Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона боғи ҳайвонот дар Суғд чӣ вазъ дорад? ВИДЕО


Имрӯзҳо сокинони шаҳраки Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо фарзандони худ ба тамошои ягона боғи ҳайвонот дар ин минтақа мераванд. Боғи ҷонварони шаҳраки Бобоҷон Ғафуров бузург, вале шумораи "сокинонаш" чандон зиёд нест ва ҳудуди 40 ҷонвар ва хазандаву парранда дорад. Вале ягона ҷоест, ки калонсолону кӯдакон метавонанд ҳайвоноти ваҳшӣ, ба мисли шеру хирс, гург ва морҳои бузургро аз наздик бибинанд.

Мунаввара Дадобоева, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамроҳи кӯдаконаш ба тамошои Боғи ҷонварон омадааст, гуфт, "писару духтарчаамро овардам, ки ин ҳайвонҳоро бори аввал мебинанд. Худам ҳам рости гап, бори якум ҳайвонҳои ваҳширо мебинам. Албатта, қаблан аз телевизион медидам, вале аз наздик дидан эҳсоси дигар дорад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ягона боғи ҳайвонот дар Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Ин ягона боғи ҷонварон дар ҳудуди вилояти Суғд аст ва имкони тамошои ҳайвоноти ваҳширо дар шимоли кишвар соҳибкори маҳаллӣ Мадина Давлатова фароҳам кардааст. Ин боғи ҷонварон "Парвоз" ном дорад.

Мадина Давлатова рӯзи 8-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, на ҳама сокинони Суғд имкони сафар ба пойтахт ва тамошои боғи ҳайвонотро доранд ва ба ин хотир хост, ин мушкилро ҳал кунад. Ӯ боғи сайёри ҷонварони худро дар чорбоғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои муваққат ҷо карда, умедвор аст, ҷои доимиву беҳтаре пайдо кунад.

Мадина Давлатова.
Мадина Давлатова.

Давлатова мегӯяд, барои харидани ҷонварон ва таъсиси боғ аз бонк пул қарз гирифт. Вай афзуд, дар баробари ин, дар гирд овардани ҷонварони нодир барояш дӯстону хешон ва дигар дӯстдорони олами вуҳуш ёрӣ кардаанд. "Баъзе ин ҳайвонҳоро аз боғи ҳайвоноти Душанбе, баъзеашро аз Тошканд харидам. Ҳамин ду мори калони "питон"-ро дар рӯзи таваллудам дӯстон аз Тошканд ҳадя карданд. Шери модинаро ба 3.5 ҳазор доллар харидем. Нархи як паланг ҳудуди 5 ҳазор доллар аст",-мегӯяд вай.

Мадина Давлатова қаблан барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи шаҳри Қаршии Узбекистон ба таҳсил рафта буд ва онҷо бо шавҳари ояндааш, ки дар сирки Тошканд кор мекард, шинос шуд, ҳамин тариқ, шиносоиву ишқ ӯро низ ба Тошканд бурд. Ӯ дар канори шавҳараш дар сирки Тошканд ба ҳайси морбоз кор кард. Ва 8 сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло мехоҳад дар ватан пешаи писандидаи худро идома диҳад.

Мадина Давлатова мегӯяд, ҳарчанд ӯ собиқаи кор бо ҷонварони ваҳширо дорад, боз ҳам ба иқдоми нави боз кардани боғи ҷонварон худ бо назари шубҳа менигарист. Вале касоне ҳам пайдо шуданд, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекунанд. Боғи ҳайвоноти хусусӣ бо маблағи тамошои мардум фаъол аст. Нархи билети даромад барои калонсолон 5 ва барои кӯдакон 3 сомонист.

"Ҳозир ниятамон ҳамин, ки шумораи ҳайвонотро зиёд кунем ва боғи ҳайвоноти калон ташкил кунем. Навбати аввал, мо як шери нар хариданӣ ҳастем, ки ин шери мо танҳо набошад. Баъд паланг хариданием. Яъне, пули аз намоиши ҳайвонот бадастовардаамонро ба калонтар кардани он сарф мекунем", - афзуд вай.

Мушкили аслӣ ҳоло надоштани ҷои доимӣ барои ҷонварон аст. Орзуи Мадина Давлатова ҷо додани боғи ҳайвоноти сайёри худ дар чорбоғи Чумчуқ-Арал, ҳоло Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд аст. Онҷо то пош хӯрдани Шӯравӣ як боғи ҳайвоноти хурде бо шеру хирсу товус ва дигар ҳайвоноту парандаҳои диданӣ вуҷуд дошт, ки мардум ба тамошо мерафтанд. Вале дар пайи сахтиҳои солҳои 90-ум он аз байн рафт.

Мадина Давлатова мехоҳад, ки он ҷойро боз ба боғи ҷонварон ва як тамошоҷои мардум табдил диҳад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG