Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳасан Рӯҳонӣ марди амал аст, аммо на "Супермен"


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Яке аз ҳамкорони собиқи Ҳасан Рӯҳонӣ мегӯяд, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон Супермен нест, ки тамоми мушкилоти ҷамъшудаи кишварро дар як шаб ҳал кунад.

Меҳдӣ Маҳдавиозод, журналисти маъруфи эронӣ, то тарки Эрон карданаш дар ду соли пеш, аз ёрони наздики Ҳасан Рӯҳонӣ дар тӯли 5 соли раҳбарии ӯ бар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва ҳам дар Маркази таҳқиқоти стротегии Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом буд. Раҳбарии ин ниҳоди пажӯҳишии зери назари раисиҷумҳури собиқ Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷониро низ раисиҷумҳури ҷадиди Эрон бар ӯҳда дошт.


"Рӯҳонӣ "Супермен" нест, аммо..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим


Меҳдии Маҳдавиозод, ки ҳоло дар Олмон сомонаи интернетии наздик ба ҳалақоти Рӯҳонӣ бо исми “Офтоб”-ро гардон кардааст, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи шахси Ҳасан Рӯҳонӣ ва тағйироте, ки дар аҳди раёсати ӯ метавонад дар сиёсати дохиливу хориҷии Эрон эҷод шавад, сӯҳбат кард.

Меҳдии Маҳдавиозод бо бардоште ки аз 5 соли ҳамкориаш бо Ҳасан Рӯҳонӣ дорад, раисиҷумҳури ҷадиди Эронро як шахсияти рӯҳонии “башиддат прагматик” ба қалам дода, мегӯяд, дар ҳавзаи масоили иҷтимоӣ “бисёр одами боз ва дар воқеъ одамест, ки бисёр наздик аст ба меъёрҳои ғарбӣ.” Вале Маҳдавиозод меафзояд, ки Рӯҳонӣ “дар ҳавзаи масоили сиёсӣ каме бастатар ва муҳофизакоронатар амал мекунад.”


Меҳдии Маҳдавиозод
Меҳдии Маҳдавиозод
Мушовири собиқи Рӯҳонӣ мегӯяд, расонаҳо вақте навиштанд, ки ӯ ба 5 забон мусаллат аст, “каме иғроқ карданд,” вале ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон дастикам ба “3 забони форсиву арабӣ ва англисӣ равон ҳарф мезанад.”

“Бисёр одами зирак аст ва касе наметавонад ба ӯ иттилооти ғалат диҳад. Дар ҳар мавзӯъ худаш мутолиа мекунад ва худаш ҳарфе дорад барои гуфтан. Ва дар масоили амнияти миллӣ ва мудирияти қудрат назарияи худро дорад, ки инро дар байни рӯҳониёни муҳофизакор мо хеле кам мебинем. Назарияи аслии оқои Рӯҳонӣ ин аст, ки рӯҳонияти ҳоким бар Эрон бояд билохира тасмими худашро бигирад, ки мехоҳад бар Эрон ҳукумат кунад ё на? Идеологӣ бошад ё амалгаро? Агар мехоҳад ҳукумат кунад ва амалгаро бошад, ин роҳаш нест. Интиқодҳои хеле ҷиддӣ ба бархе рафторҳои идеологии Ҷумҳурии исломӣ дошт ва дорад,” – мегӯяд Меҳдии Маҳдавиозод.

Як мушкили давлати раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бахусус дар солҳои охир таниши байни ӯву раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд, ки дар низоми Эрон аз қудрат ва нуфузи фавқулоддае бархӯрдор аст. Меҳдии Маҳдавиозод мегӯяд, Ҳасан Рӯҳонӣ бо онки як амалгаро ва моил ба ислоҳот таъриф мешавад, боз ҳам тавонистааст бо Хоманаӣ равобити хубе барқарор кунад, чунки ба гуфтаи ӯ, раҳбари рӯҳонии Эрон мефаҳмад, ки дар байни рӯҳониён “дар арсаи амнияти миллӣ яке аз босаводтарин ва боиттилоътаринҳояш ҳамин Рӯҳонист.”

Ин хабарнигори эронӣ аз ҷумла тайи 20 сол намояндаи Хоманаӣ дар Шӯрои амнияти миллӣ будан ва феълан раҳбарии маркази таҳқиқотии Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низомро бар ӯҳда доштани Рӯҳониро ёдовар шуд ва гуфт, ҳамин тавр, Рӯҳонӣ, алорағми интиқодҳо аз чапу рост, парвандаи ҳастаии Эронро низ ҳамеша зери назари Хоманаӣ пеш мебурд. Ӯ мегӯяд: “Робитаи ин ду робитаи бисёр наздикест. Оятуллоҳ Хоманаӣ оқои Рӯҳониро қабул дорад ҳамчун нафари аз ҳама муталлеъ ва ворид. Аммо оқои Хоманаӣ як зовияи кӯчак бо оқои Рӯҳонӣ дорад ва он ҳам ин аст, ки Хоманаӣ идеологӣ фикр мекунад ва Рӯҳонӣ мутлақан идеологӣ фикр намекунад. Ин зовияи кӯчак мумкин аст, ки мунҷар ба бархе танишҳо бишавад.”

Маҳдавиозод меафзояд, Рӯҳонӣ, ба ҳар сурат, нисбат ба раисиҷумҳурони қаблӣ Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар амри роҳандозии сиёсатҳо ва барномаҳои давлаташ дасти бозтаре хоҳад дошт. Ҳам бо таваҷҷӯҳ бо равобити хубаш бо оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳам бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳам ислоҳталабону ҳам ҳавзаи усулгароёни Қум ва ҳам аҳли бозор ва бархе аз муҳофизакорон аз ӯ дастикам дар марҳалаи кунунӣ пуштибонӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин мусоҳиби Озодӣ, Рӯҳонӣ метавонад Хоманаиро дар бархе маворид ба пазириши воқеъиятҳои байналмилалӣ ҳам водор кунад.


Рӯҳонӣ ва Аҳмадинажод
Рӯҳонӣ ва Аҳмадинажод
Бисёриҳо дар Амрико пирӯзии Рӯҳониро имконе барои беҳбуди равобити даҳсолаҳо боз душманонаи Вошингтон бо Теҳрон мешуморанд. Аммо Меҳдии Маҳдавиозод мегӯяд, онҳое ки гумон доранд, “Рӯҳонӣ дар чанд шаб ё чанд моҳ тамоми масоилро ҳалл мекунад, хеле хушбинона фикр мекунанд.” Ӯ меафзояд: “Моҷарои робитаи Эрону Амрико печидатар аз он ҳарфҳост, ки масалан бо музокироти оқои Рӯҳонӣ бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳалл шавад.”

Аммо Меҳдии Маҳдавиозод аз худи Рӯҳонӣ нақли қавл мекунад, ки гуфтааст, дар марҳалаи аввал, хоҳони афзоиши таниш нест, дар марҳалаи дувум, хоҳони коҳиши таниш аст ва дар марҳалаи севум, хоҳони оддӣ кардани равобит ва беҳбуди таъомулоти Эрон бо ҷаҳони Ғарб аст. Аз ин лиҳоз, Маҳдавиозод рӯи кор омадани давлати Ҳасан Рӯҳониро “як фурсат барои ҳам Ҷумҳурии исломӣ ва ҳам барои ҷомиаи ҷаҳонӣ" ба қалам медиҳад.

Ҳасан Рӯҳонии 64-сола дар интихоботи рӯзи 14 июн аз миёни 6 номзад баранда шуд ва рӯзи 3 август барои 4 соли оянда ҷойгузини Маҳмуди Аҳмадинажод дар курсии раёсатҷумҳурии Эрон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG