Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин тасмимҳои кадрӣ ва дидори Ҳасани Рӯҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ(акс аз president.tj)
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ(акс аз president.tj)

Ҳасанӣ Рӯҳонӣ рӯзи 4 август бо адои савганди расмӣ расман ба давраи чорсолаи раёсаташ бар давлати Эрон оғоз кард.

Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соатҳои аввали вуруд ба Теҳрон бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави Эрон мулоқот кард. Дар ин бора торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин хабар омадааст, дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт ва изҳор дошт, ки дар оянда муносиботи миёни ду кишвар густариши бештар пайдо мекунанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва масоили энергетикӣ таваҷҷуҳ карданд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият доранд.

Ҷонибҳо дар бораи заминаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон сӯҳбат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасан Рӯҳониро барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард. Ҳасан Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфт ва таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 4 август, як рӯз баъд аз таъйиди расмии натиҷаҳои интихобот ва раъйиди раёсати ӯ аз ҷониби раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, расман ба ин курсӣ нишаст.

Ӯ баъди адои савганди рӯйхати аъзои кобинаашро эълон кард. Фиристодаи собиқи Эрон дар СММ Муҳаммадҷавод Зариф ба мақоми вазири хориҷа ва вазири собиқи нафт Бежан Зангина дубора ба ин симат пешбарӣ шуданд.

Расми адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар Теҳрон дар баробари вакилони парлумон ва меҳмонони хориҷӣ аз беш аз 50 кишвар сурат гирифт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар райъси як ҳайъати расмӣ, ки аз ҷумла вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва мушовираш Эркин Раҳматуллоевро дар бар мегирад, субҳи якшанбе ба хотири ширкат дар расми адои савганди Рӯҳонӣ ба Теҳрон рафтааст.

Дар расми адои савганди Рӯҳонӣ ҳамчунин руасои ҷумҳуриҳои Афғонистону, Қазоқистон, Туркманистон ва Покистон, намояндаи аршади Кореяи шимолӣ Ким Ёнг Нам ва раҳбари собиқи идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Хавйер Солана ширкат карданд.


Беҳрӯзи Корунӣ - шореҳи Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, мегӯяд, дар ҳар сурат, давраи раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ аз он чӣ ки Эрон тайи 8 соли раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод таҷриба кард, фарқ хоҳад кард:


Беҳрӯзи Корунӣ: Рӯҳонӣ ба ҳар сурат аз Аҳмадинажод фарқ хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим


Тибқи Қонуни асосии Эрон, таъйиди як рӯз пеши Хоманаӣ ба маънои шурӯъи расмии даврони чорсолаи раёсати Рӯҳонист. Дар ин маросим Хоманаӣ Рӯҳониро аз бари рӯяш ва Рӯҳонӣ “раҳбари муаззам”-ро аз остинаш бӯсид.

Рӯҳонӣ дар суханронии рӯзи шанбеаш гуфт, Эрон бояд аз рафтан аз “масири тунд” худдорӣ карда, пой ба “як роҳи мӯътадил”-е гузорад, ки “пешрафт ва шукуфоӣ”-яшро таъмин кунад. Ӯ гуфт, мардуми Эрон бояд аз соҳоти кишоварзӣ ва саноат самараи бештаре бардоранд, то иқтисоди Эрон ташвиқ шавад.


Рӯҳонӣ(акс аз бойгонӣ)
Рӯҳонӣ(акс аз бойгонӣ)
Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханрониаш ба вазъи имрӯзи зиндагии мардуми Эрон пардохт ва аз ҷумла гуфт: “Ҷомиаи мо дар шароити ҳассосе қарор дорад ва бояд аз ранҷи маишати мардум косту фазои зиндагии ононро гушуд. Бояд ба иқтисод, бахусус ба тавлиди саноатӣ ва кишоварзии кишвар равнақи дигар дод. Давлат бешу пеш аз ҳарчиз дар пайи масоили маишатии мардум ва маҳори осебҳои иҷтимоӣ хоҳад буд.”

Рӯҳонӣ ҳамзамон гуфт, давлат бояд ба манзури арзёбии мавзеъи Эрон дар арасаи байналмилалӣ иқдомоти тозае рӯи даст бигирад: “Дар арсаи равобити байналмилалӣ гомҳои ҷадиде барои иртиқоъи манзалати Эрон бар асоси таъмини манофеъи миллӣ ва рафъи таҳримҳои золимонаи кунунӣ бар хоҳад дошт.”

Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон коҳиш додани таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Ҷумҳурии исломиро ҳадафи ин иқдомҳо номид: “Кишвар ба азми миллӣ барои дур шудан аз ифрот ва ифротигарӣ дар сиёсатгузорӣ ва мудирият ва тамаркуз бар ҳокимияти қонун ва қонунгароӣ ниёз дорад. Гуфтумону барномае ки дар интихобот аз райъи аксарияти ҷомиа бархӯрдор шуд, низ ҳамин буд: Эътидол, таомул, ки сухани муштараки ҳамаи ҷараёнҳо ва нирӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоист., ки ҳам дастовардҳои бузурги инқилоби исломиро пос медоранд, ба талошҳои давлатҳои пас аз инқилоб ҳурмат мениҳанд ва ҳам дағдағаи вазъи хатири кишвар ва костиҳо ва тангноҳои мавҷуд дар шароити кунуниро доранд.”


Хоманаӣ ва Рӯҳонӣ дар зери акси оятуллоҳ Хумайнӣ
Хоманаӣ ва Рӯҳонӣ дар зери акси оятуллоҳ Хумайнӣ
Аммо дар низоми Ҷумҳурии исломӣ ҳарфи аввалро дар сиёсати чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мезанад, на раисиҷумҳур, ки бештар як мақоми иҷроист. Хоманаӣ интихоби Рӯҳонӣ ба мақоми раёсати ҷумҳуриро як паёми ҳокии “садоқат ба инқилоб, умед аз низом ва эътимод ба афроде, ки азми пешрафт ва коҳиши мушкилоти Эронро доранд” номид. Ӯ ҳамчунин гуфт, Рӯҳонӣ бархоста аз ҳавзаҳои қавии рӯҳониест, ки дар муқобили “душманон”истодагарӣ мекунад. Хоманаӣ зери таъбири “душманон” маъмулан кишварҳои Ғарбро дар назар дорад, ки алайҳи Эрон ба далели таъқиби барномаҳои ҳастаияш таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Хоманаӣ дар ин маросим аз ҷумла гуфт: “Ман мехоҳам бигӯям, ки ин фишорҳои душманон дуруст аст ки барои мардум мушкилотеро ба вуҷуд меоварад. Аммо таҷрибаҳои боарзишеро ҳам дар ихтиёри масъулон ва дар ихтиёри мардум мегузорад. Дарси бузурге ки мо аз ин фишорҳои иқтисодӣ дарёфт кардем, ин аст ки бояд ҳарчӣ метавонем ба истеҳкоми сохти дохилии қудрат бипардозем, ҳарчӣ метавонем дар дарун худамонро муқтадир кунем, дил ба берун набандем. Онҳое ки дил ба беруни зарфияти миллати Эрон мебанданд, бо як чунин мушкилоте вақти мувоҷеҳ бишаванд, халъи силоҳ хоҳанд шуд.”

Ҳасани Рӯҳонии 64-сола дар интихоботи рӯзи 14 июн аз байни 6 номзад бо касби 50,7 дарсади оро алакай дар даври аввал раисиҷумҳури Эрон интихоб шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмуди Аҳмадинажодро иваз кард, ки баъди анҷоми ҳарду давраи мумкини чорсолаи раёсаташ канор меравад. Давраи раҳбарии Аҳмадинажод ҳамин тавр, бо эълони пирӯзии ӯ дар интихоботи пурбаҳси соли 2009 ва саркӯбии бераҳмонаи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дар ёдҳо мемонад.
XS
SM
MD
LG