Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон беҳбуди зиндагиро саҳми давлат намедонанд. Чаро?


Тибқи як назарпурсӣ, 62 дарсади тоҷикистониён гуфтаанд, дар соли 2012-ум вазъи зиндагиашон беҳбуд ёфтааст, вале инро саҳми давлат намеҳисобанд.

Дар як пурсиши Маркази пажуҳиши афкори умуми “Шарқ”, 62 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки дар соли 2012-ум даромаду некӯаҳволии онҳо боло рафтаааст. Дар ҳамин назархоҳӣ фақат 2 дарсад пурсидашудагон иброз доштаанд, ки соли 2012-ум зиндагии онҳо аз нуқтаи назари иқтисодиву иҷтимоӣ душвортару бадтар шудааст.

Аммо аксарияти мардум гуфтаанд, дар беҳбуди вазъи зиндагиашон давлат саҳме надорад. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои давлатӣ аз талошҳои пайваста барои беҳбуди зиндагии мардум изҳорот медиҳанд.

Аз ҷумла лоиҳаи будҷаи Тоҷикистон дар соли 2013-ум, ки ба беш аз 12 миллиард сомонӣ баробар аст, 50%-и хароҷот дар бахши иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Ба қавли раиси хадамоти омӯзиши афкори умуми “Шарқ”, Саодат Олимова, мушкили низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ин аст, ки он аз даврони Шӯравӣ зиёд тағйир надида, дар аксари ҳолатҳо,сарфи назар аз вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ,
Саодат Олимова
Саодат Олимова
оила ва ё хоҷагиҳоро зери ҳимояи иҷтимоии ҳукумат қарор медиҳад. Ӯ меафзояд, чунин уҳдадории миёншикан талошҳои иҷтимоии ҳукуматро беасар намуда, ба вазъи мардуми камбағал низ беҳбуде намеорад.

Ба ин гуфтаҳо собиқ раиси Кумитаи иқтисод, будҷет, молия ва андози Маҷлиси намояндагон, Гулчеҳра Бозорова мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, аз чанд сол ба ин тараф ҳукумат саъй дорад, кӯмакҳои иҷтимоиро унвонӣ ё худ "адресӣ" намояд, то ёриҳо ба мардуми воқеан ниёзманд расанд.

Рӯзноманигор аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, Рокия Абдуллоева мегӯяд, хоҳараш маъюби дараҷаи аввал аст, вале аз давлат ба ҷуз нафақаи ночиз, ки тахминан 100 сомониро ташкил медиҳад, дигар кадом кӯмаке дарёфт намекунад ва рӯзгори хоҳарашро ӯ ва бародаронаш таъмин мекунанд.

Чанд сол инҷониб ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ ду барномаро татбиқ мекунад, ки то соли 2015-ум ба поён расида, яке дар ташхиси табақаҳои ниёзманд ва ирсоли кумаки фаврӣ ба онҳо ва дигаре дар ташкили феҳрасти афроди ниёзманди кӯмаки иҷтимоӣ саҳмгир хоҳад буд. Масъулони барномаҳои мазкур мегӯянд, феълан аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ дар даҳ ноҳияи Тоҷикистон барномаи ба истилоҳ пилотии ташхиси табақаҳои камбизоат ташкил шудааст, ки тавассути формулаҳои хос, вазъи иқтисодиву иҷтимоии хоҷагиҳои ниёзмандро ташхис мекунанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

Яке аз масъулони татбиқи ин барномаҳо, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, ҳоло фақат ниҳодҳои давлатӣ дар мониторинги аҳолӣ иштирок меварзанд, вале дар оянда созмонҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандӣ низ ба ташхиси табақаҳои ниёзманд ва иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ даъват хоҳанд шуд.

Дар ҳақиқат кӯмаки иҷтимоӣ, бидуни назорати ҷамъиятӣ метавонад ба дасти афроде расад, ки ба он ҳеҷ ниёзе надоранд. Аз сӯи дигар, кӣ кафолат медиҳад, ки мақомдорон дар ташхиси хоҷагиҳову афроди воқеан ниёзманд муваффақ хоҳанд шуд?

Бо ишора ба таҷрибаи кории худ Саодат Олимова мегӯяд, ки баъзан ҳангоми суолу ҷавоб мусоҳибон даромади худро камтар ва хароҷоташонро бештар нишон медиҳанд, вале ҷомеашиносон суолу ҷавобҳоро тавре раҳандозӣ мекунанд, ки билохира ҳақиқат рӯи об мебарояд. Бар илова вақте нозирон аз хоҷагиҳо зиёрат мекунанд, метавонанд бо чашми худ бубинанд, ки ин оила як гов дорад ё сето.

Ба қавли хонум Олимова, дар некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон саҳми муҳоҷирони корӣ ва боғу киштзорҳои наздиҳавлигӣ хеле бузург аст. Ба гуфтаи ӯ, маош фақат 40%-и даромади мардумро ташкил медиҳад. Боқимонда аз ҳисоби мардикорону тавлиди маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои хусусӣ аст, ки гувоҳи
Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.
себпазир будани низоми иҷтимоии Тоҷикистон аст. Олимова суол мегузорад, ки агар бо Русия чизе рӯй диҳаду роҳи муҳоҷирон ба ин кишварро бубанданд, ё виза ҷорӣ кунанд ё нархи нафт, ки соҳаи асосии даромади Русия аст, поин шавад, аҳволи мардуми мо чӣ мешавад?

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, то соли 2007-ум даромади мардуми Тоҷикистон аз хароҷоташон камтар буд, яъне мардум барои рӯзгузаронӣ захираҳои худ, амсоли хона, ҷавоҳирот, чорво ва дигар дороиҳоро фурӯхта, рӯзгорашонро таъмин мекарданд. Олимова мегӯяд дар давоми панҷ соли ахир ба шарофати муҳоҷирони корӣ ва рушди иқтисоди кишвар даромади мардум дар муқоиса бо хароҷоташон бештар шудааст ва мақомот бояд аз ин фурсати муносиб истифода бурда, табақаҳои камбизоаттаринро ташхис ва зери ҳимояи иҷтимоии худ қарор диҳад.

Дар ҳамин ҳол тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои муваффақ дар мубориза бо камбизоатӣ ба шумор меравад. Бар пояи иттилои расмӣ, дар байни солҳои 2001-ум ва 2010-ум шумораи мардуми камбағали ин ҷумҳурӣ, яъне афроде, ки рӯзона камтар аз дувуним доллар хароҷот доранд, аз 83 то ба каме беш аз 40% коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG