Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Роҳи раҳбар”-ии Назарбоев ва баҳои 4-у 5 дар рӯзномаи Раҳмон


Дар Қазоқистон аз ҳаёти Назарбоев филми дуввуми ҳунарӣ рӯи навор меояд, ки тасвири суфташуда ва намунавие аз раҳбари кишварро ба намоиш мегузорад.

7 пушти Назарбоев дар пардаи синамо

“- Ҳар як қазоқ бояд номи 7 пушти худро бидонад. Абиш, ба ӯ бифаҳмон!
-Султон, гӯш кун маро ва дар ёд бигир. Пушти ҳафтумат Ҳайдар ном дошт.
-Ҳайдар.
- Баъди Ҳайдар Мирзотой буд.
-Баъди Ҳайдар - Мирзотой.
-Баъд Кенбобо, баъд Едил, баъди ӯ Сапақбой, баъд Назарбой...
-...Ва баъди Назарбой Абиш?
-Бале, ва Худованд аз Абиш туро ба ман дод, тойчаи ман.”

Ин пора аз оғози филми ҳунарии “Қазоқфилм” бо номи “Осмони кӯдакии ман” аст, ки соли гузашта таҳия шуда, якуним соат достони хеле суфташудаи даврони кӯдакиву наврасии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст. Албатта, Назарбоев дар ин филм як кӯдаки хушхулқу боодоб, аз ҳама ҷиҳат намунавӣ, аълохон ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол зоҳир мешавад ва коргардон Рустам Абдрашев гӯё мехоҳад собит бикунад, ки ӯ ҳанӯз аз овони хурдӣ ҳамчун раҳбари ояндаи миллат тарбия мегирифт.

Аммо ин танҳо филми аввал аз силсилаи “Роҳи раҳбар” ё “Роҳи элбошӣ”-ст, ки дар ин шабу рӯз наворбардории қисмҳои баъдиаш - “Кӯҳи оҳан” ва “Дарёи оташ” дар Қазоқистону Украина идома дорад.

Таҳияи ин сегона зоҳиран бахше дигар аз ҳамон маъракаи парастиши шахсияти Назарбоев дар Қазоқистон аст, ки тайи тамоми 23 соли раҳбарии ӯ бар ин кишвари саршор аз нафту газ ва маъодини Осиёи Марказӣ ва ҳамин тавр дар аксари кишварҳои дигари минтақа идома дошту дорад.


Ишқи аввали Нурсултон

Филмҳои дувуму севуми силсилаи “Роҳи раҳбар”-ро дар шаҳри Днепродзержински Украина, ки Нурсултон Назарбоев дар омӯзишгоҳи рақами ҳашташ касби металлургиро омӯхта буд ва ҳам дар нахустин коргоҳи ӯ дар шаҳри Темиртауи Қазоқистон ба навор мегиранд.

Аммо дар як шароите, ки ҳар навъ иттилоъ дар бораи ин филмро сирре сарбамӯҳр кардаанд. “Қазоқфилм” низ аз додани ҳар навъ иттилоъ дар бораи “Кӯҳи оҳан” ё “Дарёи оташ” худдорӣ мекунад.

Як намояндаи ин студия ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте филмро дар Украина ба
акс аз филми "Осмони кӯдакии ман"
акс аз филми "Осмони кӯдакии ман"
навор мегирифтанд, сомонаҳои хориҷӣ дар борааш хабар доданд. Аммо ба мо ҳар навъ сӯҳбат дар бораи ин филмро манъ кардаанд. Шумо ҳатто агар аз коргардон чизе пурсед, ӯ ҳам чизе нахоҳад гуфт, чунки сӯҳбат дар бораи филм манъ шудааст.”

Аммо як нафар аз ҳайъати эҷодии филм бидуни бурдани ном ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, “Роҳи раҳбар” бар пояи хотироти ёру дӯстони давраи ҷавонии президент Назарбоев навишта шуда, матни филмномаро худи ӯ мутолиа ва тасвиб кардааст: “Давоми филм дар бораи аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Украина рафтану кораш дар корхонаи металлургии шаҳри Темуртау ва ҳам достони ишқи аввали ӯст. Дар оянда шояд қисматҳои чоруму панҷум низ рӯи навор биояд. Саҳнаҳои филм дар Украина, Қазоқистон, Маскав ва ҳатто дар Эстония, яъне дар маконҳое наворгирӣ мешаванд, ки Назарбоев дар давраи ҷавониаш сафар кардааст. Ҳадафи мо додани маълумоти бештар ба мардум дар бораи раҳбари миллат аст. Ва ин як достони воқеъист, ягон чизи бофта надорад. Дар филм ҳаёти Назарбоев бе ягон каму кост, ҳамон тавре ки гузаштааст, тасвир мешавад.”

Аммо бисёриҳо бо ишора ба хеле суфта шудани тарҷумаи ҳоли Назарбоев дар қисмати аввали филм ва ба ранги комилан дигар ҷилва додани, барои мисол, мавриди баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил нашудани ӯ мегӯянд, зоҳиран серияҳои баъдӣ низ то расидан ба чашми тамошобин хеле “таҳрир” хоҳанд хӯрд.


Ҳама ба... тамошои “Роҳи раҳбар”!

Журналисти қазоқ Сергей Дуванов арзиши бадеӣ ё бозорӣ доштани “Роҳи раҳбар”-ро зери суол мебарад ва мегӯяд, ҳамон тавре ки давлати Шӯравӣ дар солҳои 1970 бо филми сегона дар бораи Леонид Брежнев карда буд, мардумро шояд ин бор ҳам иҷборан ба тамошои филми Назарбоев бубаранд: “Ин идомаи ҳамон раванди ба осмон баровардани доҳии миллат ё элбошист. Зоҳиран ҳатто як барномаи вижа вуҷуд дорад, ки ба овехтани шиору аксҳои сершумори ӯ дар ҳар куҷо ва ба таърифи пайвастаи ӯ ҳамчун як раҳбари хирадманду одил ва ҳалолкор машғул аст. Чунин бардор-бардори раҳбарон ҳанӯз аз аҳди Шӯравӣ бархоста, як анъанаи хоси ҳокимони мост. Мо ҳама то ҳол бӯи шӯравӣ мекунем,чунки ҳамагӣ аз ҷомаи шӯравӣ баромадаем.“

Дар Ғарб низ таҷрубаи филмбардорӣ аз ҳаёти раҳбарони собиқ зиёд аст, вале одатан рӯзгори он нафароне рӯи пардаи синамо меояд, ки дар воқеъ хидматкардаанд ва он ҳам маъмулан баъди марги онҳо.

Аммо дар Осиёи Марказӣ, ба ақидаи Сергей Дуванов, баъид нест, ки ҳокимони
дигари минтақа ҳам ба пайравӣ аз Назарбоев таҳияи чунин филмҳои ҳунарӣ дар бораи зиндагии худро фармоиш диҳанд: “Онҳо ҳамеша ба якдигар пайравӣ мекунанд ва аз тарафи дигар, шеваҳои гӯл задани омма аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ, тағйири чандоне накардааст. Вале дар ин асри пешрафтҳои фанноварӣ, ки “девори оҳанин” дигар нест ва аз тариқи Интернету моҳвора сели иттилоъ мерезад, чунин филмҳои таблиғотӣ шояд ба ягон қишри ноогоҳе, ки дар ягон овул ё рустои дурдаст ба сар мебарад, то ҳол таъсир дошта бошад. Мардуми шаҳр дигар ба чунин мадҳияҳо фақат бо тамасхур нигоҳ мекунад.”



На ба Путин форид, на ба Туркманбошӣ

Аммо маълум мешавад, “Роҳи роҳбар” нахустин филми ҳунарӣ дар бораи ҳокимони пасошӯравӣ набудааст. Ҳанӯз 9 сол пеш коргардони рус Олга Жулина филми “Поцелуй не для прессы”-ро сохт, ки аксар дар симои қаҳрамони асосии дар ин филм офаридаи Андрей Панин раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро
Акс аз филми "Поцелуй не для прессы"
Акс аз филми "Поцелуй не для прессы"
шинохтанд. Оқибати кор чунин шуд, ки ин филм баногоҳ “ғайб” зад ва ба бозор надаромад.

Ҳамин тавр, дар солҳои 1990 коргардони туркман Мурод Алиев филме дар бораи раҳбари вақти Туркманистон Сафармурод Ниёзов бардошта буд.

Фарид Тухбатуллин, муассиси сомонаи “Хроника Туркменистана” дар Вена мегӯяд, филм ба Ниёзов хуш наомад ва нашрашро манъ карданд ва дар натиҷа, баъди чанде коргардон ҳам маҷбур шуд тарки Туркманистон кунад: “Ин филм аз заминларзаи Ишқобод ва чигуна ятим мондани як кӯдак оғоз мешуд. Достони зиндагии Ниёзов буд, вале ба ӯ маъқул нашуд. Ниёзов шояд мехост, ки ӯро ҳамчун қаҳрамони фавқулодда тасвир кунанд ё чун як фаришта”.


Ба парастиши Каримов кӣ ҷуръат мекунад?

Шахспарастӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мазмуни ба сурати умум ҳамсон дорад, вале дар ҳар кишвар бо шаклу шеваҳои мухталифаш фарқ мекунад.

Дар Ӯзбакистон парастиши раисиҷумҳур Ислом Каримов хеле мӯҳтотона аст. Дар бораи амалкардҳои ӯву давлаташ китобҳои зиёд нашр шудаанд, ҷумлаҳое аз Каримовро овезаву шиор мекунанд, аз ӯ гоҳу ногоҳ ҳамчун "Юртбошӣ", яъне “Доҳии кишвар” ҳам ном мебаранд, ягон барномаи ахбори телевизионҳои давлатӣ низ бидуни тавсифи ӯ нест, вале ҳанӯз ба гузоштани ҳайкали ӯву табдили исми кӯчаву хиёбонҳо ё ягон ноҳия ба номи Каримов ҷуръат накардаанд.


Баҳоҳои 4-у 5 дар рӯзномаи Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон парастиши шахси Эмомалӣ Раҳмон низ бо насби аксҳову овезаҳои сершумори ӯ дар ҷодаҳо, нақши акси ӯ бар рӯи қолинҳо, чопи китобҳои сершумор аз ҷумла дар бораи таърихи тоҷикон, ки гӯё оқои Раҳмон навиштааст, ва ибораи маъруфи “ҷаноби олӣ, сардори давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, ки як муддат зимни муроҷиат ба президент аз куллия тақозо мешуд, ба назар мерасад. Ахбори шабакаи аввали телевизиони тоҷик низ бо як сӯҳбати носеҳонаи Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ мешавад.

Ҳамин тавр, Карим Абдулов дар бораи даврони кӯдакии президент китобе нашр карда, шоир Хайрандеш боифтихор мегуфт, ки дар бораи оқои Раҳмон 54 рубоӣ навиштааст. Зимни истиқбол дар ноҳияҳо кӯдаконро саф кашонда, шеърҳои мадҳиеро мехонанд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба масобаи “подшоҳ”, “шаҳриёри замон” ва амсоли ин ситоиш мекунад.

Дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара, дар чор синфхонаи мактабе, ки Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кардааст, ҳатто як осорхона ҳам сохтаанд, ки аксҳои даврони наврасиву ҷавонӣ ва ҳам дафтару рӯзномаҳои давраи мактабии ӯро ҷамъ овардааст. Хабарнигори Озодӣ Мӯъмини Аҳмадӣ, ки аз ин осорхона дидан кардааст, мегӯяд, рӯзномаҳои Эмомалӣ Раҳмон пур аз 5-у 4 аст, вале ӯ мутмаин нест, ки ин баҳоҳои воқеъии ӯст, ё баъди расиданаш ба мақоми президентӣ “таҳрир” шудааст.


Ҳайкали тилоии Ниёзов

Аммо шахспарастӣ, бавижа дар Туркманистони аҳди Сафармурод Ниёзов ба ифрот расид. Ба ӯ лақаби Туркманбоширо доданд, шаҳри Красноводску канали асосии ин кишвар ва исми кӯчаву хиёбонҳои асосии ҳар шаҳру ноҳия ва ҳатто номи рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро ба номи ӯву модараш гардонданд, дар маркази Ишқобод ҳайкали тилоии Ниёзовро гузоштанд, ки 12 метр қад дошт, китоби “Рӯҳнома”, ки гӯё Ниёзов навиштааст, китоби рӯимизии ҳар мақоми туркман ва як фанни ҳатмӣ дар макотиби миёнаву олӣ шуд...

Баъди даргузашти Ниёзов дар соли 2006 вориси тахти ӯ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов номи пешини рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро барқарор кард ва ҳайкали тилоии Ниёзовро ҳам аз маркази пойтахт ба як канори дуртари Ишқобод кӯчонд. Вале Фарид Тухбатуллин, муассиси сомонаи “Хроника Туркменистана” дар Вена мегӯяд, албатта, ҳанӯз на ба ҳадди Ниёзов, вале парастиши шахси худи Бердимуҳаммадов оғоз ёфтааст.

Оқои Тухбатуллин меафзояд, ба ӯ алакай қонунан лақаби “Арқадаг”-ро додаанд, ки “Пушту паноҳи миллат” тарҷума мешавад: “Ҳанӯз барои ӯ ҳайкал нагузоштаанд, вале истиқбол аз Бердимуҳаммадов дар ноҳияҳо аз нигоҳи шукӯҳ камтар аз даврони Ниёзов нест. Издиҳом мисли як подшоҳ пешвозаш мегирад. Ин бештар бо ибтикори атрофиёни ӯст. Онҳо шояд ба гӯшаш мехонанд, ки ӯ нисбати Ниёзов нафари лоиқтар аст, вале мероси боқимонда аз шахспарастии Ниёзов обрӯи ӯро дар муқоиса бо Ниёзов камранг мекунад. Ва ҳадаф ин аст, ки мардум бештар аз Бердимуҳаммадов ситоиш кунад, то ба ёди хубиҳои даврони Ниёзов биуфтад”.


Тақсири менталитет аст ё табиати низом?

Сергей Дуванов бахусус дар Осиёи Марказӣ чунин авҷ гирифтани парастиши шахси раҳбари аввалро ба менталитети мардумони сокини ин минтақа марбут медонад. Вале Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи мустақили “Озодагон” мегӯяд, шахсиятсозӣ аз ҳокимони вилоятҳои собиқи шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ барои дастгоҳи таблиғотии мероси он низом кор ёфт ва ба чунон ҳадди иғроқ, ки бо пешбарии ин ҳокимон ба Ҷоизаи Нобел ё таърифу тавсифи инки фалон пешниҳоди раҳбари моро СММ пазируфт ва, барои мисол, Соли об эълон кард, ҳокимони маҳаллиро дар зеҳни мардум нафақат ҳамчун як лидери миллӣ, балки ба ҳайси лидерҳои сатҳи байналмилалӣ низ талқин кунанд.

Ба ақидаи Зафари Сӯфӣ, шахспарастӣ бештар аз табиати худкомагии низомҳои ҳоким дар минтақа об мехӯрад, то аз менталитети мардумонаш: “Мутаассифона, давлатҳо вобастаи як нафар шудаанд, яъне тасмими як нафар таъйинкунандаи ҳамаи ҷабҳаҳост. Ва фикр мекунанд, ки нокомиҳои ҳукумат зери сояи ин ҳама сели таблиғот мемонад. Ва бо бузургнамоии шахси раҳбар мехоҳанд амалҳоеро, ки бояд анҷом мешуд, вале нашуд, ё нокомии сиёсатҳои худро рӯпӯш кунанд. Тафовути чандоне нест байни кишварҳои минтақа дар ин масъала, чунки талоши ҳамаашон ба бузургнамоии як шахс аст. Ба ҳар ҳол, ин ба менталитети мардум рабт надорад. Агар медошт, мардум ҳам дар байни худ васфи раҳбарро мекард. Аммо дар асл мардум як чиз мегӯяд ва дастгоҳҳои таблиғотӣ – як чизи комилан дигар.”

Нозирони умур, ҳамин тавр, Қирғизистонро мисол меоранд, ки ба фарқ аз чор кишвари дигари ин қаламрав тавонист бо айни собиқаи таърихӣ ба парастиши шахси раҳбари аввал, ки дар даврони ду раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев кам-кам шакл мегирифт ва таҳмил мешуд, роҳ надиҳад. Аммо аз байн бурдани ин падида ва дар кулл тағйири табиати низоми худкома ба Қирғизистон танҳо баъди ду инқилоби ранга даст дод.
XS
SM
MD
LG