Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони Мирсаидов қарори додгоҳро ба чолиш мекашанд


Рӯзи 18 июл вакилони дифои журналист Хайрулло Мирсаидов ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи кассатсионӣ карда, тақозо намуданд, ки ҳукми 12 соли зиндони раҳбари тими мунтахаби КВН-и Тоҷикистон бозбинӣ шавад.

Ин ариза қарор аст дар сатҳи додгоҳи вилояти Суғд – зинаи баъдии додгоҳӣ баррасӣ шавад. Аризаи бозбинии ҳукми додгоҳи Хуҷанд, ки рӯзи 11 июл содир шуд, дар ҳоле ба додгоҳ ироа шудааст, ки рӯзи 16 июл

Дар шикояти кассатсионии худ, мо аз суди зинаи дуюм бекор кардани ҳукми суди зинаи якум ва қатъ кардани парвандаро дархост кардаем.

хонаводаи Мирсаидовро гуфт, 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурдааст. Дар изҳороти Мирсаидовҳо гуфта шуд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифт ин маблағро пардохт кунад. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот аз зиндон озод мешавад.

"Хайрулло аз ҳукми додгоҳ дар ҳайрат монд"

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъди муҳокимаи беш аз якмоҳа қарор кард, ки журналист ва раҳбари гурӯҳи КВН барои нақзи се моддаи Кодекси ҷиноӣ ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум мешавад. Хайрулло Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд маҳкум ба зиндон шуд.

Ҳабибулло Мирсаидов, падари журналист дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 июл гуфт, ки “ин ҳукм Хайруллоро дар ҳайрат гузошт, чунки ӯ бовар дошт, ки додгоҳ ҳукми одилона содир мекунад”. Вай гуфт, баъди содир шудани ҳукм бо писараш дигар дидор накардааст ва имрӯз вакили дифоъ Бахтиёр Насруллоев бо ӯ дар дохили боздоштгоҳ дидор кард.

Дар ҳамин ҳол вакили дигари дифои Хайруллоев – Дилафрӯз Самадова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи чоршанбе гуфт, ки вакилони дифои Мирсаидов умедворанд, ки баъди пардохти зиёни молӣ ба фоидаи давлат, шонси озод шудани ӯ аз зиндон бештар мешавад. Самадова, аз ҷумла гуфт:

“Ин ҳолат аз тарафи суди зинаи дуюм баҳо дода мешавад. Лекин мо умед дорем, ки пурра талофӣ шудани зарари расонидашуда ва баргардонидани маблағи даъвоӣ барои аз нав дидани ҷазои татбиқшуда ва тантанаи адолати судӣ мусоидат мекунад. Дар шикояти кассатсионии худ, мо аз суди зинаи дуюм бекор кардани ҳукми суди зинаи якум ва қатъ кардани парвандаро дархост кардаем. Каблан дар суди зинаи якум мо сафед шудани Хайрулло Мирсаидовро дархост карда будем”, гуфт Дилафрӯз Самадова.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи Мирсаидов, ҳарчанд пешгӯӣ кардани ҳукми додгоҳи зинаи баъдӣ баъди қарори додгоҳи рӯзи 11 июл душвор аст, ки мавриди интиқоди сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон шуд, вале наздикон бовар доранд, ки шонси бозбинии ҳукм вуҷуд дорад.

Яке аз наздикони Мирсаидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пардохт шудани 124 ҳазор сомонӣ, умедворанд додгоҳи зинаи дуюм нисбати Мирсаидов ҳукмро сабук мекунад. “Умеди мо ин аст, ки баъди бекор шудани ду иттиҳом, аз ҷумла аз рӯи моддаҳои "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ" ва "сохтакории ҳуҷҷатҳо", иттиҳоми "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" аз рӯи Кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад, ки дар озодӣ муҳокима шудани гумонбарро пешбинӣ мекунад”.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳорот дар интернет иддао кард, ки сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ҳукми додгоҳро интиқод карданд. Хабарнигорон мегӯянд, амалкарди мақомот фишор ба хабарнигорон ва кӯшише барои маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Додситонии кулл: парванда мавриди омӯзиш қарор мегирад

Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши изҳороте рӯзи 13 июл гуфт, ки Мирсаидов "аз нияти ғаразнок дидаю дониста, оид ба содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад”.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳама иттиҳомот алайҳи Хайрулло Мирсаидов тасдиқи худро ёфтанд ва бинобар ҳамин ӯ ба 12 сол зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум карда шуд. Айни замон, додситонии кулл гуфт, ки ​ҳоло ин парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор дода ва дар ҳолати "номувофиқ" будани ҷазои таъйиншуда дар нисбати Мирсаидов, метавонад аз болои ҳукми додгоҳ эътироз оварад.

Ҳамин ваъдаи додситонии кулл мавриди истиқболи бархе ҳуқуқшиносону фаъолон шуд. Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шояд баъди ин "омӯзиш" як тағйироте дар парвандаи Мирсаидов ба амал ояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG