Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов - "Подшоҳ", Назарбоев - "Элбошӣ", Раҳмон - "Ҷаноби олӣ"...


Ислом Каримов
Ислом Каримов

Нашрияи узбакии “Туркистон” дар як матлаб Узбакистонро “биҳишти рӯи замин” ва раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримовро “Подшоҳ” номидааст.

Сомонаи мустақили хабарии Uzmetronom, ки баъди чанд рӯзи тавқиф рӯзи 29 июл дубора фаъол шуд, дар баррасии матбуоташ аз ин мақолаи муфассали “Туркистон” бо номи “Агар фирдавс дар рӯи замин аст...” низ иқтибос овардааст. Муаллиф аз ҷумла менависад: “Шукри Худованд, ки ба мо чунин сарзамини зебои биҳиштӣ додааст... Ҳазор шукри Худованд, ки ба мо чунин подшоҳи хирадманду одил додааст! Дар ҳама ҷо ҷангҳо идома доранд, фақру буҳрони иқтисодӣ ҳукмфармост, вале мо бо комёбиҳои худ дар роҳи бунёдкорӣ ҷаҳонро дар ҳайрат меорем. Магар ин қадамҳои устувори кишвари мустақили мо дар 22 соли охир натиҷаи хидматҳои сиёсатмадори хирадманд Ислом Каримов нест?”

Ислом Каримови 79-сола, ки аз соли 1989, инак қариб чоряк аср боз бар Узбакистон ҳукм меронад, ба гуфтаи атррофиёнаш, чунин таърифу болобардориашро хуш надорад ва чандин бор расонаҳои расмиро амр ҳам кардааст, ки аз чунин шеваи таблиғи дастовардҳои ӯву давлаташ худдорӣ кунанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин “хоксорӣ” танҳо дар мазҳари ом намоиш дода мешавад, вале дар асл, тавре мегӯянд, “хушомад ҳатто паёмбарро хуш омадааст.” Ин аст, ки дар Узбакистон, албатта, на ба гунаи Туркманистон ё ҳатто Қазоқистону Тоҷикистон, ҳамеша парастиши шахсияти раҳбари аввал, яъне Ислом Каримов, ҳамеша вуҷуд дошт ва то ҳол идома дорад.

Сомонаи Fergananews аз ҷумла аз ҳафтавори “Истиқлол қуешӣ” иқтибос меорад, ки рӯзи 25 июл вокунишҳои хонандагонаш ба номаи як омӯзгор бо номи “Президенти ман”-ро чоп кардааст. Дар се вокуниши чопшуда як ҷавону як собиқадор ва як деҳқон якдилона аз тавсифҳои ин омӯзгор дар ҳаққи Ислом Каримов, бахусус аз ин ҷумлааш – “Ислом Каримов – президенти абадии ман!” ҷонибдорӣ кардаанд.

Таърифу болобардории раҳбари аввал хоси тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист. Шояд ба истиснои танҳо Қирғизистон, ки баъди суқути ду ҳокимаш тавассути “инқилобҳои рангаӣ” аз ин таҷруба даст кашидааст.


Ҳайкали тилоии Ниёзов дар Ишқобод
Ҳайкали тилоии Ниёзов дар Ишқобод
Дар ин сабқати шахспарастӣ аз президентҳо Туркманистон пештоз аст. Раисиҷумҳури собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов лақаби “Туркманбошӣ” (“Доҳии туркманҳо”)-ро дошт ва шаҳрҳову хиёбонҳову каналҳо ва ҳатто исми рӯзҳои ҳафтаву моҳҳодар ин кишвар ба исми ӯву модараш номгузорӣ шуда, дар пойтахт – Ишқобод – як ҳайкали тилокӯби ӯро гузошта буданд, ки вобаста ба тағйири мавқеъи Офтоб чарх мезад.

Баъди даргузашти Ниёзов дар соли 2007 бисёре аз ин “зиёдаравӣ”-ҳо дар парастиши шахсӣ ӯ “ислоҳ” шуд, вале дар иваз парастиши шахси раҳбари нав Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов оғоз ёфт, ки алакай ба ӯ лақаби “Арқадаг”(“Пуштибон”)-ро додаанд. Вале домана ва вусъати парастиши шахси Бердимуҳаммадов ҳанӯз ба андозае нест, ки дар аҳди Ниёзов буд.


Президенти Туркманистон дар осоишгоҳи "Овоза"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки низ собиқаи 24-солаи раҳбарӣ бар ин кишварро дорад, ду сол пеш қонунан лақаби “Элбошӣ” ё “Доҳӣ”-ро гирифт. Расонаҳои расмии ин кишвар низ дар таблиғи ӯву хидматҳояш хеле пештозанд. Ба ҳадде ки дар ин мавзӯъ як латифа ҳам сохтаанд, ки чунин аст: “Назарбоев субҳ вақте дар оина чеҳраи худро муоина мекард, дар дилаш шубҳае омад, ки оё ин оина бошад ё чун ҳамеша телевизиони “Хабар” чеҳраи ӯро намоиш медиҳад?”


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Тоҷикистон низ раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро зимни сафарҳояш ба навоҳӣ тақрибан мисли як подшоҳ истиқбол мегиранд ва дар таърифу тавсифи ӯ аз вожаҳое, чун “подшоҳ”, “шаҳриёр”, “шоҳаншоҳ”, “Исмоили Сомонии сонӣ”, “наҷотбахши миллат” ва амсоли ин зиёд кор мебаранд. Аммо лақабе ки бештар ба номи Эмомалӣ Раҳмон часпидааст, “Ҷаноби олӣ”-ст.

Чанд сол пеш яке аз мансабдорони наздики ӯ дар ҷаласаи парлумон бақияро дастур медод, ки ба президент бояд расман чунин муроҷиат кунанд: “Ҷаноби олӣ, сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.” Аммо аз ин муроҷиати тӯлонӣ танҳо ибораи “Ҷаноби олӣ” имтиҳони вақтро гузашт ва ҳоло агар дар матбуот ваё дар ҳар маҳфиле ин ибораро ба забон меоранд, ҳама мефаҳмад, ки манзур Эмомалӣ Раҳмон аст.
XS
SM
MD
LG