ нагуфт, вақте сокинон аз роҳбаланди як ширкат чипта мехаранд, боз чигуна эҳтиёт кунанд?

Сафар бо автобус яке аз роҳҳои аслии расидани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс аст. Ин шабу рӯз дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар эълону овезаҳои ширкатҳои хусусӣ муҳоҷирони кориро ба сафари Русия бо автобус даъват мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд сафар бо автобус мушкилиҳои зиёд дорад, аммо ба хотири гаронии чиптаи ҳавопаймо маҷбуранд бо нақлиёт ба Русия раванд.

Ҳоло арзиши сафар ба Русия тавассути ҳавопаймо бештар аз 2 ҳазор сомонӣ ва тариқи автобус аз 500 то 750 сомонист.

Дар Тоҷикистон ширкатҳо танҳо бо иҷозаи Вазорати нақлиёт ҳаққи интиқоли мардум ба Русияро доранд. Ахиран Хадамоти муҳоҷират аз Вазорати нақлиёт хост, раҳбаладон қаблан сафари худро бо ин хадамот мувофиқа кунанд ва кафолат диҳанд, ки муҳоҷиронро дар нимароҳ намегузоранд.

Тибқи иттилои расмӣ солона то 800 ҳазор ва бинобар омори ғайрирасмӣ соле беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Ин қишр, ки мегӯянд, то расидан ба макони муҳоҷират мушкилиҳои зиёдеро пушти сар мекунанд, ҳоло ба "дарди сар"-и дигаре рубарӯ шудаанд. Ин ҳам бошад таҳдиди фиреб хӯрданашон ҳангоми хариди чипта. Бархе онҳо ширкатҳои мусофиркашониро ба сӯистифода аз ночории худ айбдор мекунанд.

Наимҷон Каримов, ки бештар аз бист сол барои кор ба Русия меравад мегӯяд, "бархе афроди алоҳида медонанд, ки муҳоҷир ночор аст барои кор равад. Барои ҳамин ба боварии онҳо даромада, ҳатто охирин пулашонро азхуд мекунанд ва ба мушкили онҳо мушкили дигар зам мекунанд".

Коршиносон мегӯянд, барои кам кардани мушкили мардум дар вақти харидии чиптаи автобус ва машаққати роҳ бояд нархи сафар бо ҳавопаймо арзон карда шавад. Чун ба гуфтаи коршиносон, вақте нархи чиптаи ҳавопаймо арзон шавад, ба сафар тариқи автобус ниёз намемонад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG