Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлбори кадрии Рӯҳонӣ ҳарду тарафро норозӣ боқӣ гузошт


Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Раисҷумҳури ҷадиди Эрон аз рӯзҳои аввали раёсаташ ин воқеъиятро дарк кардааст, ки бо вуҷуди талошҳои ҷиддӣ дар таъсиси кобинаи нав наметавонад ҳамаро аз худ розӣ боқӣ гузорад.

Иқдоми аввали Ҳасани Рӯҳонӣ дар мақоми раисҷумҳур пешниҳоди рӯйхати аъзои кобинаи нав буд, ки ҳанӯз маросими савгандаш ба поён нарасида, боиси хӯрдагирии гурӯҳҳои сиёсӣ шуд. Нозирони авзоъ дар Эрон мегӯянд, бо он ки Рӯҳонӣ мехоҳад, ба ваъдаҳои замони пеш аз интихоботаш дар мавриди овардани мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи иқтисод ва мудирони босалоҳият содиқ бимонад, вале ҳамзамон талош дорад, ки ҷиноҳҳои сиёсиро низ қонеъ кунад.

Аммо баъзе номҳо дар рӯйхати кобинаи нав, ки Руҳонӣ дар рӯзи маросими савганд эълон кард, танқидҳоеро аз ду тараф - ҳам аз ҷониби тундравҳо ва ҳам аз тарафи мухолифин - ба думбол доштааст.

Тундравҳо аз наздик будани баъзе интихобҳо ба ҷумбиши мухолифин ҳушдор додаанд, дар ҳоле ки мухолифин мегӯянд, Рӯҳонӣ мақомҳои калидиро ба муҳофизакорон додаву аз шахсиятҳои ислоҳталаб сарфи назар кардааст. Ин ки Рӯҳонӣ ҳеҷ занеро ба кобинаи нав шомил накардааст, ваъдаи ӯ дар мавриди таъсиси вазорати вижае дар умури занҳоро зери суол мебарад.

Рӯйхати кобинаи нави Рӯҳонӣ 18 номзад аз чанд ҷиноҳ, аз ҷумла муҳофизакорони суннатӣ, сиёсатмадорони модерн, технократҳо ва мақомҳои собиқи замони раёсати Алиакбар Рафсанҷонӣ ва Муҳаммади Хотамиро дар бар гирифтааст.


Ҷавод Зариф
Ҷавод Зариф
Ба назари нозирон, интихоби Муҳаммад Ҷавод Зариф ба мақоми вазири хориҷӣ аломатест, ки Рӯҳонӣ омодаи музокироти ҷиддӣ бо Ғарб аст. Ҷавод Зариф, таҳсилкардаи Ийолоти Муттаҳида ва аз дипломатҳои боэҳтироми Эрон аст, ки аз кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагӣ кардааст ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар гузашта яке аз иштирокдорони гуфтугӯҳои махфии Вашингтон ва Теҳрон буд.

Интихоби дигари раисҷумҳури нав Бежан Номдор Зангина аст, ки дар аҳди ду раисҷуҳмури гузашта Рафсанҷонӣ ва Хотамӣ вазири энержӣ ва вазири нафт буд ва акнун ба вазорати нафт бармегардад.

Ҳам Ҷавод Зариф ва ҳам Бежан Номдор Зангина ба ҷиноҳи ислоҳотталабҳо наздикӣ доранд. Номзадҳои дигар, аз ҷумла ба мақоми вазири кишвар(умури дохилӣ) Абдулризо Раҳмони Фазлӣ, ба симати вазири фарҳанг Алӣ Ҷаннатӣ ва довталаби курсии вазири адлия Мустафо Пурмуҳаммадӣ аз шарикони ҷиноҳи муҳофизакоранд, ки дар парлумони Эрон нирӯи ағлаб дониста мешавад.


Мустафо Пурмуҳаммадӣ
Мустафо Пурмуҳаммадӣ
Пешбарии Пурмуҳаммадӣ ба мақоми вазири адлия, яке аз курсиҳои калидӣ дар ҳукумати Эрон, ба интиқоди шадиди мухолифон рӯ ба рӯ шудааст. Пурмуҳаммадӣ ба қатли садҳо зиндонии сиёсӣ дар соли 1988, замоне ки ӯ зиндониҳоро аз номи вазорати иттилоот бозпурсӣ мекард, муттаҳам мешавад. Пешбарии Пурмуҳаммадӣ ба ин мақом далелест, ки Рӯҳонӣ барои гузарондани номзадҳо ба вазоратҳои болотар бо муҳофизакорон муомила кардааст.

Нашрияи “Шарқ”, ки марбут ба ислоҳотталабҳост, зери сарлавҳаи “Ҳарду розӣ ва норозӣ” аз вокунишҳои мухталиф ба номзадҳои кобинаи нав гузориш дода, менависад, “ҳузури намояндагони ҷиноҳҳои мухталиф дар кобинаи нав ва имкони вуҷуди назарҳои мухталиф боиси қаноатмандӣ аст”. Аммо аз сӯи дигар, ба навиштаи нашрия, дидани исми номзадҳои номатлуб боиси ноқаноатмандиҳо гардидааст.

“Ислоҳотталабҳо дар кобинаи нав ҳатто 20 дарсад нестанд!” - навиштааст як сокини Теҳрон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Ҳамчунин “Номзади ислоҳотхоҳон Муҳаммад Ризо Ориф куҷост? Занҳо куҷоянд?” – навиштааст як зани дигар дар вокуниш ба кобинаи Рӯҳонӣ.

Аммо интиқоди шадидтар ба баъзе интихобҳои Ҳасани Рӯҳонӣ аз тарафи сардабири рӯзномаи “Кайҳон” садо дод. Ҳусейн Шариатмадорӣ, ки бо амри раҳбари олӣ Алӣ Хоманаӣ ба мақоми сардабири нашрия таъйин шудааст, дар мақолае рӯзи 5 август навишт, ки баъзе номзадҳо дар гузаштаи худ “лакаҳои торик” доранд ва пешбарии онҳо қобили тавҷеҳ нест. Ӯ номзади пешниҳодӣ ба мақоми вазорати нафт Бежан Зангинаро барои созишҳои “харобиовар” ва “шармандавор” танқид кард ва гуфт, “чӣ тавр ин шахс метавонад мавриди эътимод дар як вазорати бисёр муҳим бошад?

Аммо Алӣ Ашрафӣ, таҳлилгари муқими Вашингтон мегӯяд, муҳофизакорон намехоҳанд вазоратҳои калидиро аз даст бидиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, “ин нирӯҳо аз он нигаронанд, ки нафарони наздик ба Рафсанҷонӣ вазоратҳои калидие, мисли вазорати нафт ва захоири табииро таҳти назорат мегиранд. Сипоҳи посдорони инқлоб низ нигарон аст, ки Зангина метавонад тадриҷан онҳоро аз қарордодҳои муҳим ва умуман фаъолиятҳои иқтисодӣ маҳрум кунад. Зангина дар интихоботи соли 2009 аз мушовирони раҳбари ҷумбиши мухолифин Мирҳусайн Мӯсавӣ буд. Тундравҳо ҳамчунин ба Рӯҳонӣ ҳушдор додаанд, ки ашхоси наздик ба “фитнаҷӯён”-ро ба кор нагириад.
XS
SM
MD
LG