Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ намеоянд. Чаро?


Муҳоҷирони тоҷик ба супурдани имтиҳони забони русӣ барои дарёфти ҳаққи кор дар Русия таваҷҷуҳи андак зоҳир кардаанд.

Бино бар қонуни нави Русия, сар аз 1-уми декабр, муҳоҷирон аз кишварҳое, ки бо Русия режими виза ё раводид надоранд, барои дарёфти иҷозаи кор дар соҳаҳои ҳоҷагии коммуналӣ, савдо ва хидматрасонӣ бояд аз имтиҳони забони русӣ гузаранд.

Владислав Курнушко, роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, ки ҳаққи қабули имтиҳон аз муҳоҷиронро дорад, мегӯяд, ниҳоди зери роҳбариаш бояд аз 10-уми декабр забондонии гурӯҳи аввали муҳоҷиронро месанҷид, вале то ҳол танҳо 10 нафар барои супурдани имтиҳон муроҷиат кардаанду халос. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Курнушко, барои қабули имтиҳон, мутахассисон аз Донишгоҳи “Дӯстии Халқҳо”-и Маскав ҷалб мешаванд ва барои даъват кардани онҳо аз Маскав бояд ҳадди ақал гурӯҳи 30-нафарии муҳоҷирон ҷамъ шавад.

Ҷаноби Курнушко афзуд, муҳоҷирон бо супурдани имтиҳон дар Тоҷикистон метавонанд, бо дили пур ба Русия рафта, дар соҳаи дилхоҳи худ кор кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳои Русия дар ин кишвар низ муҳоҷирон барои супурдани имтиҳони забони русӣ майли зиёд надоранд. Нашрияи русии “Комерсант” менависад, то ҳол 200 нафар аз шумори чандмиллионафарии муҳоҷирон омодагии худро ба имтиҳони забон эълом доштаанд.

Каромат Шарифов, роҳбари Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик”, мегӯяд, дар миёни ин 200 нафар муҳоҷирони тоҷик қариб нестанд. Шарифов иллати камтаваҷҷуҳии муҳоҷирони тоҷикро ба имтиҳони забони русӣ марбут ба нархи он гуфт, ки баробари 5 ҳазор рубли русӣ аст. Ҷаноби Шарифов таъкид мекунад, ки пардохти 5 ҳазор рубл ҳанӯз маънои гирифтани сертификати дониши забони русӣ нест, чунки муҳоҷирон метавонанд, аз имтиҳон нагузаранд ва аз пул ҳам маҳрум мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шарифов маоши муҳоҷирони кӯчарӯб дар як моҳ 10 ё 15 ҳазор рублро ташкил медиҳад ва онҳо намедонанд, ки ин пулро ба хона фиристанд ва ё ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кунанд.

Любов Дудко, раҳбари Маркази таълимию методии забони русии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, мегӯяд, барои супурдани имтиҳон дар ин марказ аз муҳоҷирон 3 ҳазор рубл талаб карда мешавад. Ӯ мегӯяд, барои гузаштан аз имтиҳон, донистани 850 калимаи русӣ кифоя аст. Яъне, муҳоҷирон бояд исбот кунанд, ки одитарин ибораҳои русиро мефаҳманд ва дар мавзӯъҳои рӯзмарра бо русӣ суҳбат карда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтаанд, ҳар сол на камтар аз 140 ҳазор муҳоҷири корӣ аз чунин имтиҳон хоҳад гузашт. Ба қавли мақомот, пеш аз қабул шудан ба кор дар соҳаи хидматрасонӣ, шахс бояд санади тасдиқкунандаи донишҳои русиашро нишон диҳад. Агар шахс то соли 1991 мактаби миёнаро хатм карда бошад ва ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате барои доштани чунин як санад пеш намеояд.

Ҳукумати Русия мегӯяд, ин қадами нахустин буда, дар оянда, аниқтараш то соли 2015 қонун дар бораи донистани таърих ва асосҳои давлатдории Русия қабул мешавад. Аз рӯи ин муқаррарот, муҳоҷирони корӣ баъд аз се сол бояд дар баробари имтиҳони забони русӣ, имтиҳони таърихи ин кишварро низ супоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳар сол на камтар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад ва шумори хеле зиёди онҳо ҷавононе мебошанд, ки аз манотиқи дурдасти кишвар канда шуда, таҷрибаи муошират ба забони русиро надоранд. Илова ба ин, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёна, ба хусус дар деҳоти кишвар назар ба солҳои шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG