Садҳо корбар чеҳраи худ ва ё дӯстону ашёҳои писандидаашонро ба ҷои он гузоштанду айни он садоро мондаанд. Ин боис шудааст, ки таваҷҷӯҳ ба боғи ҳайвоноти Хуҷанд зиёд гардад ва нигаҳбонони онро ба ин кор дилгарм созад.
Аксари тамошобинон ба дидани як маймуни чаҳорсола ба ин боғ мераванд.
Мадина Давлатова, муассиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд гуфт, гузориши Радиои Озодӣ “таъсири хуб” дошт. “Ҳамон одамоне, ки дар саҳифаҳои фейсбуку Радиои Озодӣ дидаанд, ҳамааш ба хабаргирии маймунчаи мо омаданд. “Канӣ маймунчаи хурдакаке, ки дар боғи шумо ҳаст, чихел аст” гуфта кӯдакони аз синни 6 сола то бобоёни 70 сола ҳам омаданд. Диданд. Мо ҳам ҳаракат карда истодаем, ки дигар намуди ҳайвонҳоро биёрем. Аҳволи маймунчаи мо имрӯз хеле нағз аст,”—гуфт ӯ.
Гузориши Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба “тренд” табдил ёфт ва бо истифода аз он корбарон 200 видеоҳои диданӣ ва хандаовар сохта, садҳо ҳазор бинанда ҳам пайдо кардаанд.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Ҳарчанд дар ин Боғ ҳайвоноти дигар низ ҳастанд, вале аксарият лаҳзаҳои зиёдро дар назди маймуни хурд мегузаронанд ва аҳволашро мепурсанд. Мирзоакмал Саидов, сокини шаҳри Хуҷанд низ яке аз онҳост, ки пас аз дидани ин ҷонвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дидани он омадааст. Ӯ гуфт: “Дар Фейсбук дида будем, ки як маймунак бемор шуда буд ва нисбати он гуфтугӯҳо шуд. Ҳоло омада шоҳид шудем, беҳтару нағз шудааст. Калон шудаст, Худо шифо диҳад. Ҳайвонҳои дигар ҳам инҷо зиёд шудааст. Дафъаи гузашта омада будем, ин қадар зиёд набуд. Мо тарафдори пешравӣ ҳастем. Тарафдори пешравию тараққиёти давлат. Чиқадар, ки одамон ба тамошои ин боғ зиёдтар оянд, албатта ин дастгирӣ ба боғи ҳайвоноти маҳалли худамон мешавад”.
Соли гузашта пахши навори нигоҳдории маймун дар қафаси хурде дар Боғи ҳайвоноти Хуҷанд баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Мадина Давлатова, муассиси боғ он вақт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар сард шудани ҳаво маймун бемор шуд ва бо машварати байтор ҷонварро барои муолиҷа ба қафаси хурд гузаронданд. Бунёдгузори боғ мегӯяд, дар чаҳор сол маймун боре ҳам бемор нашуда буд, вале сармо онро каме нотоб кард. Баъди табобат бузургтар шудааст.
Ин ягона боғи ҷонварон дар ҳудуди вилояти Суғд аст. Моликаш мегӯяд, беш аз 30 навъи ҳайвонро дар тӯли 7 сол ҷамъоварӣ кардааст, вале ба дастгирӣ ниёз дорад.
Мадина Давлатова, муассиси Боғи ҳайвонот гуфт, ҳукумати шаҳри Душанбе омодааст, ки барои онҳо 18 навъи ҷонвар бидиҳад, вале барои ин бояд расман аз номи ҳукумати Хуҷанд муроҷиат шавад.
Бар замми ин Давлатова тасмим дорад, аз Узбекистон ду кенгуру ва як тимсоҳ биёрад. Шароити боғ ҳанӯз ҳам муносиб барои нигаҳдошти на ҳамаи ҳайвонот аст ва масъулонаш орзу доранд, бо кумаки хайрхоҳон ва мақомоти вилоят дар Хуҷанд боғи ҳайвонот бо шароити хуб сохта шавад.
Боғҳои ҷонварон дар Тоҷикистон барои надоштани шароити хуб танқид мешаванд. Аз ҷумла, сокинон пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғи ҳайвоноти Душанберо танқид мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд. Солҳост, ки масъалаи сохтмони як боғи нав бо меъёрҳои замонавӣ дар Душанбе матраҳ аст ва ин мавзуъ дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст. Моҳи июли соли гузашта мақомот гуфтанд, тарҳи ба дигар ҷой кӯчонидани Боғи ҳайвоноти Душанбе омода мешавад.
Гуфтугӯ