Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зоопарк" баста, шеру шутурмурғу мор ба Шаҳринаву Ёвон рафтанд. ВИДЕО


Мадина Давлатова, сокини шаҳри Хуҷанд, се сол пеш дар маркази вилояти Суғд боғи ҳайвонот ташкил кард. Ӯ дар Сирки давлатии Тошканд фаъолият дошт ва ҳангоми бозгашт бо худ чанде аз морҳои питону шеру хирс ва дигар ҷонваронро овард.

Аммо ҷонварони Боғи ҳайвоноти Хуҷанд имсол шароити хуб надоштанд. Барои паси сар кардани сардиҳои зимистон, қисме аз ҷонваронро ба шаҳру ноҳияҳо ба "тамошо" бурданд.

Мадина Давлатова мегӯяд, "боғи мо кор намекард, инҳо ҳама ҳайвонҳои гӯштхӯранд. Маҷбур шудем ҷобаҷо карда, ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ равон кунем. Аввал ба Турсунзода, Шаҳринав баъдан ба вилояти Хатлон бурдем. Ҳамин ҳоло дар ноҳияи Ёвон қарор доранд. Барои тамошо доим дар сафар ҳастанд".

Баъзе аз ҳайвонотро ба ӯ ҳамкорони собиқаш тӯҳфа карданд.

Мадина Давлатова қасд дорад дар Хуҷанд боғи ҳайвоноти дорои шароити беҳтар бунёд кунад. "Худо хоҳад, ҳамин ки "зоопарк" сохта шуд, боз ҷонваронро гардонда меорем", - мегӯяд ӯ.

Ин зани дилбохтаи пешаи худ аз бонк қарз гирифт ва як ҷуфт шеру лама, шутурмурғи амрикоӣ ва ҳайвоноти дигари нодир харид. Умед дорад, ки баъд аз васеъ кардани боғ шароити ҷонварон хуб мешавад ва шумораи тамошобинон зиёд мегардад.

Аксар боғҳои ҷонварон дар Тоҷикистон борҳо барои надоштани шароити беҳтар мавриди интиқоди сокинон қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла, тамошобинон ва сокинони Душанбе пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғи ҳайвоноти пойтахтро интиқод мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд.

Солҳост ҷонваршиносон барои сохтмони як боғи нав бо меъёрҳои замонавӣ дар Душанбе садо баланд мекунанд ва ин мавзуъ дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст.

Барои бунёди боғи нави ҳайвонот ҳукумати шаҳри Душанбе дар канори пойтахт, минтақаи Чорбоғро интихоб кардааст, аммо ҳанӯз маълум нест ин боғ кай ва дар чӣ шакле сохта хоҳад шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Шароити душвори ҷонварони Боғи ҳайвонот дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG