Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, ки даҳҳо мухолифини пешинро ба ватан баргардонданд. ВИДЕО


Пас аз се соли мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ, ҳукумати Тоҷикистон аъзои ин созмонро ба шарти даст кашидан аз узвият ва "пушаймонӣ" аз пайравӣ ба ҳизб ба кишвар фаро мехонад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон эълон карданд, ки наздик ба 100 нафар аз аъзои собиқи ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ эълоншудаи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24"-ро аз хориҷа бозгардониданд.

Ба ҷуз аз Саидиброҳими Назар (Гадозода) ва Нӯъмонҷон Шарипов, ки яке аз Эрон ва дуввумӣ аз Туркия ба Тоҷикистон баргаштааст, боқимонда бозгаштагон аъзои қатории ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ мебошанд.

Коршиносони мустақил мегӯянд, бо вуҷуди бесилоҳу бенерӯ будан, фаъолиятҳои мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ҳар гуна нишастҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҳукуматро асабонӣ мекунад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навори 10 узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ - сокинони ноҳияи Аштро рӯзи 11 июл нашр кард, ки ҳамагӣ аз хавфи зиндонӣ шудан дар Русия панаҳ мебурдаанд. Дар навор ин афрод аз "гумроҳ шудани худ" шаҳодат дода, мегуфтанд, бо даъвати мақомот ба зодгоҳашон ба зиндагии осоишта баргаштанд.

Мақомот мегӯянд, аз тариқи сӯҳбат бо "волидон ва худи онҳо аъзои фирории ин ҳизби мамнӯъ"- ро барои бозгашт моил карданд. Зоҳиран ҳукумат талош дорад, мунтақидонашро аз хориҷ ба Тоҷикистон биёрад, то онҳо зери сояи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ қарор нагиранд.

7 нафар гуфт, ки созмони мухолифонро тарк мекунад

Ба ҳамин минвол, чанде аз аъзои "Гурӯҳи 24" ба Тоҷикистон баргаштанд. Тайи ду моҳи охир ҳадди аққал 7 нафар аз хориҷ шудани худ аз ин гурӯҳ хабар доданд. Дар миёни бозгаштагон Файзуллоҷон Сафаров, Фирӯзшо Лоиқов, Меҳрубон Сатторов ва Оятулло Гиляев ҳастанд, ки то ин замон ҳукумати кишварро мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекарданд.

Файзуллоҷон Сафаров, як узви собиқи Гурӯҳи 24.
Файзуллоҷон Сафаров, як узви собиқи Гурӯҳи 24.

Охирӣ пас аз бозгашт аз як нафар мунтақиди ҳукумат ба мунақиди мухолифин табдил шуд ва дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии YouTube даҳҳо навореро аз хонаводаҳои мухолифин дар Тоҷикистон нашр кард. Дар ин наворҳо пайвандон аз наздикони худ, ки дар Русия ва кишварҳои аврупоӣ панаҳ бурдаанд, даъват мекунанд, ки ба ватан баргарданд, "давлат онҳоро афв мекунад".

Меҳрубон Сатторов, яке аз мунтақидони ашадии ҳукумати Тоҷикистон аз "Гурӯҳи 24" мегӯяд, 12 сол дар мусофират сарсон буд ва тасмим гирифт ба ватан баргардад. "Ман 1,5 сол дар зиндони Русия будам. Вақте гуфтанд, ба Тоҷикистон равам, манро афв мекунанд, ҷомадонамро гирифта, таваккалӣ омадам. Маро мувофиқ ба як банди моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ авф карданд ва ҳоло дар зодгоҳам Конибодом ҳастам",- гуфт ӯ.

Аммо даъвати мақомот танҳо ангезае нест, ки мунтақидон ба кишвар бозмегарданд. Мушкилоти мусофират, аз ҷумла надонистани забон, пайдо кардани ҷойи кору мақом дар кишварҳои хориҷа фирориёнро ба танг меорад ва онҳо тасмим мегиранд ба ватан баргарданд.

Мудири меҳмонхонаи сарироҳии “Привокзалний” дар шаҳри Брести Беларус, ки аксарияти паноҳҷӯёни тоҷик дар он ҷо манъ мешаванд, гуфт, онҳое, ки аз роҳи Полша ба Аврупо мераванд, моҳҳо инҷо мунтазир мемонанд ва аз даводаву ташвишҳо хаста шуда, аз роҳашон мегарданд.

Мақомот мегӯянд, ки даҳҳо мухолифини пешинро ба ватан баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

"Дарвозаи Тоҷикистон ба рӯи онҳое, ки ҷиноят накардаанд, боз аст"

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сиёсати ҳукумат дар баробари мухолифони фирорӣ иваз нашудааст, аммо "дарвозаҳои Тоҷикистон" ба рӯи аъзои собиқи ин ҳизб, ки ба ҷиноят даст задаанд, боз аст.

Ӯ гуфт: "Вақте ҷинояткорон аз ҳизби террористиву экстремисти наҳзати исломӣ ҳабс карда мешуданд, аъзои қатории он худ тарсида, аз кишвар гурехтанд. Касе онҳоро пеш накарда буд. Ҳукумат ҳам бояд онҳоро як бор тафтиш мекард. Чун ҳизб, ки террористӣ шуд, тафтишот бояд муайян мекард, кадоме аз аъзоён террористанд - як қисматашон, 10 ва ё 20 фисади онҳо. Ҳоло мо инро омӯхтем ва дида истодаем, ки қисме аз онҳо воқеан ба ин ҷиноятҳо шарик нестанд ва танҳо раҳгумзада шудаанд."

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Сафаров мегӯяд, барои ҳамаи онҳое, ки ғалат будани роҳи интихобкардаашонро дарк карда, довталабона хоҳиши ба ватан баргаштанро карданд, роҳ боз аст.

Пас аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ҲНИТ ба ҳамдастӣ ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ айбдор шуд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар кишвар манъ намуд.

Дар ин миён наздик ба 200 нафар аъзои ин ҳизб ҳабс шуданд, аммо бахше ҳам аз кишвар фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурданд. Ба фарқ аз оппозитсиюни солҳои 1990-ум, мухолифони нав силоҳу аслиҳае надоранд ва ягона яроқашон шабакаҳои иҷтимоист, ки тавассути он ҳукуматро танқид мекунанд.

Сайфулло Сафаров, мегӯяд бадгӯиҳои мухолифон нисбат ба ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли "чархзании кайк дар пусти як фил" аст ва ба амнияту устувории кишвар хатаре надоранд. “Бинобар ин ҳукумати Тоҷикистон барои якчанд кайк шуда, пӯстинро намесӯзад. Яъне танҳо барои як гурӯҳ шуда, ҳуқуқи мардуми боқимондаро маҳдуд намесозад. Бинобар ин, онҳое кадом вақте аъзои ин ҳизб буданду довталабона ба ватан бармегарданд ва аз пайравӣ аз ин ҳизб даст мекашанд, ҳеҷ таъқиб намешаванд",- иброз дошт ӯ.

"Сиёсати ҳукумат дар баробари ҲНИТ тағйир наёфтааст"

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили сиёсии кишварҳои Осиёи Миёна.
Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили сиёсии кишварҳои Осиёи Миёна.

Аммо коршиносони мустақил мегӯянд, бо вуҷуди бесилоҳу бе нерӯ будан, фаъолиятҳои мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ҳар гуна нишасту бархостҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҳукуматро асабонӣ мекунад.

Тамсими бозгардонидани қисме аз аъзои фирории ин ҳизби мамнӯъ низ, ба гуфтаи таҳлилгарон, маҳз ба хотири кам кардани сафи онҳо аст. Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили сиёсии кишварҳои Осиёи Миёна аз шаҳри Маскав мегӯяд, бозгардонидани бархе собиқ аъзои ҲНИТ ба маъное нест, ки мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар нисбати ин ҳизб тағйир накардааст.

"Ин як усули тарғиботӣ аст ва сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ тағйире наёфтааст. Муносибати ҳукумат ба мухолифин ҳанӯз ҳам дур аз меъёрҳои башардӯстӣ боқӣ мемонад. То замоне, ки ҳукми зиндони аъзои ин ҳизб ва вакилони дифои онҳо бозбинӣ нашаванд, ба кадом як нармише дар муносибати ҳукумат ба мухолифон ман бовар надорам",- хулоса кард Дубнов.

XS
SM
MD
LG