Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксҳо бо Э. Раҳмонро аз кӯчаҳо мебардоранд


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқия дастур дод, ки "бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум", портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамроҳ бо раисҷумҳур аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳо гирифта шаванд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ имрӯз бо ҳадафи дидани ин аксҳо як сафар ба ноҳияи Ҳисор доштанд. Дар роҳ як акси бузурги 2,5 ба 3 метра дида мешуд, ки дар он муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва раиси ноҳияи Ҳисор дар киштзор истодаанд ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар миёни онҳо истодааст, сӯҳбат доранд. Ин тоблу бар рӯи як сутуни оҳании 4-метра васл шудааст, ки дар масофаи дур ҳам ба чашм менамояд.

Дар пушти ин тоблу як акси дигар, акси раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай бо Эмомалӣ Раҳмон намоён аст. Тақрибан 100 метр дуртар аз он акси бузури раиси ноҳияи Ҳисор бо президент Эмомалӣ Раҳмон истода буд, вале замоне ки мо аз ин ҷода мегузаштем, ин акс баргирифта шуда буд ва танҳо як тахтаи чубӣ аз он боқӣ монда буд. Як сокини ноҳия гуфт, имрӯз се нафар савори як мошин омаданду он аксро бурданд.

Вақте ба самти ноҳияи Рудакӣ меомадем, дар он ҷо низ чанд тоблуе ба чашм мехурд, ки мансабдорони ноҳия ва ҷамоатҳо ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ҳамроҳ акс гирифта ва дар пеши чашми мардум гузоштаанд. Ба сурати умум, ин аксбардориҳо ва тоблуҳо дар зеҳни мардум фикру назарҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст. Бархе ба ин назаранд, ки раисони ноҳия ё мансабдорон ба хотири намоиши садоқати худ ба раисҷумҳур чунин амал мекунанд. Баъзеи дигар мегӯянд, мансабдорони хоҷагиҳо ё идораҳо ба корфармоён мехоҳанд нишон диҳанд, ки онҳо бо раисҷумҳур наздиканд ва қудрат доранд.

Ин аст, ки дар дастури раисҷумҳур омадааст, ҳамчунин, лавҳаю овезаҳои сипосгузорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарон, ки дар ёдгориҳои таърихӣ сабт шудаанд, низ аз байн бурда шавад.

Аз коршиносон пурсидем, ки оё ин иқдоми раисҷумҳур ба коҳиши шахспарастӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад? Дар ҳоле ки раисҷумҳур дар бораи портретҳои алоҳидаи худ дақиқ ишора накардааст.

Раҷаби Мирзо: «Фикр мекунам, ин як иқдоми дуруст аст, ба далели он ки Эмомалӣ Раҳмон ба ақидае расида, ки воқеъан ҳам дар баъзе ҳолатҳо мақомоти маҳаллӣ сӯиистифода мекунанд, яъне гуё бо президент ман наздикӣ дорам. Ва ин раҳбарон як навъ ҳокимҳои маҳаллӣ шудаанд. Хуб мешуд, ки ҳамроҳ бо ин фармон раисҷумҳур як фармони дигар содир мекард дар масъалаи портретҳои алоҳида. Барои он ки ҷомеъа нагӯяд, ки ин фармони раисҷумҳур маънии шахспарастиро дорад. Ва ман фикр мекунам дар баробари ин тақозо як фармон содир мекард, ки портретҳои ӯ беҳудаву баҳуда дар ҳар куҷо овезон нашаванд.»

Қироншоҳи Шариф: «Албатта, ин иқдоми раисҷумҳури Тоҷикистон бори аввал нест, мо ёд дорем, чанд соли пеш ҳам ба таври расмӣ изҳор дошта буд, ки аз ному сурату гуфтаҳои президент сӯиистифода накунанд. Ман аз он метарсам, ки чунин таъкидҳои раисҷумҳур дар давоми 5 соли ахир фаромӯш нашаванд. Он ки аксҳои президент дар утоқҳои кории аз вузаро то мансабдорони хурди давлатӣ овезон ҳастанд, ман фикр намекунам, ки инҳо баёнгари эҳтиромгузории он шахс ба сарвари давлат ё ба давлати Тоҷикистон бошад, балки ин як намуди худнамоӣ мебошад.»

Нуриддин Қаршибоев: «Дар баробари он лавҳаю суратҳо, лавҳаю суратҳои президент низ аз он ҷойҳои намоёне, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон гузошта шудааст, бардошта шавад. Зеро ин чиз метавонад ба шахспарастӣ оварда расонад, ки борҳо дар таърихи тамаддун маҳкум гаштааст. Яъне, ин чиз мусаллам аст, ки албатта бояд раисҷумҳури Тоҷикистонро эҳтиром кард ва эҳтироми худро дар амал бояд нишон дод, на ин ки бо ин намоишкорона гузоштани портретҳои президенту лавҳаҳои ифтихорӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон.»

Ҳамакнун, дар куҷо ва дар чӣ шакл гузоштани акси раисҷумҳури Тоҷикистон бояд нахуст бо Дастгоҳи иҷроияи президент мувофақа шавад.
XS
SM
MD
LG